пятница, 13 июля 2012 г.

Як худшиносу яктопарастам!


Ман ошиқи гул, гулпарвар астам,
Бе истиора, гул ҳар ду дастам.

Нашъа барам ман аз накҳати гул,
Дар сумбулистон бебода мастам.

Он майпарасте в-он навпарасте,
Айбам кунад, ки мозипарастам.

Не бандаи кас, не бандаи нафс,
Ҳар банду басте дар худ шикастам.

Аз худ нарафтам, аз худ гузаштам,
Баҳри дилу дин аз банд растам.

Аз рўйи пастӣ дӣ худпарасте,
Гуфто: «Кӣ ҳастӣ?» Бишнав, кӣ ҳастам:

Якрўву якдил, ман як тиҳидаст,
Як худшиносу яктопарастам!

Комментариев нет:

Отправить комментарий