суббота, 23 июня 2012 г.

ТАМАННО

ҚИССА                                 
Дафтари аввал
ВАҚТЕ САГ СОҲИБАШРО НАШИНОХТ

Овардаанд, ки дар деҳа як девона буд. Ҳама ба ҳоли он ошуфтаҳол тамасхур мезаданд. Ва аз қазо мардуми он деҳаро саросар бало расиду бо тасодуфе як нафар аз офат бегазанд монд. Акнун мардуми русто ягона шахси солимро бо ангушт нишон дода, ба ҳолаш механдиданд.



                                                 ***
          Ўро, ки дар яке аз кўчаҳои шаҳри бедарвоза саланг-саланг мегашт, чанд нафар ба гап гирифтанд. Вай беибо бо онҳо сўҳбат мекард. Аслан, гуфтугўйи онҳо берабту бемақсад буд. Зан бефикру хаёл ба саволи онҳо ҷавоб медод ва ҳамчунин худ чизро мепурсиду ба ҷавобаш интизор намешуд, яъне мусоҳиба мавзўи ягона надошт. Бурданд ўро ба хонае, ки дару девораш шикаставу рехта буд. Не палоси ҳалоле, не анҷоми бемалоле дошт. Рўйи ҷандаҳо шинондандаш. Порае ҳасибу ним сотгин шаробаш дароз карданд. Рўй турш карду бо ишорати даст рад сохт. Ҳамнишинон ўро маҷбур накарданд.
           Бешароб маст аст,- гуфт марди миёнсоле. Ҷавони жўлидамўй ҳиринг-ҳиринг хандид ва ҳама қадаҳҳоро ба сар кашиданду ҳасибу сирпиёзро аввал бўй карда, сонӣ ба даҳон андохтанд. Маст буданд, масттар шуданд. Вале онҳо ҳанўз ин ҳолатро ҳеҷ мешумориданд.
           Бало занад, кошки шароби мардафкан бошад, охир, ҳеҷ хумор намешиканад,- гуфт соҳибхона.
           Мана, марҳамат,- ба зан бепарво ишорат кард жўлидамўй,- бишкан хуморатро.
           Эҳ, даст афшонд якумӣ,- ку ҳавсалаи бевабозӣ, боз кошки сиҳат бошад.
           Кадом соҳиби ақл аз паси ману ту кашола шуда, ба ин ҳелчаи саг меояд. Вақти дунбаи карт хўрдан гузашт, ба шушбирён шукрона бояд,- гуфт марди миёнсол.
           Файласуф, бисёр гап нафурўшу боз якто рез.
          Ва боз садои қул-қули шиша шунида шуд. Зани парешонмўй «пуф-пуф»-кунон даҳону биниашро нимпўш карду рўй аз ҳамдамонаш тофт.
           Бева ноз мекунад,- ҳир-ҳир хандид жўлидамўй.
           Мусиқӣ мон, зиқ нашавад. Хаёлам, рақсу бозиаш мефорад.
          Марди солрафта аз таги кати шикастае, ки ҷойи пояи чорумаш сето хишт гузошта буданд, магнитофонеро кашида баровард.
           Ин қуттии шалақ ҳамсоли ҳамин Метумгул нест?- хандаи безеб кард жўлидамўй.
           Зато, магнитофони бақувват аст «Электроника». Ҷойи садто «сентр»-и хитоия мегирад моли союз, ҳамту не?
           Ҳамту, ҳамту,- дар ҳолате, ки сигор дуд медод, гапҳои якумиро тасдиқ кард «файласуф».
           Чӣ хел замона буд-а…
           Эҳ-ҳе, рабочый класс қадр дошт, қимат дошт. Ҳарчанд ки дар ҳамон давр ҳам ҷойи шиштамон ҳамин катак буд, умед мекардем, ки рўзе давлат хонаи замонавӣ медиҳад.
           Ҳатто, агар хона намедод ҳам, ҳар саҳар рўйи ҳавлӣ мебаромадему аз ҳавоие, ки бўйи тамоку мекард, нафаси чуқур мекашидему хумори шароби шабонаро мешикастем, чӣ хуб буд!- нимшўхиву нимҷиддӣ ҳасрат кард «файласуф».
           Ҳо, ун замона бебозгашт рафт. Аз маҳаллаи «Табачка» ном монду халос. Афсўс…
          Садои мусиқии ҳиндӣ дар фазои дудолуди кулба ба мавҷ омад. Занак аз ҷой хест ва шарфи рангпаридаашро аз гардан гирифту ба камар ҳамоил сохт.
           Ҳа-ту-ба!- баробари овозхон садо дода, ба зарби оҳанг мувофиқ дасту по афшондан гирифт. Дигарон чапак зада  «бале» мегуфтанд. Суръати ҳаракати дасту пойи  зан меафзуд, ҳамзамон нидоҳои таҳсиномез баланд мешуданд. Нигоҳи чашмони девонаавзо маъно ва рақсаш ҷозиба пайдо мекард.
            Мегўм, Метумгул чандсола бошад?- ҷавонмард ба ҳамнишини солхўрдааш суол кард.
           Раққосая як бор таҳқир кардӣ, дам шиштем, ду бор таҳқир кардӣ, гап назадем. Аз худ нарав, гурбаи ошолуд. «Тетумгул» гуфтанат чӣ маънӣ дорад? Ин зан ном дорад, фаҳмидӣ? Номаш – Ҳатуба! Ҳатуба бугўш, фаҳмидӣ? Ҳо, ҷўра, аз худ нарав, ки ин зан фоҳиша не! Ҳатуба як зани ба мисли мо бадбахт, фаҳмидӣ?!
           Ҳатуба? Модараш Ҳатуба  ном кардааст? Аҷиб…
           Туро падару модарат «Жўлидамўй» ном карда буданд? Маро ҳам замоне «Файласуф» не, Абдукарим мегуфтанд. Соҳибхона ҳам номи зебое дошт - Фарҳод. Шояд Ҳатуба ҳам номи дигар дошт. Бирез заҳра.
          Зан беист рақс мекард, нозу адо менамуд. Мусиқӣ аз паси мусиқӣ, арғушт аз паси арғушт… Оқибат соҳибхона якпаҳлу ғелиду сар ба ҷандаҳо монда, хур-хур нафас кашид. Жўлидамўйи сархуш аз Файласуф мепурсид:
          Ҳатуба аввалҳо раққосаи ягон ансамбл буд магар?
           Кӣ гуфт?
           Охир, ин қадар зебо мерақсад.
Не. Ҳатуба сонӣ раққоса шуд. Вай фақат дар базми мо барин бадбахтон мерақсад. Вақти моро хуш мекунад. Барои чӣ, медонӣ? Барои он ки рақси ў ба ғайр аз мо ба ҳеҷ касс даркор нест. Мо ҳам дигар ба ҳеҷ кас даркор нестем. Мо на ҷойи кор дорему на обрўву эътибор. Ҳатуба ҳам ба касе лозим нест. На ба наздиконаш, на ба фарзандаш.
 Чиҳо мегўйӣ, Файласуф? Ҳатуба фарзанд дорад?
 Шояд ҳатто наберадор бошад.
 Наход…
 Чанд солаш медиҳӣ?
 Бист-бисту ду…
 Бигзор, гуфти ту шавад. Ҳатубаи бемисли мо ҳамеша ҷавон бимонад. Барои Ҳатуба менўшем.
Қадаҳҳо боло шуданд.
 Файласуф, май ҳам  тамом шуд,- лабонашро бо остинаш поккунон аз ҷайб даҳсомоние баровард Жўлидамўй, ман мағозаи маҳаллаи шуморо намедонам. Шояд боз як шиша биёрӣ-а?
 Кўча баро, дар ҳар як қадам як дўкони шахсӣ. Ёфтани шароб проблема не.
 Ба ҳар ҳол, маҳаллаи бегона, худат рав. Пул-ку аз ман, ақаллан хизматаш аз ту бошад.
 Хайр, гуфти ту шавад. Лекин раққосая наранҷон. Тартиба вайрон накун, ки ҳамсояҳо шикоят мекунанд.
 Ба кӣ?
 Аксари ин мардум зодаи ҳамин маҳаллаанд. Медонанд чӣ кор карданашона, фаҳмидӣ?
 Хуб-хуб, тезтар рав, гулу сахт мехорад.
Ҷавон дарро аз дарун баст, аз чағбутҳои бадбўй ҷойгаҳ андохт ва камарбандашро суст кард…
 Мадад кунед! Вой дод!!!
Вале он ноҷавонрой аз қасди бад даст намекашид, балки даст ба камари ҷавонзан меандохт.
 Сар те мана! Кистӣ ту? Сар те, мегўям! Ҷаҳон! Ҷаҳон, ёрӣ те! Ҷа-ҳон!!!
Аммо дар ин қария на Ҷаҳон буду на Ҷаҳон ном шахсро ҳатто аз ҳамнишинони ин зани баргаштабахт касе мешинохт. Зан тамоми қувваташро ба ҳам овард ва зарбае миёни пойҳои марде фаровард, ки ўро пахш карда буд.
 Ваҳ, сара хўрдӣ, фоҳиша!
Мардак гўё ҳаппаке[1] буд, ки парида ба кунҷи девор афтод ва ба худ печид. Занак шишаи холиро ба даст гирифт ва осемасар қуфли дарро кушоду худро берун афканд. Дар роҳрав Файласуфро дид, ки дар даст ду шиша шаробу ҳасиб дошт ва калавида-калавида пеш меомад.
 Ҳатуба, чӣ гап?
 Очат Ҳатуба! Аз пеши роҳам дур шав, ки ҳолат бад мешавад!
Файласуф худро ба кунҷи девор кашид ва баъд аз он ки занак дар торикии ҳавлӣ ғайб зад, ғур-ғуркунон худро ба хона расонд.
 Чӣ кор кардӣ?- вай ба ҷойгаҳи рўйи фарш ишора кард.
 …
 Шукр кун, ки накуштааст.
 Девонаи ба кори худ ҳушёр будааст, пок сара мехўрд.
 То ҳол касе ба ў дастдарозӣ накардааст. Гуфта будам-ку, ба вай чақа нашав. Аз худат гиламанд шав акнун. Накуштааст, хуб гапе…

                      ***             ***         ***

«Худоё, дар хоб мондам-чӣ?     Аллакай торикӣ фаромадаст. Ман ҳанўз хўроки шом омода накардаам. Хушдоманам чӣ мегўяд? Айб шуд»,- арўси нав бо ҳамин хаёлҳо аз ҷой хестанӣ шуду… сараш ба тангии лаҳад зад!!! Ва ба даҳшат афтод. «Чӣ гап? Ин манзили тангу тор  чӣ ҷоест?» Ў хост атрофро даст-даст карда бинад. Илоҷе надошт, танаш бо чизе печонида. Хост фарёд занад, мардумро ба имдод хонад, вале манаҳи бастааш имкон намедод. «Худоё, маро зинда ба зинда гўронидаанд-чӣ?»- беихтиёр аз дил гузаронид ва баъд аз ин сахттар ба даҳшат афтод. Охир, ҳис кард, ки  ду нарангушти пойҳояшро ба ҳам бастаанд! Нафас дар гулуяш мепечид, ҳуш аз сараш мерафт, бо вуҷуди ин дар талоши ҷон кафан пора мекарду раҳоӣ аз ин ломакон меҷуст. Фарёди даҳшатборашро фақат худаш мешунид. Дод мегуфту хишти даҳони гўрро меканд, хоки даҳманаро панҷакаш мекард. Оқибат дарди сар ба андозае шиддат гирифт, ки!...
Ин кори душворро чанд муддат давом дод ва кай сўрохие сохту нафаси амиқ кашид, на худаш ва на каси дигар медонад. Чунки касе ҳам шоҳиди ҷонбозиҳои ў набуд ва худаш, ки акнун ақл бохта буд, дигар ҳастиву нестиро сарфаҳм намерафт.
Вақте сар аз гўрхона берун баровард, на хештанро мешинохт, на медонист, ки ин ҷо водии хомўшон аст. Бо вуҷуди ин оҳи сабук кашид. Ў ба мисли гўсолаяке, ки нав ба дунё омадаву аз рўйи ғариза ба пистони модар майл мекунад, калавида-калавида ба роҳ даромад. Ҳис намекард, ки танаш урён аст ва бо ин ҳол байни шоҳроҳ баромадан айб мешавад. Агар вай ақл медошт, баъди он ки ба шоҳроҳ расид, кўчаи самти муқобилро интихоб мекард. Кўчаеро, ки ҳамагӣ чанд рўз пеш қофилаи бахташ дар яке аз ҳавлиҳои он маҳмил кушода буд. Дар он ҳавлӣ азизи дилаш, шоҳи номуродаш, Ҷаҳонаш, ки васли ўро ба ду дунё иваз намекард, маъракаи ғам обод мекунад. Он хона мотамсарост. Вай, агар осемасар намебуд, ҳатман ёди он хонае мекард, ки чодари арўсиашро накандаанд. Ёри дар ҳусну салобат ягонаи давронаш дар хона сарафкандаву ғамгин нишаста, балки ў худ ба кўҳи ғам мубаддал гашта… Бале, агар ў ҳушманд мебуд, кай ёди хонаи падар мекард, ки гуфтаанд: «Дили оча ба бачаву дили бача ба кўча.» Кўи бахти ў дар самти чап аст, на ҷониби рост. Аммо ин вуҷуди девонаавзо ба самти рост тоб хўрду беибо, бериё пеш рафтан гирифт. Агар шаб аз ним нагузаштаву ақаллан пеш аз хуфтан, ё фаразан, дами субҳ мебуд, ў бо ин шаклу шамоил чанд касро талхакаф мекард: танаш урён, мўпарешон… Аммо агар касе, ки ба вуҷуд доштани дев ё албастию парӣ бовар намедошт, ба банди гесуи парешони ин париваш меафтод ва мисли вай ақл мебохту то хонаи падари ў думболагир мешуд.
          Таманно раҳгум назад. Бе ҳеҷ душворӣ хонаеро, ки хуни нофаш рехта буд, ёфт. Кўчаро чароғи хирасўз базўр равшан мекард. Ў дарро тела дод. Кушода нашуд. Зулфини дарро ҷунбонид. Касе садо надод ба ҷуз Чорчашм, ки ба дарвозахона наздик шуда  ду-се аккос зад.
           Чорчашм, ин - ман.
Саг, ки овози шиносро шунид, фўкашро ба таги дарвоза молида овозе баровард, ки ба духтари ин хонадон, ҳамбозии даври кучукиаш фаҳмо буду бас. Лекин аз хона касе намебаромад. Таманно акнун бо хашм дарро кўфт. Чанд тиреза рўшан шуду чароғи хонаи онҳо не. Пардаи тирезаи ҳамсояҳо нимбоз мешуданд, вале касе ҷуръати дарвозакушоӣ намекард. «Рўҳ!- аз дил мегузарониданд онҳо,- рўҳи парешони Таманнои номурод!»

