пятница, 13 июля 2012 г.

Кӣ сўри бедорӣ дамад?



Ин шеър аз шўри ман аст,
Ин зора аз зўри ман аст.

Поям чу най бибридаанд,
Ин қиссаи дури ман аст.

Ҳақ гуфта ҳаллоҷак равам,
Ин роҳи Мансури ман аст.

Сурнай макаш, ай морбоз,
Ин мор не, мўри ман аст.

Ин дарди бедармони ман
Ҳамроҳ то гўри ман аст.

Аз дарди ман оҳе кашид,
Ин гўр ҳамҷўри ман аст?

Кӣ сўри бедорӣ дамад?
Ҳушёр манзури ман аст…

Комментариев нет:

Отправить комментарий