пятница, 13 июля 2012 г.

Аё соқӣ, битарс аз рўзи маҳшар


Худоё, ман ба хобам ё ки бедор?
Бигў, масти аластам ё ки ҳушёр?

Зи ҳар сў қақраи кабки дарӣ аст,
Лаби чашма ману он ёри бедор.

Ҳама масти шароби мардафкан,
Ман аз байте, ки вай хонад зи ашъор.

Зи бас лаълаш шакаррези дарӣ аст,
Шакарреза чинад тўтӣ ба минқор.

Биёву ҳоли мо бо чашми дил бин,
Ту фарқе менаёбӣ аз ману ёр.

Ҳаметарсам дилу динам рабояд,
Ки ҳардуро, Худовандо, нигаҳ дор!

Аё соқӣ, битарс аз рўзи маҳшар,
Дигарбора ба хеш орам, ба ҳуш ор!!!

Комментариев нет:

Отправить комментарий