                      ***                     ***                      ***
          Ман аз он кулба мебарояму ба атроф назар меандозам. Аҷаб! Ин чӣ ҷоест? Ҳеҷ ба хотир оварда наметавонам. Куҷоям ман? Тангкўчаи торик ба ваҳм меандозадам. Қадамро кушодтар мемонам, то ки аз ин ломакон берун оям ва ягон манзараи шинос дарёбам. Яке ба ҷўйбораки ифлосе ғеҷида меафтам. Ба бари рўям лойобаи бадбўйе чарахса мекунад. Дилам мешўрад. Домани куртаам ба лой межўлад ва як пойи кафшам дар ҷўйи бадбўй дармемонад. Бо  азобе пойафзолро аз лойдон мебарорам. Мехоҳам онро тоза карда, сари пой гирам. Ин чӣ кафшест? Ба роҳи нисбатан васее тоб мехўрам, ки чароғи хирасўз равшан кардааст. Аз новадони хонае ба ҳаҷми як ангушт шир-шир об мерезад. Дасту рўй мешўям, домани куртаамро тоза кардан мехоҳам. Шигифто! Ман кай чунин курта доштам? Бо диққат ба пироҳани булъаҷаб менигарам. Шармандагӣ! Беихтиёр китфони бараҳнаамро бо ду даст пинҳон мекунам. Оҳ, чунон сарам дард мекунад, ки…
          Бояд ҳар даре, ки рост ояд, бикўбам. Вагарна субҳ медамад… Не. Соҳибхонагон чӣ мегўянд? Худоё, ман ба ин кўча чӣ сон афтодаам? Ба гирду атроф чашм мепартоям ва аз дидани манораи телевизион, ки чароғакҳои бешумор дорад, шод мешавам. Охир, ин ягона чизи шинос аст, ки ба чашмам мерасад! Пас ман ҳоло дар маҳаллаи Кўҳдоман қарор дорам. Ва таваккалӣ роҳ пеш гирифтам. Аввал хостам ба хонаи шавҳарам дароям, лекин андешаи сару танро кардам: бо ин ҳоли табоҳ чӣ сон худро ба Ҷаҳон нишон диҳам? Қарор додам, ки аввал ба хонаи падару модарам медароям. Аслан фаҳмидан мехоҳам, ки ба ман чӣ воқеа рух додааст? Бо ин андеша афтону хезон ба роҳ баромадам. Ин кўча чароғон аст.
          Ба чап равам ё ба рост? Сарам чарх мезанад. Охир, ин кўча ҳам шиносу ҳам ношинос ба назар мерасад. Магар ман сад сол ин ҷо набудам, ки манзара ба ин андоза дигар гаштааст? Иморатҳои баланд-баланд, кушкаку гунбадҳои мунаққаш. Ба  атроф чашм меандозам. «АРАБХОНАИ САРЕЗ,- мехонам катибаи барқии сардевори кадом як биноеро. «АРАБХОНА»? Яъне чӣ? Фаҳмидам, чароғи ҳарфи аввали калима сўхтааст. Ба ёдам зад, ки дар ҷойи ин тарабхона мағозаи ширфурўшие вуҷуд дошт. Магар дар чанд рўз чунин иморати зеборо бунёд кардан мумкин бошад? Ман чӣ мегўям? Чунин бинои яктабақа пеши ҳо он қасрҳои дуву сеқабата чӣ гуфтанӣ гап аст? Дар воқеъ, куҷое ҳам бо ин ном тарабхона вуҷуд дошт. Ҳа, дар кўчаи Садриддини Айнӣ, пеш аз истгоҳи «Оинаи нилгун». Магар ман дар кўчаи Айнӣ қарор дорам? Не-е. Мана, дар сари девори бинои навсохте навиштаҷоте насб кардаанд: «Кўчаи Мирзои Турсунзода». Аҷабо, ман девона нашудаам? Оё бо номи устод кўчае вуҷуд дошт? Оё ман дар кўчаҳои зодгоҳам қадам мезанам?
          Баданам виҷиррос мезанад ва ҳар чӣ бодо бод, ба пеш метозам. Инак, гузаре, ки ба дунё омадаам. Ман ин кўчаро чаро аз хотир бароварам? Агарчӣ манзара асосан дигаргуна метобад, ба ҳар ҳол ин кўчаи мо. Мана, ниҳоят тути балхӣ ба назар мерасад, ки шоху панҷааш ними кўчаро иҳота мекунад. Тобистонҳо ҷойи бозии кўдакон аст соя - салқини тути балхӣ. Ва пас аз чанд хона – ҳавлии мо. Ниҳоят, ман паси дарвоза таваққуф мекунаму… чӣ?.. Ба чашмонам боварам намеояд. Оё ин дарвозаи ҳавлии мост? Дарвозаи оҳанини ҳаворанг ку? Ман ғалат кардам, аз афти кор. На ин дарвозаи чўбини кандакорӣ ва на ин бинои хиштин ба волидайни ман тааллуқ надоранд. Ман ҳамаи инро фиреби назар дониста, чашмонамро бо муштонам молидам. Не, ангора дигар нашуд.
Пас ман куҷо равам? Бо ин ҳоле, ки дорам, дари киро занам? Тарсам, ки девона шавам. Э, вой! Сарам ба дараҷаи кафидан мерасад, пойҳоям мадори ҷунбидан надоранд… 
          Яке сагеро мебинам, ки оҳиста-оҳиста сўям меояд. Чорчашм аст!
          Чорчашм! Баҳ-баҳ!..
          Чашмони Чорчашм дурахшиданд. Саг нигоҳи бегона дошт ва  ба ваҷоҳати ваҳшиёна дандон тез карда, ба аккосзанӣ даромад.
          Чорчашм, ин – ман! Ором шав.
          Вале саг ором намегирифт. Як-як пардаи тирезаҳо нимво мешуданд. Аз ҳар ҳавлӣ овози саг мебаромад, аз ҳар тараф сагу кучукҳое шабеҳи Чорчашм омадан гирифтанд. Ҳама ба ман даҳон гиз кардаву девонавор аккос мезаданд. Аз тарс сурати девор гардида будам. Сагони девона акнун ба домани куртаам дарафтоданд. Ман бо азобе даст ба тугмаи зангўлаи дар бурдам. Сагҳо беист гулу медарониданду дар пора кардани домани ман гўё сабқат доштанд. Ногаҳ дар кушода шуду ҷавонмарди ношиносе сар берун кард.
          Ҳатуба ҳастӣ? Боз омадӣ? Хаёлам, зарбаҳои хўрдаатро фаромўш кардаӣ-а?
          –  Гўш кунед, шумо шояд маро ба ягон каси дигар монанд кардаед. Ман Таманно ном дорам. Ман фарзанди ҳамин хонадон ҳастам.
          Ҳамин хонаи ту?
          Ҳа… не… албатта, хонаи мо дарвозаи оҳанин дошт, рангаш ҳам ҳаворанг буд.
          –  Дав, девона, ба ҳамон хонае рав, ки дарвозаи оҳанини ҳаворанг дошта бошад.
          –  Гўш кунед, хоҳиш, бародар, ба ман мадад кунед. Аз сагҳои девона наҷотам диҳед.
          Ҳисси инсонии ҷавон рў зад, аз афти кор, берун баромаду ба ман ишорат кард, ки ба ақибаш гузарам. Сипас аз камар таппончае гирифту ҷониби сагҳо тире холӣ кард. Гўшам қуфл зад. Аз тарс чашмонамро сахт пўшидаму вуҷудамро дарҳам кашидам.
           Рав, акнун, девона. Дафъ шав, ки мисли ҳамин саг…
          Чашм кушодаму ба даҳшат афтодам. Аз даҳони Чорчашм хун ҷорӣ мешуд. Чор чашмаш баста буд. Сагҳои дигар ғайб задаву пардаи тирезаҳои мардум пўшида буд… Ман аз тарс то ҷон доштам, гурехтам. Акнун дар пой кафш надоштам. Ҳалқам қоқ шуда буд, вале қатрае об намеёфтам. Ҳамин зайл ба кўчаи марказӣ расидам. Бале, ин ҳамон кўчаест, ки номи доҳиро дорад. Шоҳраги пойтахти азизи мост. Инак, бинои донишгоҳе, ки ман таҳсил мекардам. Бо чӣ орзуҳое ба ин даргоҳ қадам гузошта будам. Нияти устоди сухан шудан ба ин маскани илм оварда буд маро. Ҳанўз онро хатм накарда арўс шудам. Ҷаҳон маро розӣ кунонд, ки таҳсилро пас аз як сол давом диҳам. Аз арўсиам ҳеҷ вақте нагузашта бошад ҳам, пазмон шудам донишгоҳи азизамро. Ба ман чӣ воқеа рўй дода, ҳама ҷову ҳама чиз ба чашмам дигаргуна менамояд? Хаёлам, даромадгоҳи донишгоҳ хушрўйтар метобад. Навиштаҷоти кўчаҳо ҳам тоҷикӣ. Аҷабо, ин кинотеатри «Ҳаштуми март» аст? Не-е, хоб мебинам-чӣ? Рў ба боло меравам. Манзара дигар шудан мегирад. Ба пештоқи бинои Маорифи сиёсӣ катибаи нав часпондаанд: «Кохи Ваҳдат». Кох, яъне чӣ? Беихтиёр ба забонам мисраъҳои Ҳакими Тусӣ меоянд:
                Пайафкандам аз назм кохе баланд,
                Ки аз боду борон наёбад газанд.
Пас, ин қасри Ваҳдат аст. Ваҳдат, яъне ягонагӣ, танҳоӣ, яке будан. Эътиқод ба ягонагии Худоро ҳам «Ваҳдат» гўянд. Во аҷабо, чаро натарсида ин иморатро чунин номгузорӣ карда бошанд? Кист говҷигаре, ки аз ҷавобгарӣ наметарсад? Албатта, ба ваҳдат омадан хуб аст. Ваҳдат аз якдамиву ҳамдигарфаҳмии ҷомиа дарак медҳад. Аммо он ҷо… дар кўчаи худамон силоҳбадасте маро аз таги дарвоза ронд. Сагони чорчашм домани пироҳанамро лахт-лахт канданд. Ҳамсояҳо аз дидорам шод нашуданд. Ба рўям парда пўшиданд…

                              ***            ***          ***
Ҷавонзан ба чапу рост менигаристу аз ҳайрат даҳонаш во буд. Ҳеҷ дарк карда наметавонист вазъиятро. Пасу пеш ду сабукрав бо тамғаи хориҷӣ ниҳоят тез аз кўча гузаштанд. «Инҳо чӣ гуна мошин бошанд? Чунон зебо, ки…»- аз дил гузаронид ў. Ва яке пай бурд, ки субҳ сафедӣ мекунад, дар кўча чун ҳамеша занҳои ҷорўбкаш пайдо шудан гирифтанд.
          Зоғ насиба нахўрда, Ҳатуба кўча баромадааст,- гуфт ҷорўбкаше ба ҳамроҳаш.
          «Тамоми шаҳр забон як кардаанд-чӣ? Чаро маро Ҳатуба ном мебаранд?» Бояд зудтар ба хона расам. Мардум маро ба ин ҳоли зор набинанд. Ҳанўз Ҷаҳон аз хоб нахеста бояд тағири либос кунам»,- худ ба худ мегуфт ў ва қадамашро кушодтар мемонд.
Ҳавлиҳои хурд-хурду кулбаҳои назарногири соҳили наҳракро бетағир дида, гўё худро дарёфт Таманно. «Хайрият,- гуфту оҳи сабук кашид,- ана хонаи мо». Вале дари кўча аз дарун занҷир буд. Нахост, ки буду набудашро касе пай барад. Оҳиста аз болои девори пастак гузашт.
          –  Кист?
          Таманно якқад парид. Ва худро паси танўрхона гирифт. Мабодо хусураш бинад.
           Кист мегўям?! – овози Ҷаҳон бошад? Не, овози ў ин хел хаставу дағал нест.
          Марди газгўште сўйи ў омадан гирифт. Кор аз кор гузашта буд. Зан натавонист худро паноҳ кунад. Мард ўро шинохт.
           Таманно?
          Бале.
          –  Ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ?
          Берун баромада будам. Ман ҳозир … либос иваз мекунаму ҳавлиро об зада мерўбам,- ў хост сўйи даҳлез қадам занад.
          Исто!- сахт гуфт мард,- Бирав, тезтар бирав, ки сарамро дар бало мемононӣ.
          Таманно ба чизе сарфа­ҳм намерафт. Яке ба хотир овард, ки қариб нимурён аст. Сабаби сахт гап задани мардро дар ҳамин дид ва илтиҷоомез гуфт:
          –  Ман ҳеҷ айб надорам. Худам ҳам намефаҳмам, ки ин либоси ҷанда аз куҷост. Ман бемаҳал хоб рафтаам. Хоби ғафлат буд, аз афти кор. Хоб дидам, ки маро зинда ба зинда гурондаанд. Мехостам то омадани бибиҷонам хўрок пазам, бо ҳамин мақсад аз ҷой мехестам, ки сарам ба тангии лаҳад зад. Чӣ хоби даҳшатангез буд, хайрият, ки поён ёфт. Муллоамак, шумо овоз баланд накунед. Илтимос… ман оҳиста дарун медарояму то бедор шудани Ҷаҳон худро ба тартиб медарорам. Либоси тоза мепўшаму ҳавлиро об зада мерўбам…
           Таманно, мебинам, ки ту маро намешиносӣ. Гапа бисёр накуну ба ҷойи омадаат бозгард.
          –  Ҷойи ман куҷост? Дар маҳаллаамон сагҳои бисёр ҳамла карданд. Куҷоянд падару модари ман? Он марди силоҳбадаст кист, ки Чорчашмро кушту маро бо таҳдид аз дар ронд? Ин чӣ гап, ки маро касе тан намегирад? Ҳатто саг соҳибашро намешиносад?! Ҷеғ занед Ҷаҳонро! Бигзор, маро нимурён бинад. Магар аҳду паймон чунин буд?!
           Бирав, мегўям!!!
           Ҳеҷ ҷо намеравам. Ман ба ин даргоҳ бо умед қадам гузоштаам. Ҷаҳон, то ин ки дили маро ба даст оварад, қариб девона мешуд. Аз даргоҳи чун падари ман - марди баобрў ба ин паскўча арўс овардан кори осон набуд. Аз Ҷаҳон пурсед, ки вақти ҳар дафъа ноумед баргаштани хостгорон чӣ қадар оби дида мерехт? Ба хотири ашкрезиҳову оҳу нолааш, ба хотири муҳаббаташ ман ба рўям чарм кашидаму худам бо модар ошкоро гуфтугў кардам. Падарам мардӣ карданду дафъаи навбатӣ ба хостгорон ризоият доданд. Муллоамак, номардӣ аз ҷониби шумост. Шумо ману Ҷаҳонро ҷудо кардан мехоҳед?!
          Мард лолу карахт ба Таманно нигоҳ карда меистод. Чӣ ҳам гуфта метавонист? Гапҳои занак ҳама ростанд. Дар ҳақиқат Ҷаҳон дар ишқи Таманно месўхт. Ин духтари дар ҳусн ягонаву гулдасти хона зеби орзуи на як Ҷаҳон, балки сад ҷаҳон буд. Вале дили ў ҳама шефтаву волаҳоро рад карду ба ҳамин бачаи кўҳистонӣ, ки аз ин гузари бенавоён базўр сарпаноҳе ёфта буд, майл намуд. Вагарна волидайни бенавои Ҷаҳон куҷову бо Усмон-нонвойи ургутӣ қудо-андагӣ кардани онҳо куҷо? Аммо ба ин девона чӣ сон фаҳмонидан мумкин бошад, ки …
          Дили мардак ба ҳоли зани нимурён сўхт.
           Биё, худам барам туро ба манзилат. Нағзаш, исто. Ман ҳозир бароят либоси тоза меорам.
          Мардак пас аз лаҳзае як даста либос овард.
          –  Бипўш инҳоро. Ман дуртар меистам.
          Зан зуд тағири либос кард. Куртаву поҷомаи хушдўхт ва рўймоли ҳарир ўро басе зебида буд.
           Рафтем.
          –  Куҷо? Ҷаҳонро ақаллан як бор бинам…
          Ҷаҳон нест. Вай кайҳост, ки ин ҷо нест. Дар ким-куҷо гумроҳу гумном гардидааст. Ўро дигар наҷўй. Фаҳмидӣ, Таманно. Умуман ба роҳи худат рав. Роҳи ҳар яки шумо дигар-дигар аст. Ту падару модаратро ҳам наҷўй. Онҳоро дигар намеёбӣ. Каси рафта кай омадаст, ки онҳо биёяанд? Ҷойи рафтаи онҳо бозгашт надорад. Танҳо ту тавонистӣ, ки баргардӣ, аммо чӣ қимат афтод омадани ту. Агар рафтанат ҳаёти Ҷаҳонро чилчил шикаста бошад, омаданат хонадони бузурги Усмон-нонвойро аз ҳам рехт. Ҳарчанд ки духтарам - буду шудам, меваи ягонаи умрам, мегуфт, маълум шуд, ки падарат меросхўрони зиёд доштааст. То як мижа задан амволи меросиро тика-тика карданд. Буд чунин хонадони бомартаба. Имрўз нест. Модаратро дарди ҷудоии падарат бурд ё дарду доғи ту, кӣ медонад… Аслан, ягон чизи олам доимиву абадӣ нест. Обрўйи падари ту пеши нуфузи як давлати бузург, ки шашяки оламро дар бар мегирифт, ба чени қатрае аз оби уқёнус нест магар? Пас чӣ ҷойи афсўсу надомат аст?
          Ҷавонзан аз гапҳои ин марди парешонфикр чизе намефаҳмид, вале орому ботамкин қадам мезад. Ҳарчанд суханҳои ин мард низоме надоранд, аммо фалсафае ба худ доранд. Таманно кулбаҳои пуршикасту рехти маҳаллоти кўҳдоману назди соҳилро, қасру кушкҳои басе бошукўҳу чароғони гузарҳои марказиро пеши назар меоварду аз гуфтаҳои ҳамраҳаш рабту низоме меёфт. Ниҳоят мардак ўро ба яке аз хобгоҳҳои умумӣ оварду дареро кушод, ки чор девори урён дошт.
           Ин ҷост манзили ту. Даратро, ки қуфл намезанӣ, анҷоми хонаатро ҳамсояҳо мебаранд. Чанд моҳ пеш масҷиди маҳалла як палосу ду кўрпачаат дода буд, ку? Дидӣ, ҳиччӣ намонда бурдаанд. Чизе хўрдан мехоҳӣ?
          Зан ҳис кард, ки сахт гурусна аст.
     ...
          Ҳолӣ барвақт, мағозаҳо сонитар ба кор сар мекунанд. Нағзаш, ту ин пулро гиру пас аз як-ду соат чизе харида хўр. Лекин дигар роҳи хонаи моро фаромўш кун, фаҳмидӣ? Агар гузарам афтад, худам туро хабар мегирам. Худат ҳаргиз нарав. Нарав, ки хонавайрон мешавам.
          Мардак рафт. Ҷавонзан аз тоқчаи тиреза пулҳои мондаи мардакро гирифт. Гирифту ҳайратзада ба он чашм дўхт…


                          ***                    ***                     ***

Ин кулбаяки назарногир ва ин ҳавличаи дар пастхамӣ ҷойгирифта ба чашми арўс чӣ қадар бошукўҳ метофт. Охир, ин хонаи бахти ўст. То ба ин ҳумоюнгоҳ расидан чӣ қадар талош кард духтар. Падар ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешуд, ягона нури дидаашро ба одамоне диҳад, ки беорзуву ҳавас буда, ақаллан аз рўйи ору номус равғани бадан об карда, ҷойи шишташонро ба ифоқа намеоранд. Дунё дигар шудааст, вале ин қабил одамон чор болорро болои чор девор монда, гову гўспандро дар шафаташон ҷой дода, «зиндагӣ» мекунанд. Аҷаб, ҳатто хушашон намеояд, ки мағзобаи ҷомашўйиашонро онсўтар афкананд. ҳамон ҷо мехўранду ҳамон ҷо мехобанд… Вале духтар ба ин ҳукми ноодилонаи падар ризо шуда наметавонист. «Ба падарам фаҳмонед, бийиҷон,- мегуфт ў,- ман ба кулбаи  вай чӣ кор дорам? Муҳим муҳаббати ўст. Дунёи ботини Ҷаҳон рангин аст. Агар мо, ҳар ду, дар зиндагӣ аз як гиребон сар барорем, ин хаскаппаро рўзе ба иморати айвон-кайвондор мубаддал мекунем. Худатон мегуфтед-ку, бийиҷон, то он ки ба васли шумо расанд, падарам кӣ буданд? Ҳезумкаше аз деҳаи дурдасти Самарқанд. Асли падарат аз Камонгарони Ургут. Вай ҳар рўзи якшанбе ба ҳавлии мо як ароба ҳезум меовард. Сонитар ин бачаи дидадаро дастёри падарам шуду касби нонвойӣ омўхт, мегуфтед. Ёдатон меояд, мегуфтед, ки ҳарчанд бобоят Усмонҷонро дўст медоштанд, вақте масъалаи муҳаббати мо, ду ҷавон, ба миён омад, дам шуда монданд. Чунки асли насаби Усмонҷонро дар Самарқанд касе намедонист. Ина бинед, бийиҷон, муҳаббати шумо ғалаба кард. Акнун падарам яке аз шахсони баобрўйи гузари Ургутиёни Душанбе. Ҳамаро якҷо ёфтед: ҳам обрў, ҳам хонаву ҷо. Илтимос, бийиҷон, ба овози қалби ман гўш диҳед. Мадад кунед. Охир, хаёлам, ман бо дигар ягон кас хушбахт буда наметавонам.» Илтиҷову оби дидаи фарзанди ягонааш кора кард магар, ки Хосият-отун шавҳари обрўталошашро ба роҳ андохт. Ў, албатта, гузаштаи шавҳарашро бо таъна  ёдрас нашуд. Балки аз рўйи фаросат ба дили марди хона роҳ ёфт.
           Ин ҷою ҷалол, ин ёфту тофтатон барои кист? Таманноро ба ҷавони дилхоҳаш диҳему нури чашми ягонаамон ду шавад, хуб нест магар? Агар падару модари домодшаванда маҳру қалин дода натавонанд, чӣ ҷойи айб? Одамони орзухоҳ ба як овардаи қудо-анда даҳ илова карда, пеши мардум мебароранд. Худоба шукр, аз рўзе, ки Таманно ба дунё омад, ёфтагема тофтаму туф карда гиреҳ кардам. Духтари ман зори тилову тангаи хусуру хушдоман нест. Он чӣ дорам, аз они Таманно,- модар ба ҳамсараш боумед менигарист.
           Ҳамту-куя, биеш, лекин тарсам, ки аз ман дида худатон зиёдтар шарм карда монед. Ман-ку оши наҳора дар рўйи ҳавлиам дода, аз халқ қарзама меканам-а, боз ин ки мардҳо аз пушти гапу гапча кам мегарданд, убол ба ҷони шумо мушўд[2], ки таги писханду истеҳзои занҳо ҳарҷогард монда, худатона худатон мехўред. Монед, ҳар кас кўрпеша дида пой дароз кунад,- марди хона розӣ намешуд.
           Ман аз чӣ шарм мекунам? Ман духтари Шарофат-отун ҳастам, ки дар Самарқанд барин ҷой ба даҳони занҳои қоидадон банд андохта тавониста буданд,- абрўйи росташро маънидор паронида монд Хосият-отун.
Усмон-нонвойи ургутӣ ба ин ишорати нозуки ҳамсараш зуд сарфаҳм рафт. Бале, дар Самарқанде, ки аз бинои урфу одатҳо хиштеро ноҷо карда нашавад, хушдомани раҳматиаш бо чӣ устокориҳо вазъиятро мувофиқи ҳол гардонида буд. Пас ў аз чӣ истиҳола мекунад?
           Лекин то фарзанддор шуданашон, бигзор, бачаҳо дар хонаи домод зиндагӣ кунанд,- тоқии тусиашро ба даст гирифта сар хорид марди хона.
          - Албатта, албатта. Айб мушўд, ки домодро ба хона орем. Сонитар, вақташ мерасад, ки фарзандону наберагонамон ба ин ҷо кўчанд. То он вақт, Худо – подшоҳ.
          Албатта, Усмон-нонвой пеши ягон ургутиёни Душанбе забонкўтоҳ нашуд. Дар тўли ин қадар солҳо аз хони касе як гард намак чашида бошад, басу барзиёд хўронд – ду рўз пасу пеш зиёфат дод. Аз ин даргоҳ даҳҳо нафар ҷома пўшида рафтанд… Вале ин рўзҳои хурсандӣ дер давом накарданд.

