понедельник, 16 июля 2012 г.

пятница, 13 июля 2012 г.

Поро фаро гузорам то мазраи саодат!



Меҳре, ки бо ту дорам, ай Соҳиби Ҳидоят,[1]
Поёнтар аз муҳобо, болотар аз муҳаббат.

Бингар, адўи бадхоҳ аз рашк меситезад,
Бо ин намепазирад ҷоҳу ҷалолат офат.

Бар каф асои Мўсо, дар лаб дуои Исо,
Бўйи Муҳаммад овар, моро бикун башорат.

Зоҳир намепарастӣ, холу хатам  чӣ бошад?
Бо фазл мебарозам, з-он пас равам Барозат,

Шебу фароз сад не, бо ту фаро расам то
Поро фаро гузорам то мазраи саодат!


[1]  Шайхурраис Муллобурњонуддини Марѓилонї(асри Х). Асари «Њидоя»-и эшон дар олами Ислом яке аз китобњои мўътабари фиќњ њисоб меёбад. Назар ба гуфтаи уламои дин, «Њидоя»-и шариф аз љумлаи чањор китоби фиќњ бошад, ки чи аз љониби ањли суннат ва чи аз тарафи шиимазњабон баробар эътироф гардида. Дар мањаллаи Дањбеди шањри Риштони Фарѓона, ки дар гузашта яке аз кандњои Марѓилон ба шумор мерафт, мазоре бо номи Соњиби Њидоя вуљуд дорад. Азбаски ин фаќењи бузург дар ин мавзеъ ба коргоњњои  кулоливу чўянгариву дегрезї асос гузоштаанд, гузари Дањбед бо унвони Чинигарон низ ёд мешавад. Мувофиќи ривоятњо, Шайхурраисро њамроњи дусад оилаи муридонашон дар айни камолоти эљодї ба њумоюнгоњ - Самарќанд мекашанд. Мавзее, ки андар он дањбедиёни Риштон бо касби кошикорї машѓул будаанд, ба хотири зодбуми эшон минбаъд Дањбед ном гирифтааст. Мегўянд, марќади Соњиби Њидоя дар Самарќанд аст.


Кӣ сўри бедорӣ дамад?



Ин шеър аз шўри ман аст,
Ин зора аз зўри ман аст.

Поям чу най бибридаанд,
Ин қиссаи дури ман аст.

Ҳақ гуфта ҳаллоҷак равам,
Ин роҳи Мансури ман аст.

Сурнай макаш, ай морбоз,
Ин мор не, мўри ман аст.

Ин дарди бедармони ман
Ҳамроҳ то гўри ман аст.

Аз дарди ман оҳе кашид,
Ин гўр ҳамҷўри ман аст?

Кӣ сўри бедорӣ дамад?
Ҳушёр манзури ман аст…

Шеъри моро куфр хонда муҳтасиб дар дарси ишқ


Ошиқони рўйи Ўро манзили обод нест,
Манзилободе чу мо як лаҳзае дилшод нест.

Ихтиёри хешро бо ҷоншикоре додаем,
Ҷони мо вораставу тарс аз дигар сайёд нест.

Чун биҳишти насяро бо ними ҷав байъ кардаем,
Тарс дар дил баъди ин аз боди буду бод нест.

Шеъри моро куфр хонда муҳтасиб дар дарси ишқ,
Сўҳбаташро чун шунидам, маънӣ дар бунёд нест.

Қудсиёнро гуфтаӣ ту: « Аз муҳаббат бўй нест!»
Ҳуру ғилмонро чӣ гўйӣ, аз Худояш ёд нест?!

Мо, ки дарси Ишқро пеши малак омўхтем,
Дар дили мо шавқу меҳри мактабу устод нест.

Андар уқёнуси маънӣ ғўтавар гардидаем,
Нохудои киштиро аҳволи мо рўшод нест.


Мо нури илоҳӣ ба шаби хоб бидидем,




Эҳдо ба устод Доро Наҷот

Дар хонаи дил ҷой ба ҷуз ёр набошад,
Он ёр вале толиби дидор набошад.

Ин хонаи ишқ аст, ки мо рўҳ навозем,
Ҳам дил бинавозем, дигар кор набошад.

Мо рўй биёрем ба он орази пурнур,
К-он нур падидор ба ағёр набошад.

Мо нури илоҳӣ ба шаби хоб бидидем,
Сад тавба задему раҳи инкор набошад.

Бо сакта сухан гуфтаву шарманда шудам ман,
Дар пеши туям ҳолати гуфтор набошад.

Ҳар шеъри туро пираҳан аз лўълўи лолост,
Марям чӣ кунад, кабки қадаҳхор набошад.,

Аё соқӣ, битарс аз рўзи маҳшар


Худоё, ман ба хобам ё ки бедор?
Бигў, масти аластам ё ки ҳушёр?

Зи ҳар сў қақраи кабки дарӣ аст,
Лаби чашма ману он ёри бедор.

Ҳама масти шароби мардафкан,
Ман аз байте, ки вай хонад зи ашъор.

Зи бас лаълаш шакаррези дарӣ аст,
Шакарреза чинад тўтӣ ба минқор.

Биёву ҳоли мо бо чашми дил бин,
Ту фарқе менаёбӣ аз ману ёр.

Ҳаметарсам дилу динам рабояд,
Ки ҳардуро, Худовандо, нигаҳ дор!

Аё соқӣ, битарс аз рўзи маҳшар,
Дигарбора ба хеш орам, ба ҳуш ор!!!

Сано бар он санавбар бод

Аз ин пас боварам не анбару мушки хитоиро ,
Дилам хоҳад кунам покиза ҳар бўйи хатоеро.

Ҳавас пухтан нашояд дар ҳавасобод, азизи ман,
Чу хокистар ба бодаш афкан ин ишқи ҳавоиро.

Садо кай ояд аз як даст? По мекўбу каф мезан,
Фалак мехон, нигаҳ медор расми ҳамсадоиро.

Баҳо бидҳанд кеши хеш «аъло» пайрави адён,
Барафтад парда, то бидҳам баҳои бебаҳоиро.

Биё, аз сар бадар кун кибриёву кин, бишав ошиқ,
Сифат гардон ба аъмолат ту роҳи кибриёиро.

Сафои чеҳраи ёру санавбар қоматаш гардам,
Сано бар он санавбар бод, бахшидам сафоеро!