понедельник, 16 июля 2012 г.

Вуҷудам изтироб андар ҳиҷоб аст


Чу ҳар рўзам ба сад дарду азоб аст,
Вуҷудам   изтироб андар ҳиҷоб аст.

Ту чеҳри заъфарониро надидӣ?
Ба пушти ғозаву рангу ниқоб аст.


Ба ҳар сўям кашад хонахаробе,
Маро манзил надонад, ки хароб аст.

Яке соҳибдарак дорад, ҳалолаш,
Ду-се унвон, агар ду-се ҳиҷо баст.

Фасод андар фасод андар фасод аст,
Бигў, бадкори дунёро ҷавоб аст?

Чу рўҳи растагорӣ модарам дошт,
Бигуфт: «Озодии зоҳир сароб аст.

Биё, аз нав дигар манзил бисозем,
Ки ҳоло ҳам, бубин, реша дар об аст.

Агар завлона кандӣ, аҳсанат бод,
Чу зан шуд шерзан, айни савоб аст!

Бишав бедору хунатро ба ҷўш ор,
Чӣ суд бошад аз он шере, ки хоб аст?»

Вуҷудам изтироб аст, изтиробам
Барад  сўе, ки роҳи инқилоб аст!

Комментариев нет:

Отправить комментарий