***                         ***                         ***

Ҳанўз чодари арўсии Таманно ноканда буд. Шаҳ дар пеши назари падару модар гўиё аз пайи коре ба кўча баромада мерафту пас аз чанд лаҳза аз ақиб шишаи тирезаяки хонаи арўсро тиқ-тиқ мезад.
           Кист вай?- дурўғакӣ бо ҳарос овоз мебаровард арўс.
          Ман - Қайс,- ҷавоб медод домод. «Лайлӣ» зуд пардаи тирезаро мебардошт ва маҳбуби дили хешро ба хилватгоҳ мекашид. Ин сарпаноҳи пастаки намнок дар назари ҳар ду кошонаи бахт буд. Дирўз онҳо бомаслиҳат донишгоҳ рафта буданд. Таманно ба раёсати донишгоҳ ариза дод. Ин хоҳиши Ҷаҳон буд, ки таҳсилро ба як сол мавқуф гузошта, чанде дар  деҳа хизмати хусуру хушдоманро ба ҷо оварад, бо хешу табор шинос шавад. Бигзор, волидони Ҷаҳон аз чунин арўси нозанини шаҳрие, ки исташ ҳунару меҳрубонист, байни ҳамдеҳиён сарафрозӣ кунанд! Ҳарчанд Таманно медонист, ки ризоият додан ба ин тақозо маънои чанде дур гаштан аз бари Ҷаҳон ҳам ҳаст, аз шахси азизаш наранҷид. «Ҳеҷ гап не, аз як тараф, зодмандони Ҷаҳон ҳам бо як дунё орзу арўс овардаанд. Бигзор, дар пеши мардуми деҳ сарпаст набошанд, аз тарафи дигар, дар ин як сол имкони хондани китобҳоеро меёбам, ки ҷилд-ҷилд ҷамъ овардаам»,- мегуфту худро ором мекард Таманно. Ҳамкурсон ин қарори навхонадоронро намеписандиданд. Вале ҳама ба ин ду дилдодаи васлгашта бо ҳавас менигаристанд. Ҷаҳон, ки то имрўз касе бо чунин сарпойи бокарру фар надида будаш, дар назар шаҳи оддӣ не, шаҳзодаи ҳақиқӣ метофт. Таманно лаҳзае даст аз бозуи шавҳараш намекашид. Ангор, арўс ангуштарии зарину нигини алмосаш Ҷаҳон буд: чунон зебанда, чунон дурахшон!
          Вақти бозгашти онҳо гўё ин кўчаву пасткўчаҳо сур дошт. Занҳо аз сари деворҳо сар кашида менигаристанд, кўдакон пеш-пешашон метохтанд. Ба ҳамсояҳо шаҳмарди ҳумоюнбахт даст пеши бар гирифта салом медод, шаҳбонуи некўхисол, ки кафшу камзулаш, зеҳи поҷомааш, пироҳану сарандозаш ҳама зарину заркўбу зангўладор буданд, нимтаъзим мекард. Вақти гом задан аз пўпаки кокулони дарозаш, аз химчаи қомати ларзонаш наво мерехт, навои зангўлаи бахт.
          Имрўз ҳам Ҷаҳон падару модарашро фирефта ба хона аз тирезаи ақиб даромад. Ҳанўз май аз лабони майгуни ёраш нанўшида буд, ки овози модараш шунида шуд.
Таманно, мешинӣ хонада, берун буро. Сатилда ов мун,ҷомашўйӣ кардан даркорай. Овҷўшонак сари мехнда.
           Зуд биё, ки аз интизорӣ мемурам,- мегуфт Ҷаҳон.
           Таҳаммул кунед, бибиҷонам яке ароз кунанд, - бо нимтабассум ба мисли Хосият-отун абрўи росташро бамаънӣ парониду аз пайи иҷрои супориши хушдоман берун рафт Таманно.
Шаҳи нав бетоқатӣ мекард. Аз азизи дилаш дараке набуд. То даҳ шуморид, наомад. Ҷаҳонро қаҳр меомад, вале аз ҷеғ задан худдорӣ мекард. Охир, ў бо роҳи хуфёна ба ин хилватгоҳ расида буд. Оқибат боз бо ҳамон роҳ кўча баромад. Дар таги дар модарашро дид, ки бо ҳамсоязан сўҳбат дошт.
 Тез омадӣ, бачам?
           Охир, дар хона арўси нав интизор аст!- шўхикунон хандид зани ҳамсоя. Ҷаҳон табассуме карду ҷавобе надода вориди ҳавлӣ гардид. Пас аз чанд сония наъраи ў шунида шуд:
           Оча!!! Таманно мурд!!!
Дар як лаҳза ҳавлӣ ба мотамкада табдил ёфт. Арўсро шиддати баланди барқ тамом карда буд…
Касе ба димоғи Таманно оина медошт, кадоме нафаси сунъӣ медод, лекин натиҷае ҳосил намешуд. Духтуре, ки даъват карда буданд, зуд хулоса баровард: аз шиддати баланди барқ дил кафидааст.

 Арўси охират, балам! Сарқути мурдаҳо, балам! Ҳам духтару ҳам писарам! Чува падару модари ғарибата бекас кардӣ? Мо ба дили ту нигоҳ карда будем, ту чува ба дили мо нигоҳ накардӣ? Тўйхоная ғамхона кардӣ, балам! Во духтари хурсандия бардошта натавонистагем!!!
Модар нола мекарду ашк мерехт. Аммо Усмон-нонвои асобадаст сарафканда буду лол. Магар ў ба марги духтари  ҳанўз баҳори бистуми умрро надидааш намесўхт? Магар вай ғам намехўрд? Чӣ хел ғам намехўрд? Ғам мехўрд ўро. Ҳеҷ кас қобили дарки дарди ин марди сарафканда набуд. Гўшаш қуфл зада буду нолаи завҷаашро намешунид, гўиё дунё кару гунг гаштаву ҳастӣ ба торикистони нестӣ фурў рафта буд…
Яке ба худ омад, ки нафаре ба дасташ сўзандору мезаду дигаре бодбизан меафшонид. Пайкори маҳалла мегуфт:
 Тезтар мурдаро омода кунем, ки қабр тайёр. Дер накарда масҷид барем. Раҳматӣ аз пешнамози ин рўзи саид  бебаҳра намонад. Чӣ марги зебое, дар рўзи одина…
Занҳо бо сарварии бибиотун давра гирифта садр мерафтанд. Садои форами отун басе дарднок буд:
                  
                        Э, бор Худойи пуриноят!
                       Покиза карими бениҳоят!
                       Моем, ки бандагони осӣ,
                      Талбандаи пўзишему шафқат!...
         
          Ва бад аз хондани ҳар байт издиҳоми занон ба отун ҳамовоз мешуданд:

                             Гўрашона пурнуркунӣ, Илоҳо!
                             Рўҳашона шод гардонӣ, Илоҳо!

                           ***                 ***                ***

Бегоҳӣ сари дастархон домулло аз гўру қиёмат сўҳбат мекард. Ҳозирин гоҳо ба домулло аз ину он масъалае, ки дар назар басе ночиз метофт, савол медоданд. Яке мепурсид:
 Барои чӣ қабри занро нисбат ба қабри мард чуқуртар мекобанд? Рост аст, ки бори гуноҳи занҳо аз мардҳо дида вазнинтар аст?
 Бачам, шунидаӣ, ки шармандаи ин дунёву он дунё накунад, мегўянд? Ҳимоят кардани шаъну шарафи бонувон ба дўши мост. Барои он гўри занро чуқур мекобем, ки ҳатто ҷисми беҷони онҳо ба ину он дастрас набошад. Нашунидаӣ, гоҳо хабар паҳн мешавад, ки дар фалон ҷо мурдаеро сагҳо аз қабр берун кашидаанд?
 Домулло, барои чӣ рухсат нест, ки мард ҷасади зани худашро ба лаҳад гузорад?
 Зеро бо баромадани рўҳ аз колбад дигар зан ба шавҳару мард ба зани хеш бегона мешаванд. Яъне, никоҳашон бурида шуд, гуфтан гиред. Занро танҳо оне ба қабр мемонад, ки миёни онҳо никоҳ раво набошад, ба мисли тағо, амак, бародар…
 Ва агар марҳума тағову додар барин наздикон надошта бошад?...
 Мурдаи як муслима рўйи хок мемонад магар? Ба мисли воқеаи ҳаминрўза, аз рўйи зарурат, ягон хеши мардинааш ва ҳатто бегонае дар байни мардум майитро хоҳари қиёматӣ мехонаду ҷасадро ба манзили охираташ мегузорад.
Усмон-нонво оҳиста ҷониби Ҷаҳон чашм партофт. Чашмҳо ба ҳам хўрданд, лекин хусур аз нигоҳи домодаш чизеро пай набурд. «Магар ў дигар домоди ман нест? «Ман писарвор дар хизмати шумо будан мехоҳам»,- гуфта буд Ҷаҳон рўзи никоҳ. Бо даргузашти Таманно дигар Ҷаҳон ҳам ба хонадони ман қаробате надорад? Ҳамин тавр? Аз рўйи мантиқ домулло ҳамин хел ҳукм мекунад. Тавба… Ҷаҳон ҳолиё дар дил чӣ эҳсос дошта бошад?»
Ҳамин лаҳза дар рўйи ҳавлӣ ҳамсояи Усмон-нонво намоён шуд. Ў бо имо марди ғамзадаро берун мехонд:
 Амак , як лаҳза берун бароед.
Ҳамсоя ўро ба хамгашти кўча бурд.
 Гап занед, охир, чӣ гап шудааст?
 Худатонро ба даст гиред, муллоамак. Агар натарсед, мегўям.
 Аз чӣ тарсам? Хонаамро дузд задааст? Касе оташ андохтааст? Чӣ парво дорам?... Ба ман дигар чизе лозим нест. Молу сарватро чӣ кунам?
 Амак…
 Монед, ҳамсоя, маро таскин надиҳед. Ин дардест, бедармон, ғамест, бепоён. Ғами ҳафт акаву апеш як тараф шуду дарди  Таманно як тараф. Балки ин дарде, ки аз Таманно гирифтам, вазнинтар аз дарди онҳо шуд.  Ҳафт нафари онҳо яке ҳанўз «дада»-гўяк нашуда, дигаре ҳанўз лабханде накарда, чорумӣ ҳанўз шеваи роҳгардӣ наомўхта, панҷумӣ мактабравак нашуда аз олам рафтанд. Таманно ҷойи ҳамаи онҳоро гўё пур карда буд. Ўро бо ноз парваридам, духтарам не, писарам гуфтам. Дар охири умр ба чӣ ҳол афтодам? Дастам ба ош нарасида, аз биндем[3] хун омад. Ҳанўз домодро наталбида…
 Муллоамак, тасаввур кунед, ки Таманноятон намурдааст. Куҷое меҳмонӣ рафта буду омадааст. Ҳозир дар хона интизори шумост.
 Чиҳо мегўед, ҳамсоя, бо хобу хаёл худро таскин дода мушўд, магар?
 Муллоамак, дар олам чӣ мўъҷизаҳое, ки рўх медиҳанд. Ба қудрати Парвардигор шак овардан нашояд.
Усмон-нонво ба чашмони ҳамсояаш зеҳн монд. Чиҳо мегўяд ў? Шўхӣ мекунад магар? Наход, ҳозир мавриди ҳазлу мазоқ бошад?
Муллоамак, шумо-ку соҳиби дилу гурдаи қавӣ ҳастед. Рости гап, тамоми гузар – талхакаф. Яке ўро рўҳ гумон кунад, дигаре намедонад, ки бовар кунад, ё не. Лекин дилам гувоҳӣ медиҳад, ки … мегўям, саросема Таманноро гўр карда будаанд-чӣ? Вай омад.
А?!
 Натарсед, мулло…
 Чӣ гапро хойида шиштаед? Аз аввал пўсткандаи гапро гўед, намушӯд? Шаф-шаф мукунед! Рафтем!!!
Мошин гўё мепарид.
Падар ҷигаргўшаашро дар холи табоҳ дарёфт: бараҳнатан, мўпарешон, беақлу ҳуш… Бо вуҷуди он ба андозае хурсанд гашт, ки худро идора карда наметавонист. Пардаи тирезаҳо пўшида шуданду аз дарвозаҳо ҳамсояҳо як-як баромадан гирифтанд. Усмон-нонво ҷомаи танашро кашида, ба китфони Таманно печонид ва ўро ба оғўш гирифт. Духтар ҳам ба мисли тифли нозпарвар сар ба китфони падар гузошт. Падар мегиристу духтар механдид. Дар аввал касе пай набурд, ки хандаҳои тифлонаи Таманно бесабаб нест. Ин нишонаи осемасарист…

                            ***                ***                ***
Аллакай субҳ дамидаву офтоб аз паси гунбаду чортоқҳои манзили бойбачагони навбаромад нури зарҳалӣ меафканд. Шаҳр бедор мешуду садои дарёчаи Душанберо фурў мебурд. Мард оҳиста-оҳиста аз кўчаҳои обод гузашта, ба хамгаште тоб хўрд. Ин ҳамон ҷинкўчаи ноободи шиносест, ки замоне корвони сабукравҳои ороста базўр ворид шуда, ба яке аз кулбаҳои он Таманнои саодатмандро оварда буданд. Ҳамон даргоҳи номуборак аст, ки аз он арўси нозро савори тахти равонаш ҷониби қабристони Сариосиё бурда буданд.
Чӣ хушрўй буд омад-омади арўс: дар иҳотаи дўсту ёрон шаҳу арўсро се бор гирди гулхани бахт гардониданд. Ин оини суғдиёни қадим аз ҷониби ургутиён сахт риоя мешуд, ки тарафи домод натавонистанд зиддият нишон диҳанд. «Чӣ оини зебост», аз дил мегузаронид шаҳи ҳумоюнбахт. Вале ин иқбол кўтаҳумр буд…
Пас аз ҳафтае ғамхона шуд ин кулбаву ин ҳавлӣ. Чӣ ҳузнангез шино мекард тахти равони Таманно. Ин тахти равон набуд, балки киштии шикастаи бахт рўйи амвоҷ буд, тахтапорае буд андар тўфони балоангези тақдир. Ҷаҳон аз паси тобут нолакунон мерафт, рўйпўши тобут ҳамон чодири махмали алвоние буд, ки ҳамагӣ чанд рўз пеш зери он ба шаҳу арўс оина нишон додаву бо шаҳд ширинкомашон карда буданд. Он рўйҷойи духобаи алвонӣ бодбони барафкандаи киштии шикастаро мемонд…
Ҷаҳон ба ҳавлӣ даромаду ба як кунҷаки кат нишаст. «Чӣ номардие кардам ман,- ба дил мегуфт ў,- ба озмоиши тақдир тоб наовардам. Духтурон гуфта буданд, ки ҳуши ў бебозгашт аз сар парида. Илоҷи табобаташ нест. Ба гапи падару модар ва ҳамдеҳагон гўш додам. Гапи муллоро дастак карда гирифтам. Гуфтам, ки ў мурдаву мо дигар ба ҳамдигар раво нестем. «Чун гўшаш ҷаноза шунид, пас ба ҳукми мурда аст»,- гуфтани домулло маро аз масъулият озод мекард гўё. Модарам мегуфт: «Вай арўси бепою қадам буромад. Мнда, ачаи хдутда, бовар надорӣ? Агар пою қадамуш муборак мебуд, ай гўр хеста омада, бувоша талхакаф карда мекушт?» Ман  бо маслиҳати наздиконам, ҳанўз чили падарашро надода, пой аз он хонадон кандам ва ба дари ҳавлиам қуфл андохта, ба зодгоҳам роҳ пеш гирифтам. Албатта, то дер вақт ором намеёфтам. Паси гўшам овози имдодхоҳонаи Таманно мерасид: «Ҷаҳон! Ҷаҳони ман!!!» Оҳиста-оҳиста ором гирифтам. Оқибат ба гуфти калонтарҳо розӣ шудам, ки аз «миллати худамон»[4] зан гирам. Аҷаб, ки зиндагии бешодиву сурури мо зуд-зуд бор меовард ва мо соҳиби духтару писарҳо мешудем.
Шабе хоб дидам. Чӣ хоби пурдаҳшате буд… Дар тарабхонае Таманнои нимбараҳна овозхонӣ мекард. Ў таҳти мусиқии ҳиндие суруд мехонду рақс мекард. Ҷавонони айёшу тарабхоҳ ба пеши пояш гул мерехтанду ба синабандаш пул мехалонданд. Орият кардам. Сахт орам омаду байни давра зада даромадам ва аз дасти Таманно гирифта берун кашидан хостам. Аммо… ў бегонанигоҳ метофт. Маро писанд намекард ва бо нозу ишва даст сўйи ҳаводоронаш дароз карда «Ҳатуба!» мегуфт, ҷавонони масту айёш, ки ҳама тугмаи куртаҳоро кушода буданду девонаавзо метофтанд, дар ҷавоб мегуфтанд: «Ҳату- ба!»

                     ***                      ***                          ***
          Даври таътили мактаббачаҳо оғоз ёфт. Ҷаҳон зану фарзандонашро ба кулбаи шаҳриаш овард. Рўзе онҳоро ба тамошои шаҳр баровард. Дар майдончаи чорбоғи шаҳр мардум давра гирифта буданду зане, ки мисли ҳиндувон дар ҷабин холе ниҳода буд, суруд мехонду арғушт мерафт. Зану фарзандони Ҷаҳон бо «Ҳай, тез бош»-у «Тез дав»-гўйиҳо, ки хоси мардуми рустост, ҷониби давра шитофтанд. Ҷаҳон ҳам аз паси онҳо ба давра наздик омад ва гўё ўро ҷараёни барқ зада бошад, карахт шуд.
           Ай ноширгит, зан нашида бимир, ними миёну банди синаша либ-лич карда меҷунбона-е,- ҳамсараш бари рўймолро газида, зани арғуштиро мазаммат мекард.
           Мегўм, мардак, шаҳрнда на дин мундаю на диёнат. Бубин,  зани калуни ката да байни мардум чиқа нозу адо мекна. И падару модар надошта боша? Шў надошта боша? Калонтарош баъд мемунан, ки и шармнда да қади кўю кўча ҷунбон-ҷунбон букна?
          Сару рўйи Ҷаҳонро арақи хунук пахш кард.
           Ку, бачаҳо, рафтем.
           Нав омадем, чида тез меравем?
           Аловгирӣ омадем, ки тез бармегардем? Бачаҳо ба чархофалак савор шаван, охир,- занак гапи фарзандонро қувват медод.
           Мегўм, тез рафтем!!!- ранги рўйи Ҷаҳон сап-сафед шуда буд. Аҳли байташ ба ў итоат оварданд.

