воскресенье, 17 июня 2012 г.

Ман бонуи фарҳангиам


Ман бонуи фарњангиам, ту аз сиёсатњо магў,
Аз њизбу аз нањзат магў, аз он раёсатњо магў.

Ку наќшаи љуѓрофиё? Наќши табииям биёр,
Наќши сиёсат вогузор, аз пора - ќисматњо магў.

Шуд хушк агар бањри Арал, шуд шўр агар як пора хок,
Гў: «Кишти панба кам бикун, аз он ќазоватњо магў,

Гар сар ба афлокат расад, сар мезанї рўзе ба хок,
Сарсабзињоро ќисса кун, аз он касолатњо магў».

Дар ину он љо пурсиям: «Инљойиї? Онљойиї?»
Сад шукр, ман бељо наям, бар ман ќабоњатњо магў.

Ман як нафар дарёдилам, дарёи дилњо њамбарам,
Аз њамдиливу ишќ гў, аз он љароњатњо магў.

Ин чоргул тоќї маро рамзе зи асли Орёст,
Ман тољбарсар тољикам, аз он љањолатњо магў.

Фарѓонаро фарре манам, Марям манам, Марям манам,
Сўњбат ба мо аз покї кун, њеч аз кароњатњо магў.

1 комментарий: