пятница, 13 июля 2012 г.

Поро фаро гузорам то мазраи саодат!



Меҳре, ки бо ту дорам, ай Соҳиби Ҳидоят,[1]
Поёнтар аз муҳобо, болотар аз муҳаббат.

Бингар, адўи бадхоҳ аз рашк меситезад,
Бо ин намепазирад ҷоҳу ҷалолат офат.

Бар каф асои Мўсо, дар лаб дуои Исо,
Бўйи Муҳаммад овар, моро бикун башорат.

Зоҳир намепарастӣ, холу хатам  чӣ бошад?
Бо фазл мебарозам, з-он пас равам Барозат,

Шебу фароз сад не, бо ту фаро расам то
Поро фаро гузорам то мазраи саодат!


[1]  Шайхурраис Муллобурњонуддини Марѓилонї(асри Х). Асари «Њидоя»-и эшон дар олами Ислом яке аз китобњои мўътабари фиќњ њисоб меёбад. Назар ба гуфтаи уламои дин, «Њидоя»-и шариф аз љумлаи чањор китоби фиќњ бошад, ки чи аз љониби ањли суннат ва чи аз тарафи шиимазњабон баробар эътироф гардида. Дар мањаллаи Дањбеди шањри Риштони Фарѓона, ки дар гузашта яке аз кандњои Марѓилон ба шумор мерафт, мазоре бо номи Соњиби Њидоя вуљуд дорад. Азбаски ин фаќењи бузург дар ин мавзеъ ба коргоњњои  кулоливу чўянгариву дегрезї асос гузоштаанд, гузари Дањбед бо унвони Чинигарон низ ёд мешавад. Мувофиќи ривоятњо, Шайхурраисро њамроњи дусад оилаи муридонашон дар айни камолоти эљодї ба њумоюнгоњ - Самарќанд мекашанд. Мавзее, ки андар он дањбедиёни Риштон бо касби кошикорї машѓул будаанд, ба хотири зодбуми эшон минбаъд Дањбед ном гирифтааст. Мегўянд, марќади Соњиби Њидоя дар Самарќанд аст.


Комментариев нет:

Отправить комментарий