          «Таманно, чӣ қадар духтари шармгин будӣ. Дуруст аст, ки дар байтбарак миёни донишҷўён аз ту пешгомтаре ёфт намешуд. Аммо надида будам, ки боре ҳам миёни ҳамкурсон рақс карда бошӣ, суруде хонда бошӣ. Вақти ҳашари пахтачинӣ рафтанамон ба ёдат ҳаст? Ҳо, донишҷўёни соли аввал будем. Одатан ҳар бегоҳ дар толори варзишии мактаб, ки хобгоҳи мо буд, маҳфили рақсу бозӣ ташкил меёфт. Духтарон зораву тавалло мекарданд, ки ақаллан боре миёни давра бароиву даст бардорӣ. Сар меафшондиву халос. «Дар умрам арғушт нарафтаам»,- мегуфтӣ ту. Ба ман ҳамин шарми табиии ту маъқул буд. «Кӣ мегўяд, ки Таманно духтари шаҳрист. Мегўйӣ, нав аз деҳаи дурдасте ба марказ омадаву ҷавонони тарабхоҳро ҳаргиз надида бошад»,- мегуфтанд шарикдарсон. Кам набуданд ҳавасмандони ту, лекин ҷуръати пеши ту аз муҳаббат сухан кушоданро кӣ дошт? Ҳатто донишҷўе аз курси чорум, ки гирандаи стипендияи ленинӣ буду ангуштнамои донишгоҳ, ба ту меҳрубонӣ мекарду дар ҷавоб беэътиноӣ медид. Табиист, ки барои ман висоли ту орзуе буду бас. Орзуи дастнорас. Бале, он айём ман чунин меҳисобидам. Вале… афсонае шуд муносибати ману ту миёни мардум. Афсонае, ки ҳосили мўъҷиза бошад. Ва шояд мўъҷизае рух доду ишқи мо оғоз ёфт. Ва ҳама лолу ҳайрон монданд: ҳам ҳамкурсон, ҳам устодон, ҳам ҳаводорони ту ва пеш аз ҳама он «патриот» аз курси болоӣ. Чӣ мўъҷизае рух дода буд? Балки ҳеҷ мўъҷизае набуд. Ишқи мо ҳамту ноаён рух зад ва ин муҳаббати инсонӣ, аз чӣ бошад, ки бисёриҳоро лолу мот сохт.
          Ёдам меояд, ки он «патриот» бо писханд гуфта буд: «Дар афсонае ишқи як шаҳзода ба ғук афтода буд. Чӣ аҷаб, агар маликаи хубони мо гирифтор қишлоқии фислуқе шуда бошад. Тарсам, ки рустоибача ба қадри муҳаббати духтари шаҳрӣ нарасад. Охир, аз нигоҳи мардуми деҳот, духтарони шаҳр ҳама беҷогарду нопоканд.»
Таманно, ту он рўз аз дастам сахт доштӣ ва нагузоштӣ, ки бо он бадзабон даст ба гиребон шавам. Ту бо овози паст, вале қатъӣ гуфтӣ: «Ҷаҳон, муҳимаш, ман медонам, ки ту соҳиби дилу нияти пок ҳастӣ. Ба сафсатафурўшии он бедаҳон эътибор надеҳ. Намебинӣ, ки аламаш меояд? Агар ту маро ҳурмат кунӣ, бо сухан не, бо рафторат ҷавоби ўро гардон.»
Воқеан, ман аз бисёр ҷиҳат миёни ҳамдарсон «қишлоқӣ» будам: дар либоспўшӣ, шояд дар шишту хест, дар муносибат… Пас ту чаро маро интихоб кардӣ? Кош ту медонистӣ, оне, ки ба хайси шаҳи рўзгор пазируфтияш, ноҷавонмарде буда. Бале, ноҷавонмарде буда, ки дар аввалин имтиҳони зиндагӣ аз баҳрат гузашт.
Имтиҳон? Чӣ озмоиши сахте кард тақдир… Чӣ санҷиши гўшношуниди қисмат иттифоқ уфтод маро. Чун дар таҷрибаи аввал худро бохтам, имтиҳони сахттаре аз пеш омад. Озмоиш пайи озмоиш, санҷиш пайи санҷиш… Ва аз он ҳама сахтиҳо ҳеҷ ғолиб наомадам. Шояд дуои Хосият-отуни самарқандӣ гирифт, ки ў мегуфт:
           Писарам, бале, писарам, ман шуморо домод не, фарзанд хондаам. Ин бадбахтӣ дар насибаи мову шумо будааст. Бардошт кунед. Хуб нест, ки дар аввалин сахтии ҳаёт аз ҳамсари дўстдоштаатон рўй гардонед. Ману хусуратон заҳри рўзгорро кам начашида будем. То он ки Таманно рўй дунё шавад, ҳафт фарзандро ба хоки хунук супоридем. Дар даври ҷанги ҷаҳон ба бисёриҳо аз фронт хати сиёҳ меомад. Вале талхии чунин сиёҳрўзиро ман дар шаҳри худамон мечашидам. Дар як моҳ се ниҳоли сарсабзи умрам хазон шуд. Фарзандонам чашм ба роҳи мактуби сегўшаи падар пасу пеш аз дунё даргузаштанд. Кош моҳе бемор мешуданду бемордорӣ мекардам. Не, ҳамагӣ шабе тасф мекарданду обу хуришашон канда мешуд. Баъди ҷанг боз чанд меваи норасидаи дарахти умри маро дасти аҷал рабуд. Вақте Таманно ба дунё омад, ман ҳеҷ хурсандӣ накардам. Охир, ман дигар аз хурсандӣ кардан ҳам метарсидам. Аз ин ҳол қаҳри марди калон омад: «Шукр кунед, отун, шукр кунеду шодмонӣ намоед. Шояд умри акаву апаҳояшро Худо ба ҳамин диҳад. Шояд, ки ба орзуву ҳавасамон ҳамин расонад. Бо нияти нек номашро Таманно мегузорем. Ҳа, отун, хурсандӣ кунед.»
          Шукр, Худо ноумед накард, Таманнои дили мо бе дарду азоб ба воя расид. Ҳарчанд ки орзумандонаш таги дарамонро охурча мекарданд, мо ба дили духтари ягонаамон нигоҳ кардем. Мана, насиб будааст, якдигарро хуш кардед. Рўзи муродатонро дидем.
          Писарам, шумо-ку медонед, Таманно девонаи модарзод нест. Ин таъсири тарсу ваҳм будагист. Наход, ки ҳушаш ба сар назанад. Ман аз Худои муқтадир умед дорам. Ба муллою табиб нишон диҳем, қасида хононем, чилёсину ҳазорёсин хононем, иншооллоҳ сиҳат мешавад…
          Ман хушдоманамро, ки  бо насиҳатхониҳо майнаамро мехўрд, рўйхуш намедодам. Охир, духтурони машҳур мегуфтанд, ки дарди Таманно илоҷнопазир аст. Вале чанде мегузашту Хосият-отун боз пайдо мешуд. Дафъаи охирин ў хабар овард: «Шиками Таманно аллакай дамидааст, Худо хоҳад, фарзанддор мешавед.» Ҳуш аз сарам парид.
           Чӣ!!! Дар девонахона ҳомила шидай? Одами сиҳат ба девона наздик намешава. Албатта, ягон сарзада катӣ хуфту хез кардагист. Пеши мн шодиёнагирӣ наёмада, духтурнда муроҷиат мекардӣ, падари навасата ёфта медод!- арбада бардошт модарам.
          Хушдоманам бо умед ба сўям нигариста, мехост, чизе гўяд.
Хезед, дафъ шавед аз назарам!- беихтиёр ба дастгирии модарам бархостам ман.
Хосият-отуни рангпарида бо тамкину ором аз ҷой хест. Ба рўйи ҳавлӣ баромаду рўй ҷониби қибла гардонида гуфт:
 Ҳаволаатон ба Худо. Аз дасти ман чизе намеояд. Дигар чӣ гўям? Ба Худо андохтам…
Ва якто-якто қадамзанон бадар рафт. Падарам бо қаноатмандӣ ба зулфини дар занҷир андохт.

               ***                         ***                       ***
          «Оби рехтаро ҷамъ овардан нашавад. Хатоҳое ҳам ҳастанд, ки илоҷи ислоҳашон нест. Агар мо сари вақт андеша кунем, шояд об ба регзор нарезад, хатое содир нагардад. Таманно ҳанўз ба оина назар накардааст, шояд надонад, ки ў дигар наварўси нуздаҳ - бистсола нест, балки аз миёни рўзҳои арўсии ваю ин айём қариб бист сол гузаштааст. Дуруст аст, ки умри гузаро ба қаду қомат ва тарҳи рўйи ин ҷавонзан чандон асар накардааст. Девонаро ба хобу хўр чӣ кор бошад? Моем, ки ҳамеша ғами шикамро мехўрем, ғам мехўрем, ки либоси хуб надорем, соҳиби манзили муносибе нашудем. Ба зисту зиндагии дигарон рашк мебарем… Орӣ аз рашку ҳасад зистан, ба касе қасди бад надоштан, дар ғами шикаму зершикам набудан чӣ зиндагии зебост! Ба ҳоли худхоҳону гурусначашмон  хандидан чӣ кайфияте дорад! Ҳарчанд ки Таманно девона буд, шояд бо фармони зершуур ва ё аз рўйи савқи табиӣ, ҳалол зист, носерамию ҳайвонтабиатии эшонро масхара кард, шаҳватпарастонро лаби ҷўй ташна бурда, ташна овард. Ба манфурон писханд зад, мардумро ба шодию тараб хост. Магар ў хушбахт набуд? Аз ин рў, дар дами чилсолагӣ пўсташ пуртароват, нигоҳаш ҷавон, дилаш қавӣ монд. Ин буд, ки шавҳари беаҳду паймони худро нашинохт. Ҳеҷ ба сар ғунҷонида натавонист, ки ин марди газгўшту пажмурдарўй ҳамсараш бошад. Ин марди сарсафеду рўсиёҳ замоне Таманноро рўйи бозувони рустамонааш медошт. Оҳ, агар ин мард қудрати тоқат медошт, тавони сабру таҳаммул мекард, имтиҳони зиндагиро мегузашт…»- ин фиғони виҷдони Ҷаҳон буд.
          Ҷаҳон Таманноро дар ҳуҷраяки хобгоҳи бепалосе бо чанд сомониву чанд дирам танҳо гузошта рафта буд, ки ту, хонандаи азиз, огаҳӣ дорӣ. Медонам, аз ҳоли Таманнои гумном хабар ёфтан мехоҳӣ. Не, дўсти гиромӣ, маро бубахш, ки дигар ангуштонам ба қалами баён намепечад. Дилам заъф мекашад. Ҳолати рўҳияи қаҳрамони хешро, ки нав ба ҳуш омадааст, пеши назар меораму дилам дард мекунад. Каме тафреҳ мехоҳам. Бигзор, Таманно ба чеҳраи қаҳрамонони миллат, ки дар пулҳои сомонӣ тасвир ёфтаанд, чанди дигар бо ҳайрат нигарад, сипас, аз рўйи таърихи барориши пулҳо дарёбад, ки вақт басе гузаштааст. Ҳайрону лол ба кўча барояд. Бигзор, аз дасти рўзномафурўшони кўчагӣ, ки мислашонро то имрўз надида буд, ҷаридае харад… ва андак-андак аз воқеият огаҳӣ ёбад. Вале ў шояд ҳеҷ гоҳ хабар наёбад, ки бо номи Умед писаре дораду ақрабои дураш ба зодгоҳи бобоёнаш – Ургути замоне барои мо машҳуру ҳоло номаълум, бурдаанд. Гумон аст, ки модари нагунбахт ба мулки бобоён роҳ ёбад, зеро миёни ўву ақрабояш кайҳост, ки зимомдорони ҷудоихоҳ симхор кашидаанд. Он сарҳадди минкоришудаи маргзоро гузаштан чӣ қадар даву тозу коғазбозиҳо мехоҳад. Ва ҳол он ки ин нозанини мо барои ҳама ба ҳукми мурда аст, чуноне ки замоне Ҷаҳонаш ҳамин фатвои домуллоро дастак карда буд.
          Воқеан, Таманно дигарбора ба кулбаи ноободи Ҷаҳон нахоҳад рафт. Вай аз рўйи фаросат дарёфтааст, ки ин кулба дигар хонаи бахташ нест. Ў Ҷаҳонро ҳаргиз наҷўяд, гапчинӣ накунад. Ва ҳеҷ гоҳ надонад, ки Ҷаҳони ў дар солҳои пурошўб ба чӣ балоҳое гирифтор шуда: хонаву дараш сўхта, зану фарзандонаш қурбон гаштаву хоҳари ягонааш бадному гумном шудааст. Ва ў баъд аз чӣ сарсониҳое боз дари сарпаноҳи шаҳриашро боз кардааст. Ва аз кўча… бале, аз кўча ҷавонзани гумкардараҳеро ба хона оварда, никоҳ бастааст.
          Ва агар, хонандаи гиромӣ, ту Таманноро дар чорсўйи зиндагӣ сарсон дарёбӣ, ҳаргиз ба ҳолаш маханд, ононеро, ки ўро «Ҳатуба» гуфта масхара мекунанд, ба кўчаи инсоф бикаш. Ба хотири ман Таманноро роҳ нишон бидеҳ. Шояд ўро бовар кунонӣ, ки ин дарҳамбарҳамиҳо ҳама гузарандаанд. Рузе мерасад, ки қадри одам аз ҳар чиз боло мешавад. Бегумон, ту, хонандаи азиз,  пай бурдаӣ, ман қаҳрамони хешро чунон дўст медорам, чунон дўст медорам, ки!... Охир, бо ў ҳамроҳу ҳамроз будам, балки вай дар вуҷуди ман зист! Мо ҳамдигарро мефаҳмидем. Чун дар тасвир гоҳо қалам каҷ мерафт, худи қаҳрамонам хомаи таҳрир мекашид, хоми маро пухта мегардонид. Шояд баъди чанд рўз ё баъди чанд сол ман боз ба ҷустуҷўйи Таманнои хеш бароям. Худо мегўям, ки ў то он вақт комилан ба худ ояд, ба дасти ноодаме наафтад. Паноҳаш ба Худо!

                                                            10 августи соли 2005



                          Дафтари дуюм

               САРГАРАНГ ДАР ЧОРСЎЙИ ЗИНДАГӣ
                                                                                                                                       
    Салимзода аз кор хаста баргашт. Завҷааш бо меҳрубонӣ ҷувздон аз дасташ гирифт.
     Обдаст кунед. Хўрокатон тайёр.
     Сарам дард мекунад. Аввал як чойи кабуди талх мешуд.
    Бонуи хона фарзандонро, ки бо ҳамдигар баҳс доштанд, огаҳӣ дод:
    –  Фирдас! Фаррух! Нафаҳмидед, ки падаратон аз кор баргаштанд? Хастаҳол метобанд. Ба эҳтиромашон аз ҷой намехезед? Телевизор мондеду худ бо овози баланд баҳсу мунозира мекунед. Тез ба ҳуҷраи худатон гузаред.
   Бачаҳо хиҷолатзада аз хона мебаромаданд, ки падар аз таҳоратхона берун шуд.
    Салом, дадаҷон!
    Нағз омадед?- Фирдавсу Фаррух пасу пеш ҳолпурсӣ карданд.
    Салом! Салом! Куҷо мебароед, шербачаҳо?
   –  Шумо бемалол дам гиред, дада, мо шомона хўрда шудем.
  Аз телевизиони мустақим барномаи «Ташвиш» мерафт. Салимзода ба   нимкати мулоим якпаҳлу зад.
     Дадаҷонаш, телевизора хомўш кунам? Шояд дар оромӣ дарди саратон рафъ шавад.
     Ихтиёрат. Чой тайёр аст?
Зан мехост телевизорро хомўш кунад, ки шавҳар аз ҷой нимхез шуд.
     Хомўш накун!
    Дар экран як назар чеҳраи шиносеро дида буд Салимзода. Мегўйӣ, чархи даврон ақиб гашта бошад. Вай кӣ буд? Ҳамон духтаре набуд, ки аз ў се сол поёнтар мехонд? Не, вай буда наметавонад… Шояд хоҳараш? Не, ў фарзанди ягонаи падару модар буд. Чаро духтараш набошад? Кам не, ғам не, зиёдтар аз бист сол гузаштааст аз давраи донишҷўйии Салимзода. Он духтар ўро дар доғ мононда буд. Ҳоло куҷо бошад? Самарқандӣ мегуфтанд, шояд солҳои пурошўб дар қатори баъзе аз ҳаммиллатони фурсатталаб тарки кишвар карда бошад? Боз кӣ медонад…
    Марҳамат, дадаҷонаш, чойи кабуд.
   Салимзода хомўш пиёлаи чойро гирифту андешамандона боз чашм ба оинаи нилгун дўхт. Журналисти микрофонбадаст, ки либоси низомӣ ба бар дошт, дар тақлиди хабарнигорони хориҷӣ, гўиё аз нуқтаи доғе гузориш медода бошад, қадамзанон бо забони тарҷумазада аз боби коста шудани ахлоқи ҷомеа, хоса ҷавонзанон, ки ба номи ҷинси латиф, ба номи муқаддаси модарӣ доғ меоранд, андеша меронд. Намоиш аз кадом як боздоштгоҳи муваққатии минтақавӣ таҳия шуда буд. Дар навор чеҳраҳои зану духтарони ҷавон падид меомаданд, ки беъзе ошкоро  тамасхур мезаданд, бахше хиҷолатзада нимтабассум мекаданд, бархе сарафканда буданду кўшиши рўй паноҳ кардан доштанд, вале як нафар беибо, балки ҳайратзада ба чашми тамошобин чашм медўхт. Нигоҳаш бармало мегуфт:  «Намефаҳмам, аз ман чӣ мехоҳед?»  Аз афти ҳол, нигоҳи маъсуми ҷавонзан таваҷҷўҳи наворбардорро ба худ ҷалб карда буд, ки маҳз симои ўро зуд-зуд дар андозаи бузург ба экран меовард.
    Салимзода худро хеле бад ҳис кард. Дарди сараш авҷ гирифт.
    Барандаи барнома ба боздоштшудагон саволҳо медод, нимғурма ҷавобҳои носаҳеҳ мегирифт. Бо гуфти журналист, бархе аз ҷавонзанони айёш доми худро ба роҳи хориҷиён мегузоштаанд. Одатан, чунин фоҳишаҳо худро сахт орову торо намедодаанд, балки чунин «мусичаҳои бегуноҳ» бо зоҳирнамоӣ диққати беруниёнро ба худ мекашидаанд. Дар экран боз ҳамон чеҳраи шинос пайдо шуд.
     –  Шумо одатан дар кадом нуқта меистед?
      ...?
      Чӣ сабаб шуд, ки ба ҳаёти сабук хў гирифтед, духтарак?
      Аввал андешаву баъд гуфтор, гуфтаанд,ҷавони…
     Ноуҳдабароёна ҷавоби духтарро буридаанд. Зоҳиран, суханҳои  ў ба фоидаи дастандаркорон набудааст. Барнома нисбатан оҳанги дигар гирифт. Салимзода осемасар ба ҳуҷраи кориаш гузашт. Ба идораи телевизион занг зад. Аз кадоме рақами телефони шахси дигарро пурсид. Боз ба чанд ҷойи дигар телефон кард. Модари бачаҳо ба гиру мони ҳамсараш бо тааҷҷуб наззора мекард: «Киро меҷўяд? Аз чӣ суханонаш подарҳавоянд? Берабт гап мезанад. Ба касе чизеро фаҳмонида наметавонад. Асабаш таранг мешавад. Аҷиб…»

                                ***       ***     ***
   Чӣ шабҳоеро дар фироқи Таманно рўз кардааст Надим. Рости гап, сахт алам карда будаш. Ҳеҷ бовар намекард, ки Таманнои паричеҳраи шаҳрӣ ба гули донишҷўёни донишгоҳ рўйхуш надода, аз домани як рустоии кафшканда дошта бошад. Охир, духтарони зиёд орзуманди ними нигоҳи Надим буданд. Ба як ишора маҳтал метофтанд. Лекин Надим қадри худро медонист. Ҷиддӣ буду аз пайи донишандузӣ. Дар донишгоҳ ҳам ба мисли  даври мактабхонӣ дар қатори фаъолони комсомол ўро ба ҳолу ҷонаш намонда, ба корҳои ҷамъиятӣ мекашиданд. Аз рўйи талаботи кумитаи комсомол дар ину он ҷашну маъракаҳо сухан ҳам мегуфт. Устодон ташвиқаш мекарданд. Мегуфтанд, ки ту наттоқи хуб хоҳӣ шуд. Суханрониат қолабӣ не, обу ранге дорад, ба дилҳо мерасад. Метавонӣ дар оянда дар ҷодаи сиёсат худро бисанҷӣ. Вале Надим гўяндаву сиёсатмадор шуданӣ набуд, балки аз пайи илм рафтан мехост. Вақте баъзе шарикдарсон бо тамасхур «Аратор» ё «Патриот»-аш мехонданд, андаке хашмгин ҳам мешуду рўй намекард. Ба дил мегуфт, ки аз рашку ҳасад чунин ном мебаранд. Аслан, «патриот» ё «аратор» будан чӣ бадӣ дорад? Бояд ҳар яки мо  ватандўсту ватанхоҳ бошем. Бе сакта сухан гуфта тавонем, то шунаванда матлаби моро дуруст дарк кунад, аз гуфтори мо лаззат барад. Онҳое, ки аз имтиҳоноти нимсола бо «дум» ба нимсолаи дигар мегузаранду бо гуфте, «се»-и худойӣ металабанд, ба гирандаи стипендияи номӣ, ки духтарони беҳтарини донишгоҳ хушомадаш мезананд, рашк баранд, аҷаб набошад.
    Пеш аз оғози соли таҳсили охирин бо қарори садорати донишгоҳ Надим ба маъракаи қабули донишҷўён мадад мерасонид. Он сол қарор шуда буд, ки пеш аз ҳуҷҷатсупорӣ бо довталабон сўҳбати инфиродӣ доир карда шавад, то ҷавонон вақтро беҳуда сарф карда, ба ҳар факултаи пешомада довталаб нашаванд. Надим хуб дар ёд дорад, ки Таманноро бори аввал дар ҳамон ҷо дида буд. Ба қадди расояш не, ба чашмони шаҳлояш не, ба кокулони афшонаш не, балки ба тарзи шеърхониаш мафтун шуда буд ў.
     Аз Ҳофиз мехонед?- ба китоби дасти духтарак ишора карда пурсида буд нафаре аз ҳайъати доварон.
     Бале.
     Кадом ғазалро мехонед?
     Кадомеро, ки шумо талаб кунед.
     Гуфтаниед, ки тамоми девонро азёд медонед?
     Имтиҳон кунед.
    Муаллимро шояд бо қатъият сухан кардани духтарак фиреби назар намуд, ки «Ҳозир мебинем-дия»-гўён ба тарафи ҳамкоронаш чашмакие заду аз дасти духтараки довталаб девони Хоҷа Ҳофизро гирифт. Сипас, гўиё аз лисонулғайб фол мегирифта бошад, чашм пўшиду таваккалан саҳфаеро кушод.
    Саҳифаи чанд?- пурсид духтарак.
    Дусаду бисту чаҳор.
    «Мужда, эй дил, ки дигар боди сабо бозомад…» ғалат намекунам, муаллим?
   Имтиҳонгиранда нобоварона ба довталаб нигоҳ мекард. Духтар чашм ба самти номаълуме дўхту бо лаҳни ширине ба хониш даромад:
                  
           Мужда, эй дил, ки дигар боди сабо бозомад,
           Ҳудҳуди хушхабар аз тарфи чаман бозомад…

Чун қироати ғазал поён ёфт, лаҳзае ҳама хомўш монданд. Ва сипас:
           Аҳсан!- беихтиёр нидо дардод муаллим. Охир, Таманно бо риояи тақозои қавонини арўз, бо кашишу задаҳои мантиқӣ  чунон ҳунармандона шеър хонд, ки!... Ҳамзамон бо бозии абрувони сиёҳ, тарзи нигоҳ, бамаврид болову поён шудани ангўшти  ишоратӣ гўиё ин шеъри баландро шарҳ медод. Надим чашм пўшида буд ва дар пардаи тасаввур ангораи ин духтарро дар саҳнаи ҳунари бемисл медид. Овози духтар ба гўши ҷавон аз дуриҳо монандаи  як оҳанги нотакрор мерасид ва худи Таманно ба сони як арғуштии ҳинду бо ифодаи ҳазор маъни тоб мехўрд. «Худоё, ин нозанин бо тамоми ҳастиаш ҳунарвар аст!»- ба дил мегуфт Надим.
      Шавқи муаллими дигаре боло гирифт магар, ки китобро аз ҳампешааш  хост ва саҳфаи дилхоҳашро кушод.
        Саҳифаи наваду ҳафт. Гўш кунед: «Он сияҳҷурда, ки ширинии олам бо ўст…»
      Духтар байтро пура кард: «Чашми майгун, лаби хандон, дили хуррам бо ўст…»
        Ин радду бадали ғайриоддӣ хеле давом кард. Натанҳо Надим ба он дўшизае, ки бо ҳунари тамом тайёр буд девони лисонулғайбро саропо азёд бихонад, бо ҳавас менигарист. Устодон бо шавқ  паси ҳам савол медоданду ҷавоби саҳеҳ мегирифтанд. Надим дар дил бо ў умеди ошноӣ мепарварид. Ва худхоҳона  дар дил мегуфт, ки ин офати ҷонро ба осонӣ ром хоҳад кард. Дўстӣ бо Надим Таманноро ҳам боястӣ хуш биёяд. Охир, гирандаи стипендияи ленинӣ будан гапи андак-мундак нест!
        Надим аз авали соли нави таҳсил хост, ки Таманноро ба корҳои ҷамиятӣ ҷалб созад, то имкон ёбаду арзи дил кунад. Вале ин духтараки шеърдўст зиёд шармгин будааст. Кўшишҳои Надим баръабас мерафтанд. Ў худро аз ҷавон дур мекашид. Пас аз анҷоми дарсҳо зуд ба хона мешитофт. Надим тамоми реҷаи дарси курси якумро азёд медонист. Қариб ҳар рўз  баъди дарс аз паси духтар ба кўчае мерафт, ки манзили Усмон-нонво он ҷо буд. Ин ҳавлӣ аз донишгоҳ чандон дур набуд. Ҳар дафъа духтарро саги чорчашме пешвоз мегирифт. Воқеан, номаш ҳам Чорчашм буд ин махлуқи вафодорро. Таманно сару гардани дўсти хешро силакунон чунин ном мегирифташ. Онҳо пасу пеш ба ҳавлие медаромаданд, ки дарвозаи ҳаворанги оҳанӣ дошт. Надим аз паси он дўшизаи бепарво бо ҳасрат менигарист. «Шояд дар чунин лахзаҳо шуарро саги кўйи ёр буданро орзу мекардаанд. Ё кош ҳавлии Усмон-нонво дар кунҷи дигари шаҳр мебуд»,-аз дил мегузаронид ҷавони ошиқ. Ва оҳи сард   мекашиду бадард ин байтро мехонд:

          «Дар он кў умрҳо гаштам, нагуфт он бевафо ҳаргиз,
          Ки ин мискини саргардон чӣ меҷўяд зи кўйи ман?»[5]

        Ҳама умед ба даври пахтачинӣ монда буд. Ёдаш меояд, ки бегоҳиҳо миёни донишҷўёни курсҳои яку ду байтбарак созмон дода буд. Донишҷўёни солҳои сею чор аз чунин сабқатҳо худро дур мегирифтанд. Махсусан, донишҷўёни соли охир, ки худро «панҷ дақиқа кам педагог» ном мебурданд, дар ин гуна ҷамъомадҳо танҳо нақши тамошобинро иҷро мекарданд.
        Бо маслиҳати омўзгорон шарти ғайримаъмулии бозиро ҷорӣ карда буданд: ҳар касе, ки то анҷоми байтбарак, яъне, як соати тамом фаъолиро аз даст надиҳад, аз ҳисоби тарафи мағлуб саду бист кило пахта мукофот мегирад. Дар аввал ин шарт хеле сабук метофт, ки тарафҳо розӣ шуданд. Рафта-рафта барои донишҷўёни соли дуюм шарти бозӣ хеле гаронӣ кардан гирифт, чунки ба хеҷ ваҷҳ ҳарифони хешро дар шеъргўйӣ наметавонистанд мот кунанд. Дар маҳфили байтбарак Таманно гули сари сабад мебуд. Устодон - доварони давра дар ҳайрат буданд, ки ин духтар ягон бор байтеро такрор ба забон намеовард, аксаран дар охири бозӣ танҳо мемонд, то анҷом ба ҷойи чил-панҷоҳ нафар бо ҳарифон дар сабқат мебуд ва ба ҳар сурат ғолиб меомад. Батадриҷ донишҷўёни курсҳои болоӣ ҳам завқи бозии байтбарак пайдо карданд. Аксар ҷавонон мехостанд бо шеъргўйӣ таваҷҷўҳи ғолиби доимиро ба худ бедор кунанд. Бештар вақт мағлубшудагон ба номи ў саду бист килоӣ пахта мегузарониданд. Надим дар чунин маворид шўхикунон мегуфт: «Ба касе, ки дар умри сараш майдони пахтазорро бори аввал дида бошад, ин мукофот айни муддаост.» Дар ҳақиқат Таманно дар пахтачинӣ чандон пешсаф набуд. Одатан, бо дасти чап ғўзапояро медошту бо дасти дигар аз кўсак пахтаро мекашид. Ин азоби духтари шаҳриро дида ононе, ки бачагиашон дар миёни пахтазорони колхоз гузаштааст, байни худ механдиданд.
        Баъзе ҳангом дастаи худфаъоли донишгоҳ базм меорост. Чунин шабнишиниҳо ба ҳама маъқул мебуданд. Аммо он ангуштнамои давраҳои шеърхонӣ дар ин гуна базму тараб ҳамеша гўшанишин буд. Надим боре хост ўро ба давраи рақсу бозӣ кашад. Таманно бо қатъият гуфт, ки дар умраш боре ҳам усул[6] накардааст. Надимро дигарон дастгирӣ карда, духтарро ба давра кашидан мехостанд, аммо Таманно аз ҷой намеҷунбид. Натиҷа чунин шуд, ки духтар аз сояи ў мегурехт.
        Надим фурсати муносиб муҷуст, то роҳе ёбаду вазъи ногуворро ислоҳ созад. Яке пай бурд, ки миёни Таманнову Ҷаҳон – як донишҷўйи назарногир муносибати гарме пайдо шудааст. Ҳайрон буд: аз кай оғоз ёфт ин ҳамраъйӣ? Чӣ сабаб шуд, ки онҳо ба ҳам унс гирифтанд? Таманноро кадом хўю хислати Ҷаҳон хуш омада бошад? Ҷавобе намеёфту асабӣ мешуд. Асабӣ мешуду шавқу шааф аз даст медод. Ҳавсалаи созмон додани шабнишиниҳо дар дилаш маҳв мешуд.
        Метавон гуфт, зарфи булўрии орзуҳои Надим дар саҳроҳои пахтазори ноҳияи Ёвон чилчил шикаст. Албатта, Надим хуб медонист, ки ин кори дил аст. Он ҷавони деҳотӣ назди касе гунаҳгор нест, ки пеши духтарони факулта дил ба ў додаст. Айби дўшизаи вола ҳам нест. Вале Надим худро шармандаву сарафканда меҳисобид, ки рақибаш як ҷавони ошолуд гашта. Ва он ошолуд, ангор, сабқат аз ў бурдаву чунон сарбаландӣ мекунад, ки!... Ба пиндори Надим, ҳама чашму гўш гаштаанд, махсусан, ҳасудони дерин ба ҳоли зораш механдиданд. Охир, Надим ҳаргиз намехост, ки дар ҳоли залилӣ бинандаш. Аз ин рў сарро болотар мебардошт. Ин тарзи худдории Надим бархеро маъқул набуд. Вақте Таманноро бо Ҷаҳон якҷо медид, дарун-дарун месўхт. Боре ҳолати ногуворе рух дод. Нисфирўзӣ  ба нонхўрӣ мебаромаданд. Таманною Ҷаҳон пеш-пеш қадам мезаданд. Надим онҳоро нодида мегирифт.
            Пишаки ошолуд аз таги биниат луқмаи ҳалолро зада рафт, лаб лесида мондӣ-ку, Надим?
        Ҷавон ақиб гашта дид, ки ҳамкурсаш Умар гапковӣ мекунад. Лаҳзае худро гум кард. Чӣ ҷавоб диҳад? Ба сараш фикри дурусте намеомад. Бояд чизе гуфт. Ва зери фишори ҳолат Надим беандешагӣ кард:
         Дар афсонае ишқи як шаҳзода ба ғук афтода буд. Чӣ аҷаб, агар маликаи хубони мо гирифтори қишлоқии фислуқе шуда бошад? Тарсам, ки рустоибача ба қадри шаҳрбону нарасад. Охир, аз нигоҳи аксар мардуми деҳот духтаракони шаҳр ҳама беҷогарду нопоканд.
        Бале, ин камоли беандешагӣ буд. Надим интизорӣ дошт, ки Ҷаҳон ба ў дармеафтад. Аҷаб не, ки хунрезӣ ҳам шавад. Вале гўиё ҳеҷ гап нашунида бошанд, Ҷаҳону Таманно бепарво паҳлу ба паҳлу қадам мепартофтанд…

                                 ***           ***          ***

        «Бараҳнагӣ хона медарораду гуруснагӣ кўча мебарорад»,- гуфтаанд. Ҳарчанд иштиёқи берун баромадан надорам, ночорам. Бояд баҳри ҷустуҷўйи луқмае сар аз ҳуҷраи якдару якравзана берун кашам. Лекин куҷо? Ба кӣ дасти ниёз дароз кунам? Раваму чун ҷўгиёни қади раҳ чарм ба рўй кашида сари чорраҳа нишинам?   Мурдан беҳтар не? Ва шояд аз ягон ҷо кораке ёбам? Кӣ ба ман бовар мекунад? Ба оне, ки на шахсияташ маълум бошаду на ҳуҷҷате дар даст дошта бошад, кӣ итминон зоҳир мекунад?
        Аз ҷой мехезам ва аз тиреза берун менигарам. Мардум дар рафтуоянд. Аҷоиб манзарае. Ман, ба пиндор, аз осмон афтодаам ё дар саёҳати кишвари ноошное ҳастам. Агарчи медонам, аз миён бист сол гузаштааст. Медонам, ки мардум дигар шудаанд, сохтори давлатдорӣ дигар шудааст… Бояд ба ҳаёти воқеӣ хў гирам. Бояд чашмам ба  тарзи либоспўшии мардум, ба шину хез ва тарзи нави муносибати одамон одат кунад. Аз рўйи фаросат тан бидиҳам, ки дунё дигар шудааст. Бале, дунё дигар шудааст. Аммо дилам мехоҳад ба айёми мозӣ баргардам. Як худам не, балки дунё баргардад. Ва ман сар ба зонуи модар монам, ноз кунам. Модар бо панҷаҳои нарму гармаш сару рўямро навозиш кунад. Падар чун ҳарвақта бо борхалтаҳои пур аз дарвоза дарояд ва якбора ба ҳар дуи мо хитоб кунад:
         Отун! Таманно! Куҷоед шумо? Канӣ, тез ин чизҳоро ҷо ба ҷо кунед. Ҳа, қазиро ба шифти ошхона овезед. Гўшти лаҳми беравған барои қоқ кардан. Нағзтар намак кунед, бийеш. Магас нарасад, бо дока хубтар печонида, ба ҷойи шамолрав овезед.
        Модар дар чунин мавридҳо зоҳиран бо итоб мегуфт:
         Дадеш, солатон рафта, андак пургўй шудаед. Охир, ҳамин гапҳоро таъкид накунед, фаҳми ман намерасад магар?
         Бийиҷонаш, наход нафаҳмидед, ки ба шумо не, ба духтари нозпарвардатон гўшрас мекунам. Охир, сари духтари қадраса сари зону гирифта, ноз-ноз карда шиштанатон…
        Худоба шукр, Таманнои мо аз он духтаракони бедасту по не. Мана, аллакай  чизҳои овардаатона аз гуфтаатон беҳтару хубтар саранҷому саришта кард. Дар воқеъ, мо интизори шумо будем, марди калон. Дастонатонро шўед. Таманноҷон як мантуе пухтааст, ки!...
        Оҳ, он рўзгорони хуб хобу хаёл шуданд. Чашм мепўшаму симои падарро пеши назар меоварам. Ў аз кўча нав ба ҳавлӣ даромадааст. Ман обдаставу дастшўй ҳозир мекунам. Падар баъди даст шустан дастор аз китфи ман мегираду қаноатманд, бо лабони пуртабассум ба сари хонтахта меояд.
        Отун, аз навигарӣ хабар доред?
         Не-ку.
        Хаёлам, нақшаҳоро дигар мекунем.
         …?
        Духтара ба дўхту дўзу пухту паз бисёр банд накунед. Озодтар гузоред, ки ба имтиҳонҳояш хубтар тайёрӣ бинад. Ба мактаби журналистӣ мебарам бачема.
         А? Ин боз гапи куҷо?- ҳарчанд модар аз ин қарори марди калонаш дар дил шод буд, худро ҳайрон вонамуд мекунад.
         Имрўз дар чойхонаи гузари худамон гап-гапи оилаи мову Таманнои якдонаи мо буд.
         Чиҳо мегуфтанд?
         Мо бехабару эркадухтари Усмон-нонво дар газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» мақола чоп кунондаанд. Муаллими забону адабиёташон ҳай таъриф кард! Ҳа, ҳамон Ҷумъазодаи машҳур-чӣ. Мегўяд, дар байни хатмкунандагони имсолаи мактаби 53 аз Таманно пухтаву донотараш нест. Худо хоҳад, ҷойи маро Таманно мегирад, мегўяд. Не, гуфтам, модоме ки аз дасташ маққоланависӣ меомада бошад, ба мактаби муаллимӣ не, ба журналистӣ мемонам!
         Муаллим наранҷиданд?
         Баръакс, хушҳол шуд. «Коре кунед, ки истеъдодаш хор нашавад, Усмонҷон-ако. Шеърро хуб мефаҳмад. Хусусан, ошиқи адабиёти классикӣ аст»,- мегўяд муаллим.
         Нагуфтед, ки Хосият-отун коми нури дидаашро бо шеър бардоштааст!-  модар боифтихор абрў паронд.
         Ҳа, бешак, нақши шумо, отун, дар тарбияти завқи Таманноҷон хеле калон. Лекин муаллими адабиёташ ҳам чакана не-дия. Аз рўйи шунидам, дар мактабҳои шаҳр аз Ҷумъазода дида омўзгори беҳтари адабиёт ёфтан душвор будааст. Ана, гуфтем, ки шумо коми духтара бо шеър бардоштед, мақоланависия кӣ ёд дод? Мана, газет, хонед,- падар аз кисабағал рўзномаи чорқатеро бароварда рўйи хонтахта гузошт. Модар ба чашм айнак гирифт. Ман манзараро аз равзанаи ошхона тамошо мекадаму дилам аз фараҳ лабрез мешуд.
        «Ба донишгоҳи омўзгорӣ меравам. Ҳатман аз пайи устоди барўмандам қадам мезанам…» - зери лаб ба худ қавл медодам ман. Пас аз ин ману дугонаам Нодира, ки нияти ба факултаи ҳуқуқшиносии донишгоҳ дохил шудан дошт, ҷиддан ба имтиҳонот тайёрӣ медидем. Дар яке аз рўзҳои омодагирӣ ба имтиҳонот ман аз миёни дафтари Нодира сурати Ҳамидуллоро дидам, ки ба пушташ бо хати райҳонии ниёкон навишта шуда буд: «Ба зеботарин духтари олам Нодирабону, ки Ҳамидуллоро волаву шайдо кардааст.» Ман чунон вонамуд кардам, ки катибаро хонда натавонистам. Нодира гўиё бепарво гуфт: «Ҳамидулло дирўз ин китобро барои истифода гирифта буд. Хаёлам, саҳван аксаш  ҳамроҳи билетҳои имтиҳон дар байни китоб мондааст.»
       
