Аз ин пас боварам не анбару мушки
хитоиро ,
Дилам хоҳад кунам покиза ҳар бўйи
хатоеро.
Ҳавас пухтан нашояд дар ҳавасобод,
азизи ман,
Чу хокистар ба бодаш афкан ин ишқи ҳавоиро.
Садо кай ояд аз як даст? По мекўбу
каф мезан,
Фалак мехон, нигаҳ медор расми ҳамсадоиро.
Баҳо бидҳанд кеши хеш «аъло» пайрави
адён,
Барафтад парда, то бидҳам баҳои бебаҳоиро.
Биё, аз сар бадар кун кибриёву кин,
бишав ошиқ,
Сифат гардон ба аъмолат ту роҳи
кибриёиро.
Сафои чеҳраи ёру санавбар қоматаш
гардам,
Сано бар он санавбар бод, бахшидам
сафоеро!
Комментариев нет:
Отправить комментарий