пятница, 13 июля 2012 г.

Диёри Ишқ


Ман дар ҳаваси диёри Ишқам,
Сарбозаму сар ба дори Ишқам.

Сад ҷўй сиришки ман равон шуд,
Аз Чашмаву чашмасори Ишқам.

Сад таън бизад хирад ба сўям,
К-андар раҳи беқарори Ишқам.

Бин, дирҳами аҳди Доқёнус,
Ман чилланишини ғори Ишқам.

То парда биафтаду расам ман
Бар манзили шаҳсавори Ишқам!

Комментариев нет:

Отправить комментарий