        Агар Таманно ёди он айёми беғамиҳо мекунад, нахуст хонаи зимистоншинакашон, ки бо ангиштсанг бухориашро метасфонданд, пеши назар меояд. Фасли сармо падар бухориро худаш метасфонд. «Пилтапечкаба такя карда кайф кун, духтарам»,- мегуфт ў. Духтари хона рўйи кўрпачаҳои гарму нарм, бо гуфти падар, кайф мекард: яъне сар аз китобу дафтар намебардошт. Ҳамеша дар рўйи хонтахтааш, ки вазифаи мизи хатнависиро ҳам адо мекард, осори Ҳофизу Бедилу Хайём мебуданд. Чӣ кайфияте дошт бо ашъори ин бузургон танҳо ба танҳо будан!... Вақте ки бисёр монда мешуд, сар ба болин мегузошт ва чашм ба шифти вассаҷуфт дўхта, ба олами орзуву ҳавас ворид мешуд. Олами хаёлоташ басе рангин мебуданд. Одатан, дар чунин мавридҳо дар тақлиди классикон як байт-ним байт эҷод ҳам мекард. Ба дафтари баёзаш, ки дар пайравии модар боз карда буд, шоҳбайтҳои классикон ва ашъори писандидаашро рўйбардор мекард. Баъзан дафтари баёзи модарро, ки ҷилди чармии зарди коҳӣ дошт, аз тоқчаи боло мегирифт ва соатҳо зери лаб мехонду лаззати маънавӣ мебурд. Чӣ байтҳои равону баландмазмун гирд оварда буд модар! Таманно бори аввал аз ҳамин баёз  ғазалеро дучор омада буд, ки матлааш ин аст:

                   Зй ҳудҳуди сабо, ба Сабо мефиристамат,
                   Бингар, ки аз куҷо ба куҷо мефиристамат.

Аз модар шарҳи ин ғазал пурсид. Хосият-отун ба чашмони ҷигаргўшааш чанд лаҳза чашм дўхт. Шояд ў дамеро ба хотир меоврд, ки худаш аз модар таҳлили ин ғазалро тақозо дошта буд. «Ҳоло барвақт нест магар?»-аз дил мегузаронид отун. Ба хулосае омад магар, ки аз ҷой вазнин бархост ва аз тоқи баланд китоби кўҳнамуқоваи бузургҳаҷмеро гирифт. Боэҳтиёт чангашро пок кард ва рўйи хонтахта гузошт. Таваҷҷўҳи Таманноро ҳаҷми калони китоб ба худ кашид, ки  беихтиёр аз дил гузаронид: «Вазнаш чӣ қадар бошад?» Ва китобро аз рўйи хонтахта бо як даст бардоштан хост. Дасташ хам хўрд. «Қимати асарро бо вазни коғазу давоташ чен намекунанд,- гуфт модар рамузфаҳмона,- асарҳои арзандае ҳастанд, ки ҳамагӣ аз чанд варақ иборатанд. Барои ман ҳар як ғазали Хоҷа Ҳофиз дар вазни як китоб аст.» «Пас ин асар камарзиш аст?»- пурсид духтар аз модар. «Магар ман китоби камарзишро аз Самарқанд то ин ҷо бардошта меомадам? Бобои модарии банда, ки саҳҳофи касбӣ будаанд, дар як ҷилд ҷанд асари олимони ҷудогонаро ҷой дода, кори мо барин пасояндони хешро осон кардаанд.  Ин китоб аз он ҷиҳат барои ман азиз аст, ки аз «Равзат-уссафо»-и Мирхонд то «Қасса-ул-анбиё» осори гаронмояро дар бар гирифтааст. Мана, бин, бобокалони ту пасу пеш ду китоби ҳамномро ба ҳам овардаанд: «Равзат-ус-сафо фӣ сират-ил- анбиёва-л-мулук ва-л- хулафо»-и Муҳаммади Мирхонд ва «Равзвт-ус-сафои Носирӣ», ки аз ҷониби олим ва донишманди бузург Ризоқулихони Ҳидоят барои такмили китоби аввал навишта шудааст. Ман ин ду китоби ҳамномро дар муқоиса хондаам. Аммо ҳозир ман ба ту аз «Қассас-ул-анбиё» сухан карданиам. Бо ин ном низ дар адабиёти мо чанд китоб мавҷуд аст. Ин асар аз дигар китобҳои ҳамном бо содабаёниаш фарқ мекунад. Касе, ки «Қасас…» хонда бошад, маънии аксар ифодаҳои адабиёти ҳазорсолаи моро сарфаҳм меравад.» «Муаллифи ин асар кӣ бошад?» «Қассас-ул-анбиё» аз китобҳои гуногун, ба мисли аҳодису тафсирҳо ва дигар китобҳои таърихӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Хуллас, лозим меояд,  пеш аз он ки  ҳофизхонӣ кунем, «Қассас-ул-анбиё»-ро фарорем, то ки маънои баъзе калимаву ибораҳое аз ашъори Хоҷа, ки ба назар сахт мураккабу печида метобанду бидуни огаҳӣ доштан аз таърихи тамаддуни миллат, хосса дину мазҳаби мубораки Ислом даркаш ғайриимкон аст, бароят ошкор шавад.»
        Таманно бо ҳавас ин китоби гаронмояро варақ мезад, ки бо хати ниҳоят зебои настаълиқ китобат шуда буд. Ва бихтиёр бўй кашидаш. Ба димоғаш бўйе расид, ки наметавонист онро ташхис кунад. Дубора машомашро муаттар кард. Модар ин ҳолати фарзандро медиду дар ҳайрат меафтод. Худоё, худаш ҳам замоне  ҳарисона китоб ба даст мегирифт, вале на ба мисли Таманно, ки ҳатто аз бўйи он хумор мешиканад. Ангор, духтар дар нигоҳи модар таҳайюрро дарк кард, ки гуфт:
         Бийӣ, шумо эҳсос мекунед, мағз-мағзи чунин китобҳо бўйи мозӣ мекунанд.
        Модар бо меҳр ба тахтапушти Таманнояш тап-тап зад.
        Ниҳоят баъди қариб як моҳ отун ба рўйи Таманнояш даричаи дунёи Ҳофизро андак-андак во мекард. Нури дидагонашро ончунон волаву шайдои ғазалҳои Ҳофиз месохт, ки!... Ў ҳар як ғазалро аз ду ҷиҳат маънидод мекард. Ва ў ба зеҳни ҷигагўшааш шарораҳои ишқи бузург - муҳаббат ба он Зоти покро ҷо мекард. Гоҳо мешуд, ки духтар бо модар ба баҳс мехест. Боре Таманно аз мактаб баргашта гуфт:
         Баъзан миёни сабақҳои шумову дарсҳои муаллим Ҷумъазода саргум мезанам. Киро бовар кунам? Аз диду назари шумо, Хоҷа сарояндаи ишқи поки илоҳист…
         Бале,- гуфт модар,- охир бесабаб Хоҷа нафармуда, ки:

                Зи ҳофизони ҷаҳон кас чу банда ҷамъ накард
                Латоифи ҳакамӣ бо луғоти Қуръонӣ.

        Аммо аз нигоҳи муаллими мо, ин бузургвор як шоири ринду майгусор аст, ки рўҳониёнро мазаммат мекунад:

                 Дари майхона бубастанд, Худоё, маписанд,
                 Ки дари хонаи тазвиру риё бикшоянд!
Ва ё
                   Ману инкори шароб? Ин чӣ ҳикоят бошад?
                   Ғолибан, ин қадарам ақл кифоят бошад:
                  Зоҳиду уҷбу намозу ману мастиву ниёз,
                  То туро худ зи миён бо кӣ иноят бошад?

Муаллим барои тасдиқи фикри хеш, чуноне ки мегўянд, аз манбаъҳои мўътамад  далел ҳам доранд.
        Хосият-отун таҳаммул варзид. Нахост муносибати устоду шогирдии Ҷумъазодаву Таманноро халалдор кунад. Ба ҳар сурат,  овардани ин байтро мувофиқи ҳол донист:

                  Ишқат расад ба фарёд, ар худ ба сони Ҳофиз
                  Қуръон зи бар бихонӣ бо чордаҳ ривоят.

         Ба маънои аслии шеър, ки чун гавҳар дар зери дарёст, эътибор бояд дод. Ҳаргиз зоҳирпараст мабош, ҷони модар,- таъкид кард бонуи бомаърифат,- дар баъзе маврид муаллимат ҳам ҳақ аст. Боре китоби адабиёти туро варақ зада будам. Рости гап, ман ҳам бар онам, ки Хоҷа Ҳофиз дар баробари ашъори орифона сароидан метавонист, дар васфи як нозанини заминӣ ғазал низ гўяд, чун вай ҳам ба мисли ману ту як инсони хокӣ буд. Вагарна бо ин матлаъ ғазале эҷод намекард:

                 Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
                 Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.

        Бийиҷон, дар мавриди ин ғазал муаллим ривояти аҷибе  оварданд. Гўиё амири Самарқанд - Темури Ланг аз он ки ба як холи сиёҳи турки шерозӣ ду шаҳри азимро ҳотамона бахшидааст, аз Хоҷа Ҳофиз ранҷида бошад. Ва шоир аз хашми амири золим тарсида, барои фиреби назар ду калимаи матлаъро ин зайл дигар карда бошад:

                    Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
                   Ба холи ҳиндуяш бахшам ду сарқанду ду хурморо.

        Модар бо табассуми латифе гуфт:
         Шоир наметавонад чунин дунҳиммат ва ё буздил бошад. Одам чизеро ба касе ҳадя мекунад, ки аз худаш бошад. Агар шоири тавоно ду шаҳри азими Ирони бузургро, ки моли хеш меҳисобид, ба ороми ҷонаш бахшидан хоста бошад, чӣ аҷаб? Охир, ихтиёр ба соҳиби аслии сарват аст! Дар мавриди ифодаи «турки шерозӣ» низ андешаҳо гуногунанд. Яке гўяд, ки ин ибора ба маънои маъшуқа аст, дигаре андеша дорад, ки  ифодагари чўрии паричеҳраи зархарид бошад.
         Бийиҷон, ман туркзабононеро медонам, ки чашмони танги муғулӣ доранд. Ҳеҷ бовар намекунам, ки Хоҷа Ҳофизи бузург чунин як ғазали беназирро ба пистачашме бахшида бошад. Агар воқеан ҳам  бахшида бошад, ба андешаи ман, ҳамон ду сарқанду ду хурморо бахшидагист.
        Модар  ба муҳокимарониҳои духтараш, ки содалавҳона ҳам буданд, хандае  кард.
         Агар чунин андеша дорӣ, ба ин байти Хоҷа чӣ мегўйӣ?

          Зи шеъри Ҳофизи Шероз мегўянду мерақсанд
          Сияҳчашмони кашмириву туркони самарқандӣ.

         …
       Масалан, ману ту, ки асли насабу ҳасабамон аз хоки баланди Самарқанд аст, худро турк меҳисобем? Дар ин маврид вожаи «турк» ифодаи маҷозист ва ононе, ки шеъри Ҳофизро мехонанду дар ҳавои оҳанги он мерақсанд, хубони форсигўянд аз Кашмир то Самарқанди бостон!
        Таманно бо фахру меҳру бепоён ба модари фарҳангии хеш, ки ҳатто номаи камол аз мактаби миёна надошт, менигарист. Модар ба дилбандаш ҳамчунон изҳори ақида мекард:
        –  Мегўянд, ки туркони шерозӣ дар ҳақиқат зебоянду соҳиби чашмони ҷаззоби бодомӣ. Шояд шоири бузург ба яке аз чунин нозанинони камарбаста гирифтор будааст. Охир, ишқи воқеӣ ба миллату мазҳаб сари коре надорад. Хоҷа  калимаи «турк»-ро хоҳ ба маънои аслӣ корбаст карда бошаду хоҳ маҷозӣ, ман аминам, ки ошиқ будааст!
        Миёни Таманнову модар ин гуна гуфту шунуфт зуд-зуд воқеъ мешуд. Хосият-отун ҳангоми чунин сўҳбатҳо медид, ки духтар чӣ қадар бо иштиёқ ҳар сухани модарро ба гўши ҷон мешунавад. Завқи худаш ҳам боло мегирифт. Ва ҳар чӣ дар хазинаи хотир анбошта буд, нисори ҷигаргўшааш мекард. Таманно батадриҷ ғаввосвор ба умқи дарёи маонӣ ғўта мезад. Акнун вай ҳайрон намешуд, ки чаро шоири лисонулғайб чунин фармуда:

              То зи майхонаву май ному нишон хоҳад буд,
              Сари мо хоки раҳи пири муғон хоҳад буд…

         Бийиҷон, ягон вақт кўшиши шеърнависӣ кардаед?- пурсида буд боре Таманно.
         Модарам мегуфтанд, оне, ки худро волаи ғазалиёти  Хоҷа Ҳофиз донаду байте нагуфта бошад, пас ҳарзагўйе беш нест.
        Аз ин мебарояд, ки дар назм қувва санҷидаед.
        Хосият-отун табассуми малеҳе карду ин чанд байтро хонд:                            
Ман бонуи айвониам, кадбонуи кайвониам,
Африштаҳо андар барам дар вақти Ҳофизхониам.

Гаҳ лаъли ман гул мекунад, гулқанд дар гулхандаам,
Гаҳ жолаафшон мижаам, пурсӣ: «Куҷо борониам?»

Дўзах гаҳе хулди барин, Фирдавс гаҳ дўзах барин,
Ман ҳар ду олам дидаам, аз чӣ дигар тарсониам?
Ин ҷо тану он ҷо равон, пойи хаёлам дав-давон,
Дар байн  саргардон манам, войи ману сарсониям.

Чун боние[7] килкам ба каф, ислоҳи корат мекунам,
Ангора мефарсоядам, ангор килки Мониям.

Гаҳ зарраам, гаҳ оламам, гаҳ оламе дар зарраам,
Ман волаи ҳусни сухан, Зебунисои сониам.

Духтари нозпарвардро сабки шеърхонии модар басе хуш омад. Дар дил ифтихор аз волидаи хеш кард, ки бо ҷасорати тамом худро «Зебунисои сонӣ» унвон медод.
Бийиҷон, маънои мисраи дуюми шеъратон чандон бароям рўшан нашуд. «Африштагон»-е, ки мегўед, маҷозианд, ё аслӣ?
 Ҳам ину ҳам он.
Нафаҳмидам.
Ҳофизи бузургвор мефармоянд, ки:        

Субҳидам аз арш меомад хурўше, ақл гуфт:
          Қудсиён гўӣ, ки шеъри Ҳофиз аз бар мекунанд.

