Эҳдо ба устод Доро Наҷот
Дар хонаи дил ҷой ба ҷуз ёр набошад,
Он ёр вале толиби дидор набошад.
Ин хонаи ишқ аст, ки мо рўҳ навозем,
Ҳам дил бинавозем, дигар кор
набошад.
Мо рўй биёрем ба он орази пурнур,
К-он нур падидор ба ағёр набошад.
Мо нури илоҳӣ ба шаби хоб бидидем,
Сад тавба задему раҳи инкор набошад.
Бо сакта сухан гуфтаву шарманда
шудам ман,
Дар пеши туям ҳолати гуфтор набошад.
Ҳар шеъри туро пираҳан аз лўълўи
лолост,
Марям чӣ кунад, кабки қадаҳхор
набошад.,
Комментариев нет:
Отправить комментарий