вторник, 26 июня 2012 г.

Ба дастам дастаи сайфи қалам шуд


Ба дастам дастаи сайфи қалам шуд,
Чӣ хуб шуд, садди роҳам сад қалам шуд.

Рақам бар номи ман чун мекашӣ ту?
Ҳунармандӣ ба номи ман рақам шуд!

Макун талқин ба сарафкандагиям,
Самандар зодаи хокистарам шуд.

АНДАР ДИЁРИ ИШҚ


                                                                                         
Нури имон субҳи кишвар мешавад,
Дардро дармон муқаррар мешавад.

суббота, 23 июня 2012 г.

ТАМАННО

ҚИССА                                 
Дафтари аввал
ВАҚТЕ САГ СОҲИБАШРО НАШИНОХТ

Овардаанд, ки дар деҳа як девона буд. Ҳама ба ҳоли он ошуфтаҳол тамасхур мезаданд. Ва аз қазо мардуми он деҳаро саросар бало расиду бо тасодуфе як нафар аз офат бегазанд монд. Акнун мардуми русто ягона шахси солимро бо ангушт нишон дода, ба ҳолаш механдиданд.