Вақте шеъри лисонулғайбро қироат мекунам, маро эҳсосе фаро мегирад, ки танҳо нестам, яъне, фариштагон иҳотаам кардаанд! Дигар ин ки ту, фарзанди ягонаи ман ба ин покизагӣ аз кадом малак камӣ дорӣ?
        Оҳ, чӣ рўзгори хуше буд!
        Таманно ба ёд меорад, ки боре дафтари баёзаш ба дасти муаллим Ҷумъазода афтода буд. Ҳампартааш Ҳамидулло, ки ноаён дафтарро аз ҷувздон гирифта буд, ба нақли омўзгор эътибор надода, онро варақ мезад. Муаллим чанд бор кўшиш кард, ки таваҷҷўҳи бачаро ба дарс кашад. Вале Ҳамидулло ҳеҷ аз дафтар сар намебардошт. Ҷумъазода, дар ҳолате ки  лаб аз сухан намебаст, ноаён ба партаи онҳо наздик шуд. Танҳо ҳамин вақт Таманно аз вазъият огаҳӣ ёфт. Аммо аллакай дер шуда буд: дафтар ба  дасти муаллим афтод! Таманно аз ҳампартааш сахт ранҷид. Ҳамидулло баъди анҷоми дарси адабиёт то дафтари муаллимон узрхоҳон аз паси устод рафт. Аммо Ҷумъазода чунин вонамуд мекард, ки ўро на мешуниду на медид.
         Мактаб аз шўру мағали бачаҳо кайҳо холӣ шуда буд. Таманно дар рўйи хараки назди баромадгоҳ муаллимро интизорӣ мекашид. Ҷумъазода, ба пиндор, барқасд амал мекард. Духтар бетоққатӣ дошт, охир, назди модар чӣ гўяд? Хоҳ сабаби дермониашро шарҳ диҳаду хоҳ баҳонае пеш оварад, аздусар танбеҳ мешунавад. Дигар ин ки аз рўйи одоб ҳам нест, агар духтари қадрас дар ҳавлии мактаби калон, ки баъди анҷоми дарс, орӣ аз даву тозу доду фарёди кўдакон ба бинои матруке шабоҳат пайдо мекунад, танҳо бимонад. Ҳо, ана, бори чандум аст, ки амаки Носир бо баҳонаи ину он мебарояду ба тарафи Таманно кунҷковона нигоҳ меафканад ва сулфакунон боз ба посбонхонааш медарояд. Хуб нашуд.
         Ҳамин вақт Ҷумъазода як даста дафтар дар бағал берун баромад ва чашмаш ба Таманно афтоду бо оҳанги тааҷҷуб пурсид:
         Рўз рафт, ту ҳанўз дар мактабӣ?
         Муаллим…
         Шарт буд, ки то ин вақт ин ҷо бимонӣ? Дар хона ташвиш кашидагистанд. Ма, дафтаратро гир.
         Таманно фаҳмид, ки муаллим дафтари баёзро варақ задааст, агар не, аз куҷо медонист, ки ин моли ўст?
         Таманноҷон, дар байни ин қадар абёти баланд ҷо-ҷо шеърҳои пастро ҳам гирд овардаӣ, ки ҳатто муаллифонашон номаълуманд. Гавҳаршинос бош, духтарам. Суханрезаҳоро ба силки баёз накаш.
         Муаллим бо меҳр ба шогирдаш менигарист. «Миёни ин хирвори дурру марҷон суханрезаҳое, ки мегўед, ҳосили табъи норавони мананд…»- ба дил мегуфт духтар. Ва ҳамин шуду дигар аз шеъргўйии хеш ба касе даҳон накушод. Мехост ин ҳунари волоро бо тамоми нозукиаш омўзад, арўзшинос шавад. Вале на худи Таманно ва на зодмандони ормониаш ба мақсад нарасиданд. Ҷумъазода чӣ ҳол дошта бошад? Муаллим оё он шогирди шеърдўсти худро ба ёд меоварда бошад?
         Таманно ҳарчанд хазинаи хотиротро таку рў мекард, ҳеҷ ба ёд оварда наметавонист, ки бо он дафтар чӣ кор карда буд: ба хонаи шавҳар бурда буд, ё дар хонаи падар гузошта буд? Оҳ, чунон хумори қаламу коғазаш гирифта, ки… Ва худ надонист, аз куҷо ин абёт аз лабонаш беихтиёр мерезанд:

                   Ин косаи сарнагуни мо пурсавдост,
                   Оқибати кори мо ҳама нопайдост.
                   Сад умри дигар Худо насиб гардонад,
                   Сад бори дигар насиби мо вовайлост.

         О, ваҳ! Рубоӣ мегўяд ў? Аз ангораи хаёлие, ки пеши назараш муҷалло мегашт, маъзарат мепурсид: «Бубахш, аё устоди рубоисароёни миллат, ки густохӣ кардам. Медонам, дар пояи эҷоду эъҷози ту ҳанўз касе натавонист рубоие гуфтан. Ман кистам, ки… »
        Таманноро аз ҳолати эҷод садои даркўбии касе берун кард. Дақиқтараш, дари ҳамсояҳуҷраи ўро мекўбиданд. Баъди чанде дари ҳамсоя ғиҷирросзанон кушода шуд. Ду кас – зану марде аввал паст-паст радду бадал карданд. Сонитар, шояд гиряи беисти тифле, ки шир талаб дошт, боис гашта бошад, зан як парда баландтар ҳарф задан гирифт.
         Охир, тоққат кун, ҳамагӣ як ҳафта пеш дода будам. Пул дар ҳотаи бобоям  намерўяд, ки банди ҷав барин дарав кунам…
        Аз афти кор, фаромўш кардаӣ, ки иҷорапулӣ бисту панҷ сомонӣ не, саду панҷоҳ сомонист,- овози хиррии мардонае сухани занро бурид,- агар пардохта натавонӣ, чор тарафат - қибла! Метавонӣ, хонаро холӣ кунӣ!
        Ҳамин катаки мурғ «хона» ном гирифт? Кошки ягон шароит дошта бошад!
        Донишҷўёне, ки ҳақ доранд ин ҷо зиндагӣ кунанд, ҷомадон дар даст кўча ба кўча иҷорахона мекобанд.  Кампири Ширмоҳӣ дар ҳамсоягии мо барои як ҳелчаи сагаш аз се донишҷў сад доллар иҷорапулӣ мегирад. Ба гумонат, бева барои педагогҳои оянда «удобство» тайёр кардааст? Шукра намедонистаӣ, хоҳар.
        Акнун ту ҳам аз доллар гап мезанӣ? Ман-ку, кам бошад ҳам, дода меистам. Аз Ҳатубаи сарзада чӣ мегирӣ? Худат ками мо бечораҳоя карами Худо дониста, шукрона намекунӣ?
        Агар ту як умр моҳе саду панҷоҳӣ пардозӣ, ки Ҳатуба додагӣ барин наметавонӣ додан. Хўҷаини калон, ки чанд сол пеш ҳамагӣ коменданти ҳамин хобгоҳ буд, бо чанд пули пучак ҳавлии дакаданги Ҳатубая аз худ кардааст.
        Ҳатуба хона дошт?
        Хона гуфтию мондӣ. Вай меросхўри ягонаи марди хеле дорое буд. Баъди сари падару модараш як хеши дурашон бо нархи паст ҳавлии дакадангро ба хўҷаин мефурўшаду худаш аз ҳудуди кишвар баромада меравад.
        Ва ин берўзӣ мемонад бехонаву дар?
        Хўҷаин метавонист Ҳатубаро ба қади кўча партояд, аммо аз рўйи инсоф, ўро дар ҳамин ҳуҷра ҷой медиҳаду ба ҳама таъкид мекунад, ки ин махлуқи беозорро кордор нашаванд.
        Аҷаб савдое… Хўҷаини калон хуб одами боинсоф будаанд,- суханҳои зани иҷоранишин оҳанги истеҳзо мегирад.
        Хуш ки бошад, масъалаи иҷорапулия чӣ кардем?- Хиррӣ боз ба мавзўи аввала баргашт.
        Сабр кун, бародар. Ҳамин ки падари бачаҳо пул фиристод, якбора нимсолааша пешпардохт мекунам.
        Бузак, намур, ки баҳор меояд. Ба рафтанаш ҳам қариб як сол мешавад-а? Ягон бор пулат фиристод?
        Не. Охир, чанд моҳ ҷойи кори ҳалол намеёфт.
        Аз афти кор, фаромўшат кардааст, не?
        Инту нагў. Мефиристодагист ягон чиз…- гуфтори ҷавонзан оҳанги ҳузн пайдо кард.
        Агар ба чанги ягон беваи урус назада бошад… Нағзаш, илоҷи кората худат ёв.
        Чӣ гуфтан мехоҳӣ?
        Гўё ки кўдак бошӣ. Ба ҳар ҳол умр гузарон аст. Ҳусн ҳам дер намепояд…
        Ҳатман баъди як ҳафта тоб хўрда биё, пулата метиям,- мЪЭаълум набуд, ки бо чӣ умед зан ба комендант чунин ваъда медод, вале ба ҳар ҳол «Дар паноҳи Худо, акаи комендант, нағз рав!»- гуфту дарро ба рўйи Хиррӣ сахт пўшид.
        Таманно аз ин гуфтушунид, ки ҳамсоязан бо коменданти хобгоҳ дошт, хеле маънӣ бардошт. Андак-андак ба воқеият сарфаҳм мерафт. «Тарсам, ки девона шавам»,- аз дил мегузаронид ў. Пеши назар воқеаи шоми гузаштаро овард.
        Дилаш бухс мекард. Дар ҳамин гирду атроф чарх зада мегашт. Дур намерафт. Метарсид, ки раҳгум занад. Вақте ҳаво тамоман торик шуд, ба манзилаш баргаштан хост. Аз  тарафи чапи кўча ба тарафи рост гузаштанӣ буд, ки мошини боркаше рў ба рўяш қарор гирифт. Ронанда сар аз кобина берун карда пурсид:
        Меравем?
        Манзили ман ҳамин ҷост.
        Боз беҳтар. Бист сомонӣ кифоя?
        Нафаҳмидам…
        Ҳамагӣ то субҳ мемонам, нозанин.
        Ман хонаи холӣ надорам.
        Худата гўлу гумроҳ нагир. Рафтем?
        Аз роҳат намон!
        Ана, чил сомонӣ.
        Бешараф!
        Аз дур мошини милиса намоён шуд. Мошини боркаш бо суръати баланд пеш рафт. Таманно ҳанўз ба худ наомада буд, ки чанд низомипўш аз мошин фаромаданд.
        Чӣ бадбахтӣ, агар худро ҳимоя карда натавонӣ, ба гапи ту касе бовар накунад… Кош замин мекафиду Таманно ба қаъри он фурў мерафт. Дар боздоштгоҳ ба ў чӣ беҳурматиҳоро раво диданд… Чӣ гапҳои пасту баланд заданд… Баъди он ки дар қатори чанд  духтараки гумраҳу чанд ҷавонзани сабукпой аз ташхиси тиббӣ гузарониданд, ҳатто узр напурсида озодаш карданд. Таманно ба ҳаминаш ҳам шукр кард ва аз бинои боздоштгоҳ мисли тир берун ҷасту худро ба кўчаи дигар гирифт.
        Ҳоло дар андеша аст, ки бо кадом роҳ зиндагӣ ҷунбонад. Сарриштаи  калобаи саргуми ҳаёташро чӣ хел ёбад. Бо «Ман - Таманно» гуфтан масъала ҳал намешавад. «Боястӣ худро  ёфт ва ба дигарон шиносонид!»- аз куҷое, шояд аз умқи дилаш ин садо бурун меомад ва онро бо гўши ҷонаш мешунуфт Таманно.
        Медааш ба сўзиш омад. Воқеан, ин эҳсос ба Таманно чандон ошно нест. Охир, ў дар оилаи серу пур ба воя расидаву табиатан пурсабру пуртоққат ҳам буд. Чӣ шуд ба вай? Гуруснагӣ нооромаш мекунад. Кўча барояд?

         
          ***                               ***                                ***

        Марди сарсафеди афтодаҳол, ки дар даст бастае дошт, дари ҳуҷраи шиносро тиқ-тиқ зад. Ҷавонзани ноошное дар во кард.
        Салом, Таманно дар хона нест?      
        Таманно?
        Бале, э не, гуфтан мехостам, ки Ҳатуба. Бале, бале, Ҳатуба.
        Ҷавонзан китф дарҳам кашид.
        Охир, ман соҳиби ҳамин ҳуҷраро меҷўям.
        Ҳа-а, ба мо гуфта буданд, ки дар ин ҳуҷра пеш аз мо як зани сарзада[8] мезистааст. Гўё аз рўи раҳму шафқат ба ў аз ин хобгоҳ ҷой дода будаанд.
         Чӣ хел аз шумо пеш? Яъне, гуфтаниед, ки вай дигар дар ин ҷо зиндагӣ намекунад?
         Амакҷон, дар айёми бесарусомониҳо ҳар кас ба сари худ хобгоҳҳои донишҷуёну олимони ҷавонро соҳибӣ карда буд. Бо қарори ҳукумат чунин биноҳо ба соҳибони аслиашон баргардонида шуданд. Ин биноро Вазорати маориф ба ихтиёри аспирантону унвонҷўёни соҳа супорид. Аллакай аз ним зиёди ҳуҷраҳои хобгоҳро  баъди таъмир олимшавандаҳо ишғол кардаанд.
        Мард бехайру маъзур ақиб гашт.
        Куҷо рафта бошад берўзӣ? Ҷаҳон ўро аз куҷо ҷўяд? Сарсафед кўрпаю болинеро, ки лўлавор печонида баста буд, зуд-зуд аз ин даст ба он даст мегирифт. Вай он субҳ Таманноро қариб бо зўрӣ аз ҳавлиаш ба хобгоҳ оварда, «Роҳи хонаи моро фаромўш кун. Агар гузарам афтад, худам туро хабар мегирам. Худат ҳаргиз нарав, ки хонавайронам мекунӣ» гуфта таъкид дошта буд. Нигоҳи Таманно он рўз, мисле ки маъно пайдо карда бошад, Ҷаҳонро мекофт. «Хоб дидам, ки маро зинда ба зинда гўрондаанд… Хестанӣ шудам, ки сарам ба тангии лаҳад зад. Чӣ хоби даҳшатангезе буд. Хайрият, ки поён ёфт»,- мегуфт. Воқеан, одами нав аз хобхестаро мемонд ё масти ҳушёршударо. Ба худ омада бошад?
        «Ҷаҳон! Туро ба Таманно чӣ кор? На ту ба ў лозим, на вай ба ту даркор. Ба роҳи хеш рав!»- ақл ба марди сарсафед чунин раҳнамоӣ мекард, вале пойҳо ба нидои дил итоат мекарданд:  «Ҷустуҷўяш кун! Вай ҳанўз аз хиёнат бўй набурдааст, вагарна имдодҷўёна  номи туро намегирифт. Илтиҷоомез «Илтимос, Ҷаҳонро ҷеғ занед, муллоамак»,- намегуфт.»
Марди афтодарўҳ сари кўча баромад.  Аз кӣ пурсад ўро? Боғи марказӣ  равад? Не, кайҳост, ки Ҳатуба он ҷо «консерт» намедиҳад. Посбонон пайи пойи ваю вай баринҳоро рўфтаанд. Саҳарие, ки ногаҳон Таманно дар ҳавлии Ҷаҳон пайдо шуд, аз либоси булъаҷаби худ дар хиҷолат буд. Вақте мардак куртаву поҷомаи завҷаашро хуфёна бароварда дод, ў бо камоли майл тағйири либос кард. Таманно бо пўшоки тоҷикӣ, ба пиндор, ба асли хеш баргашта буд. Вай ҳамон духтареро мемонд, ки рўзи нахустини таҳсил шояд бо амри тасодуф ҳампарта шуда буданд. Ҷаҳон дар даст кадом як маҷмўаро аз шоирони муосир дошт. «Шеърро дўст медоред?»- пурсида буд Таманно. «Бале. Дақиқтараш ашъори ошиқонаро.» «Пас Ҳофиз бихонед.» «Гуфтаниед, ки бо шоирони муосир қонеъ набошам?» «Дар бозори адаб гавҳари пок қимати гарон дорад.» «Рост мегўед. Лекин… Ман гумон мекунам, ки ба дарки ишқи классикон, хосса, Ҳофизи бузург қодир нестам.» «Аввал аз Ҳилолӣ сар кунед. Ошиқтарин шоир аст ў.»
Бале, маҳз бо чунин гуфтугў оғоз ёфта буд шиносоии онҳо, ки оқибат ба ҳамсарӣ оварда расонд. Бархақ, Таманно муаллими аввалини Ҷаҳон дар Ҳофизшиносист. Намешавад гуфт, ки Ҷаҳон сирф бо ҳукми тасодуф ба ин факулта омада буд. Ў адабиётро дўст медошт. Хусусан, қиссаҳои саргузаштиро меписандид. Агар ба дасташ роману қиссаҳои адибони ҷаҳон афтад, хобу хўрро фаромўш мекард. Аз шеър ҳам лаззат мебурд. Вале на ба мисли Таманно, ки тамоми девонро азёд медонист. Таманно бо шеъри Ҳофиз ба ҳамдарсаш сабақи ишқ мегуфт. Шогирди қобиле буд Ҷаҳон. Қариб ҳар рўз як ғазал  азёд мекарду ба дилу дидаи духтар ҷой мегирифт.
Ҳоло аз он шеърҳо байте дар хотир дорад Ҷаҳон? Шояд бо тасодуфе сари забонаш як байт- ним байт биёяд, аммо вақти зарурӣ аз хазинаи хотирот ягон ғазали лозимиро ёфта наметавонад. Як ғазали том куҷо, як байтро мувофқи вазъи ҳол гуфта наметавонад. Пас, Таманно шогирди хубе тарбия карда натавонистааст. Ё дар интихоби шогирд ғалат кардааст, фирефтаи зоҳир гаштааст.
Аслан, зиндагии Ҷаҳон аз рўзе, ки Таманно «мурд», дарҳамбарҳам шуд. Бо ташвиқи падару модар баъди хатми донишгоҳ кулбаашро ба оилаи ночоре иҷора доду  ба зодгоҳ кўч баст. Мехост ба худ биёяд, роҳи зиндагӣ аз сар гирад. Дар мактаби деҳа муаллим шуд. Ба кор сахт часпид. Баъди чанде дубора оила барпо кард. Ҳамсари нав таъби дили модар буд. Фарзандҳо ба дунё омадан гирифтанд. Завҷааш ҳар сари чанд исрор мекард, ки ба хотири ояндаи бачаҳо ба шаҳр кўчанд. «Мегўянд, ки таълиму тарбияи  мактаби шаҳр дигарай. Бачаҳо мактабойи беҳтаракнда бухунан, одаму олам бубинан, охир. Дигаро шаҳр кўчида, хунаи иҷора гирифта зиндагӣ мекнан. Ту шаҳрнда хуна дошта бошиву… О, то кай маълим шида мегардӣ? Душанбе букўчем, яке начайлуки ягон корхона мешай.» «Дар шаҳр зиндагӣ ҷунбондан осон нест. Орзу накун!»- қатъӣ мегуфт Ҷаҳон.
Албатта, Ҷаҳон ҳар сол як-ду бор дар айни таътили мактаббачаҳо аҳли оилаашро ба кулбаи шаҳриаш меовард, то фарзандонаш ҳаво иваз кунанд. Боғи ҳайвоноту осорхонаҳоро тамошо медод. Агар театри лўхтак намоиши хубе дошта бошад, ба он ҷо ҳам мебурд.  Вале баъди он, ки дар боғи марказӣ ҳангоми сайру гашт ба «Консерти калони Ҳатуба» афтода монд, зану бачаҳояш зора кунанд, ки дигар пояшро ба он ҷо намегузошт. Фарзандон, одатан, танҳо ҳеҷ ҷо намерафтанд.
Занакро ҳаёти камташвиши шаҳр маъқул буд. Алам мекард, ки чанд сол инҷониб бо иҷорапулии ночизе Собири  ҳамдеҳаашон дар хонаи онҳо зиндагӣ мекунад. Собир баъди хатми омўзишгоҳи техникӣ ба деҳа барнагаштааст. Баъди хонадоршавӣ ба эътирози модараш нигоҳ накарда ҳамсарашро ҳам ба шаҳр овардааст. Бибинори духтари Кали Ғанӣ дар Душанбе Нора ном гирифтааст. Худо ногуфта, агар вайро дар назди ҳамсоязанҳо бо номи аслиаш ҷеғ занед, ба тарафатон чунон песонида нигоҳ мекунад, ки дигар худатонро бахшида наметавонед. Воқеан, вай Бибинори пешина нест. Бо гуфти худаш, бонуи хондагиву ҷаҳондида аст. Дурўғ намегўяд, Саш (ў шавҳарашро чунин ном мегрифт), ки шахси замонавист, нахост, ки завҷаашро дар миёни чор девор ба мисли бандиён нигоҳ дорад. Иҷозат дод, ки Нора  мактаби духтурӣ хонад, «имиҷ» дигар кунад. Ҳоло Нора дар яке аз шифогоҳҳои машҳур ҳамроҳи олимони шинохта кор мекунад. Агар дар вақташ як илоҷ карда ниму нимкора бошад ҳам, омўзишгоҳ нею донишгоҳи тиббиро хатм карда мегирифт, имрўз имкон дошт, ки дар қатори  ҳамкоронаш, рисолаи илмӣ ҳам нависад. Лекин Нора аз ин боис ғам намехўрад. Ҳама медонанд, ки ҳамин духтурони маълумоти олидори имрўза чени Нора донишу малака надоранд. Дар коргоҳ ба ў расман бо унвони Нора Ганиевна муроҷиат мекунанд. Дар ҳамин маҳаллаи Соҳили наҳрак аз хурд то бузург ҳама эҳтиромаш мекунанд. Нора Ганиевна бо фахр мегўяд: «Ба гўлаку чўлакойи то ҳаштсолаи ин маҳалла ҳаққи очагӣ дорам. Ҳамаашона худам доягӣ кардаам.»  Бегоҳиҳо, вақте ў аз кор бармегардад, кўдакони сари роҳ бозиро як тараф монда бо лафзи шикастаи русӣ «Издирастӣ, тётя-Нора!» мегўянд. Ҳамаи ин ба Нора бисёр маъқул. Лекин вай аз он ҳайрон мемонад, ки дар шаҳр ба дунё омада бошанд ҳам, ин кўдакон бо русӣ дуруст ҳарф зада наметавонанд, шеваи модаришона ҳеҷ тарк  намекунанд, яъне, қишлоқии тапа-тайёранд. Охир, чӣ хел шаҳрӣ шаванд, ки модаронашон ҳам  дар гуфтору ҳам  дар рафтор, чӣ хел ки дар деҳа буданд, ҳамон хел мондаанд, пеш нарафтаанд. Нора ба мардуми Бадахшон қоил-дия. Бори аввал то расидан ба хонаи хешовандонашон  қишлоқинамоянд. Вале ҳафтае нагузашта чунон тағйир меёбанд, ки агар забонашонро ба эътибор нагирӣ, мегўйӣ, нав аз тайёраи Маскав фаромадаанд.
 Акаи Ҷаҳон, ҳамин занатон апаи Садбарг дина бегоҳӣ пеши занакои лаби об мана мулзам карданӣ шуд. «Бибинори ҷун, ай кор гаштӣ?» гуфта савол дод. Ба ҳурмати зани шумо буданаш, ака, чизе нагуфтам. Занаки гапкову суханчин будааст ин апаи Садбарг. Гўё намедида бошад, ки Нора аз хона ҷониби кор намеравад, балки аз кор ба хона баргашта истодааст. Бо сад андеша дам назада ба ҳавлӣ даромаданӣ будам, ки боз гап сар кард: «Бибинор, имсол ҳам дамгирӣ тарафойи Сочӣ мерай? Кампири модарат  шаву рўз чашм ба роҳи ту оби дида мереза. Намешава, ки и тобистун дуои модари зора бигирӣ…»
 Хафа нашав, Бибинор…
 Акаи Ҷаҳон?!                                             
 Мебахшӣ… Нора гуфтан мехостам. Нораҷон, худат гуфтагӣ барин вай занаки рустоист. Ту-ку фаросати баланд дорӣ. Зани хондагӣ, оламу одамдида.
 Ҳеҷ гап не. Ба қарибӣ ба мо аз тарафи ҷойи кори Саш аз домҳои новостройка квартира медиҳанд. Халос мешавам аз ин муҳити дилгиркунанда, аз ин кибиткаи намкашида.
 Худованд ба ниятат расонад, хоҳарҷон.
 Аҳли оилая кўчонда намебиёред, ки орзуи апаи Садбарг шиканад? Ў ба ман тарзе рафтор мекунад, ки гўё зани додаршўяш бошам.
 Не, ман имконияти дар шаҳр мондан надорам. Бачаҳо калон шаванд, насиб карда бошад, хонданӣ меоянд. Ана он вақт иҷорахона кофта намегарданду  дар ҳамин кулбаи гилӣ зистан мегиранд.
Оилаи Нора Ганиевна шояд ҳоло дар яке аз «новостройка»-ҳои шаҳр зиндагии обод дошта бошад. Аммо Садбарги раҳматӣ орзуи шаҳрнишиниро ба он дунё бурд…      
Бале, дар Душанбе зиндагӣ обод кардан имрўз ҳам барои Ҷаҳон басо мушкил аст. Аз ҳар кўю кўчаи ин гирду атроф хотироти талху ширин дорад ў. Ин хотирот вайро ба айёми дерин мебарад, азоб мекашад. Ба деҳа ҳам рафта наметавонад. Хонаи падар ҳуввас мезанад. Ба гўшаш аз ҳар тараф гоҳ садои хандаву бозӣ, гоҳ нидои даҳшатангези фарзандони ғўрамаргаш меояд. Ин ҳама кам буд магар, ки хоҳари ягонааш Фаришта фирефтаи ваъдаҳои ҳавоии Карим-бизнесмен шуда, дар савдои «гера» ба он касиф ҳамкорӣ кадаву дар хоки Русия ба даст афтодааст. Карими катазан бо ҳар роҳ аз об хушк баромадааст. Ҳама бало ба сари он кокулдарози кўтаҳақл фурў рехтааст. Албатта, аз ҳаёти маҳбусии Анжелика (ўро дар маҳбаси Русия чунин лақаб дода буданд) ҳамсари ҳозираи Ҷаҳон бисёр нақлҳо мекунад, дар бораи вай бо меҳр сухан мегўяду оби дида ҳам мерезад.  Вале Ҷаҳон ба чунин хўю хислат доштани он хоҳари фариштахўяш наметавонад бовар кунад. Дақиқтараш Анжеликаеро, ки занаш таъриф мекунад, ҳеҷ тасаввур карда наметавонад. Чандин сол мешавад, ки сарсиёҳ гуму гўр.
Ҷаҳон баъди бозгашт ба ватан аз ҳамдеҳиён аз ин воқеаи нангин хабар ёфт. Онҳо нақл мекарданд, ки  телевизиони Русия дар яке аз барномаҳои танқидиаш дар ҳаққи Кариму дастаи ҷиноятпешаи вай намоиши таҳлилие дода бошад ҳам, оқибат бо маҳбус гардонидани ҳамин Фариштаи содафеъл ҳама корҳо гўё ором гаштааст. Мана, корди ҷиноятпешаи аслӣ ҳанўз болои равған. Чанд зани қонунию ғайриқонунӣ дорад, ҳамаашонро соҳиби хонаву боғу бўстон кардааст. Фарзандонаш дар мактабҳои машҳур мехонанд. Маблағҳои ҳаром кайҳо бо роҳи «пулшўйӣ» «ҳалол» шудаанд. Мегўянд, ки ин ҳаромхўр соҳиби чанд корхонаест, ки бо ширкатҳои хориҷӣ доду гирифт мекунанд. Аслан, корхонаҳои Карим-бизнесмен куҷо ҷойгиранду чӣ истеҳсол мекунанд, коргаронаш киҳоянд, касе намедонад.  Аз рўйи гуфтаи ҳолдонҳо, чунин корхонаҳо «Фирмаҳои гиругурез» ном доштаанд. Чиҳоро гирифта мегурехта бошанд? Аз куҷо гирифта мегурехта бошанд? Инро худи «соҳибкорон» медонанду Худо.
Бародари сарсахт ин ҳамаро мешуниду дарун-дарун месўхт. Вале медонист, ки ҳеҷ коре аз дасташ намеояд. Вай кию бо Карими катазан даст ба гиребон шудан. Ҷаҳон кайҳо дасти таслим бардоштааст. Дигар ёрои мубориза кардан надорад. Ҳамроҳи зане, ки метавон гуфт, аз кўча оварда никоҳ бастааст, таноби умр кўтоҳ мекунад. 
Аслан, Ҷаҳон намедонад, ки Гуля рост мегўяд ё дурўғ. Аз рўйи гуфтаи занак, ваю Анжелика дар маҳбас ҳамкамера будаанд. Ҳарду фирефтаи як шайтони одамсурат гаштаанду ба балоҳо рў ба рў омадаанд. Ҳангоми ба Русия интиқол додани «гера» яке аз бастаҳои он заҳри қаттол дар «континер»-и Анжелика кафидаасту ин боиси ба даст  афтидани ў гардидааст. Аммо  Гуля ба маҳбаси «Бутирка» баъди як сол афтодааст.
- Ҳусни беҳамтои хоҳарат сабабгори бадбахтии дигараш шуд,- мегуфт Гуля,- ўро кормандони милиса, ки дар зона хизмат мекарданд, қариб ҳар шаб мебурданд. Аз ин қаробатҷўйиҳои «кормандони ҳифзи ҳуқуқ» Анжелика ба дод омада буд.


