Илми Сино чун ливо бардоштем,
То Сурайёяш баланд афроштем.
Ифтихори мо Хуросони Бузург,
Ориёаслему Сомон доштем.
Тоҷдорӣ кори саҳлу сода нест,
Тоҷи номусро ба сар бардоштем.
Барда баҳри луқмае будан чаро?
Аз сухан чун хирмане анбоштем.
Паҳн гардад тухми некӣ дар ҷаҳон,
Бад нагуфтему баде нагмоштем.
Сабз гардад донаи уммеди мо,
Чун ба номи поки Яздон коштем.
Комментариев нет:
Отправить комментарий