Ошиқони рўйи Ўро манзили обод нест,
Манзилободе чу мо як лаҳзае дилшод
нест.
Ихтиёри хешро бо ҷоншикоре додаем,
Ҷони мо вораставу тарс аз дигар
сайёд нест.
Чун биҳишти насяро бо ними ҷав байъ
кардаем,
Тарс дар дил баъди ин аз боди буду
бод нест.
Шеъри моро куфр хонда муҳтасиб дар
дарси ишқ,
Сўҳбаташро чун шунидам, маънӣ дар
бунёд нест.
Қудсиёнро гуфтаӣ ту: « Аз муҳаббат
бўй нест!»
Ҳуру ғилмонро чӣ гўйӣ, аз Худояш ёд
нест?!
Мо, ки дарси Ишқро пеши малак
омўхтем,
Дар дили мо шавқу меҳри мактабу
устод нест.
Андар уқёнуси маънӣ ғўтавар
гардидаем,
Нохудои киштиро аҳволи мо рўшод
нест.
Комментариев нет:
Отправить комментарий