вторник, 26 июня 2012 г.

Ба дастам дастаи сайфи қалам шуд


Ба дастам дастаи сайфи қалам шуд,
Чӣ хуб шуд, садди роҳам сад қалам шуд.

Рақам бар номи ман чун мекашӣ ту?
Ҳунармандӣ ба номи ман рақам шуд!

Макун талқин ба сарафкандагиям,
Самандар зодаи хокистарам шуд.


Ҷавонмардон тунукмоя набошанд,
Бигир саҳмияе, вақти карам шуд.

Дигар н-ояд дайи бешабчароғӣ,
Зи ҷўши кори Роғун субҳдам шуд!

Дилам пар-пар занад чун рояти Ишқ,
Ба дасти ман қалам пойи алам шуд!

Комментариев нет:

Отправить комментарий