                  ***               ***               ***

Саркардагону лидерҳои тўдаҳо ба ҳар сў давутоз мекарданд, то ба муҳоҷирони иҷборӣ мақоми гурезагӣ дарёфт намоянд. Ҷаҳон шабҳои дароз андеша меронд: «Чаро ман гуреза бошам? Ман аз дарёфти мақоми гурезагӣ чӣ бурд мекунам? Ба ман ватани нав медиҳанд? Оё ватани дуюм маъно дорад? Мо-ку  ватанро худ ихтиёр накардаем. Моро Худо дар ҳамин сарзамин халқ карда, на каси дигаре. Пас ҳеҷ кас ҳуқуқи аз он макон рондани моро надорад!» Вай дар миёни ин мадуми раҳгумзадаву бепаноҳ худро зиёдтар ғарибу бекас эҳсос мекард. Зеро тасодуфан ба кўйи дарбадарӣ афтода буд. Андешаҳои худро ба яке аз гурезагон, ки вай ҳам ба ин гурўҳ бо амри тасодуф ҳамроҳ шуда буд, изҳор дошт. Ҳамсўҳбаташ оҳи бадарде кашиду баъди андаке таваққуф гуфт:
           Вақте ба ҷангал оташ меафтад, хушку тар баробар месўзад, муаллим. Гумонатон, ҳамаи ин бечорагон гунаҳгоранд?  Аз худи бало дида овозаи бало пурдаҳшаттар аст. Бисёри ин мардумро  овозаҳо хонакўч кард.  Номи шумо чист?       
           Ҷаҳон. Ина бинед-а, аллакай як ҳафта мешавад, ки аз Ватан дур афтодаем. Ҳама банди дарду ғами худ гашта, ҳатто номи якдигарро напурсидаем. Худи шумо чӣ ном доред? 
           Рўзӣ. Акнун Берўзӣ гуфтан гиред.
           Чанд лаҳза пеш маро дилбардорӣ мекардеду акнун худатон  ба чоҳи навмедӣ афтодаед. Аҳли байт дар хоки худамон мондаанд?
           Кош ҳамон ҷо мемонданд, ки дар ҷустуҷўяшон ба ғарибиҳо намеафтодам.
          Нафаҳмидам…
           Ман дар шифохонаи бемориҳои гузарандаи пойтахт табобат мегирифтам. Шунидам, ки дар маҳалли мо бесарусомониҳо ба авҷаш расидаасту мардум асосан дарёро убур мекардаанду тарки диёр. Бетоқат шудам. Бе иҷозати духтурон ба роҳ баромадам. Бо сад азоб ба ноҳия расидаму дуд аз димоғам баромад. Манзарае дидам, ки ногуфтанӣ. Хонаҳо сўхтаву валангор. Ҳар ҷо-ҳар ҷо як-ду оила зиндагӣ доранд. Ба хонаи ҳамсояам, ки солҳо дар ба девор аҳлона зиставу ту онҷоиву ман инҷойӣ нагуфта будем, даромадам. Аз чӣ бошад, миёнадеворамонро афтонида буданд. Худи ҳамсоя гуфт, ки агар чунин намекардам, кайҳо хонаат ба коми оташ мерафт. Зану бачаҳоят он сўйи Омў гузаштанд. Пеши роҳашонро нагирифтам. Аздусар, онҳоро ҳимоя карда наметавонистам. Гуфтам: «Паноҳатон ба Худо, гурезед, шояд ҷонатон амон ёбад.»
          Хуллас, он шаб пирамарди ҳамсоя маро дар хонааш нигоҳ дошт.  Ҷигарам сахт дард мекард. Гуфт: «Ҳамин ки куфти роҳат баромад, гуселат мекунам.» Ба аҳли оилааш фармуда буд, ки аз ҳузури ман пеши касе даҳон накушоянд. Ў маро хуб меҳмондорӣ кард. Рўйи дастархонаш шири мурғу ҷони одам набуду бас. Ба дил мегуфтам: «Даврат омад, мўйсафед, зиндагӣ кун».
Додарам, Ҷаҳон, шояд шумо маро одами ҳасуду дилсиёҳ пиндоред. Ихтиёр доред. Ҳарчанд пеши ҷони ширин моли дунё чизе нест, дар тани писари миёнаи пирамард, ки  Субҳони Ғафс мегуфтанд, костюми худамро дидаму дилам таҳ кашид. Албатта, шумо хоҳед гуфт, ки магазин фақат  барои ту пиҷак набаровардааст. Шумо ҳоло ними маро мебинед. Обу адо шудаам, охир. Пеш аз нооромиҳо фақат аз фурўшгоҳи «Богатыр»-и пойтахт либос мехаридам. Ҳамон костюмро ҳангоми сафари хидматӣ дар Маскав дўзонида будам. Хуллас, аз омадани ман бехабар ногаҳ Ғафс ба меҳмонхона даромаду худро ноҳинҷор эҳсос кард. Мардиро аз даст надодам. Арўси хонадон ба рўйи дастархон нуқлу наво мекашид. Гуфтам-ку, ҳар чӣ дилат мехост, аз он дастархон меёфтӣ. Лекин маро аз куҷо иштиҳо буд?… Мизбони пир якзайл муроотам мекард. Узр пеш меовардам, ки ҷигарам дардманд асту духтурон парҳез фармудаанд. Яке чашмам ба хокистардони булўрӣ афтод, ки хамчун табақча истифода карда буданд. Инро яке аз ҳамкорон дар ҷашни панҷоҳсолагиам тўҳфа карда буд. Хумори сигорам гирифт.
 Субҳонҷон,  як дона сигор намеёбӣ?- бе он ки ба рўяш нигоҳ андозам, - хоҳиш кардам ман.
 Марҳамат,- ба наздам дар они воҳид қуттии сигори хориҷӣ  ва ҳамчун хокистардон пиёлаи миёнаҳаҷмеро гузошт Ғафс. Баъди он, ки сигорро дардодам, беихтиёр мавизи хокистардонро ба тақсимчаи дигар холӣ кардаму пиёларо онсўтар гузоштам. Пай бурдам, ки рангу рўйи Ғафс дигар шуд.
«Ҳамин хел, Субҳонҷон, ин зарфи булурӣ, вақте ки дар хонаи мо буд, вазифаи хокистардонро адо мекард. Дар рўйи хонтахтаи шумо мақомаш хеле баланд шудааст. Чаро ҳайрон мешавӣ? Намебинӣ, аз се тараф ҷўяҳои махсуси  сигорхомўшкунӣ дорад…»,- аз дил гузаронидам ман.
 Ҳамсоя, чаро лабханд мезанӣ? Магар ягон гапи аҷиб ба хотират зад?- мўйсафед бехабар аз ҳолати ботинии ман суол мекард.
 …
 Монда шудӣ. Гўям, ҷогаҳат андозанд? Рўзи дигар бафурҷа сўҳбат мекунем.
 Майлаш.
Вале маро аз куҷо хоб мебурд? Ҳамин ки ҳавлӣ дар торикистону хомўшӣ фурў рафт, тирезаи ҷониби кўчаро оҳиста кушодаму худро берун ҳаво додам. Намедонам, аз толеъ буд ё тасодуф, ки дар роҳ ба ягон силоҳбадаст дучор наомадам. То саҳар ба минтақаи бехавф расидам. Дар соҳили Панҷ бо як гурўҳ гурезаҳо вохўрдам. Ниятам аз сарҳад гузашта, зану фарзандонамро ёфтан буду бас. Хаёлам, Худованд маро дар роҳи пурмашаққат нерўи тоза мебахшид. Қариб дарди ҷигарро ҳис намекардам.
Аз гумгаштаҳо дараке ёфтед?
Бале, ёфтам. Дараки маргашонро…
Афсўс…
Марди заъфаронранг беовоз мегирист. Ҷаҳонро ёрои даҳонкушоӣ набуд. Ҳамин тавр соате дар сукут буданд. Ниҳоят Ҷаҳон пай бурд, ки Рўзӣ ором шудаву дар ҷойи нишасташ ғанаб меравад. Ўро халалдор кардан нахост. Берун баромада ба зери забон як каш нос партофт. Осмон ситоразор буду атроф хомўш. Яке пардаи хомўширо нолаи хастаи ҷавонзане дарид:

                Мусулмонон, дар ин шаҳрак ғарибум,
                Шудам бемор, муҳтоҷи табибум.
                Табиб аз мулки Тоҷикон биёред,
                Ки то хоки Ватан гардад насибум.

Сари овози ин бечораро аз хаймаи дигаре ғариби дигаре гирифт:

                Сари қабрам ниҳолеро шинонед,
                Ба ҷойи об зи чашм ашке фишонед.
                Намесабзад сари хокам ниҳоле,
                Ки сарви қомати дилбар нишонед.

Ҷаҳон дигар тоққати шунидани ин оҳу афғонро надошт. Ангор, мурғи дилаш дар қафаси сина талоши ҷонканӣ мекард. Аз чӣ бошад, пеши чашмаш қомати раънои нозанине меомад, ки дар даст ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз дошту кокулони майдабофиаш чавгони беди маҷнун барин аз боди сабук алвонҷак мерафт…  Носро бо зарда туф карду ба чодир даромад. Дами ҳаво андак-андак паст мешуд. «Хайрият шаб гуфтанӣ чиз ҳам ҳаст, вагарна зери офтоби сўзони ин чўлистон бухор мешудем»,- аз дил гузаронид ў ва рўйи чойгаҳаш дароз кашид.       
Субҳи барвақ хост ҳамхаймаашро бедор кунад.
Ака, вақти намози бомдод шуд, намехезед?
        Рўзӣ аз ҷой намеҷунбид. Ҷаҳон ин дафъа номи ўро гирифта бедор кард. Ҷавобе нашунид. Якбора  дилаш ғаш овард. Сари болини ҳамраҳаш омад. Даст ба пешонии мард расониду ба худ ларзид.  Ҷисми Рўзии берузӣ тарма барин ях баста буд… Ҷаҳон берун тохт. Аз ҳавои беғубори шаби гузашта асаре набуд. Раъд меғурид, барқ чароғак мезад. Қатраҳои калон-калони боронро дашти лабташна гўё ҳарисона фурў мебурд.

          Ин сари пур аз савдо дар осиёб сафед нашудааст. То баргаштан ба хоки Ватан чӣ дардҳое, ки дид… Вале  супоридани ҷисми пур аз дарду синаи пур аз алами Рўзӣ ба хоки Дашти морон чӣ бори гароне бор кард ба дўши Ҷаҳон! Вақте тараддуди ҷанозаи берўзӣ мекарданд, Ҷаҳон ба мўйсафеде маслиҳатомез гуфт, ки шояд назди қабри зану фарзандонаш ба хок супорем. Мўйсафед бо дард гуфт:
          Пас ба коми дарёяш афканем?!
          Ҷаҳон лаб газид. Дигар аз касе шарҳи гуфтаҳои он пирамардро напурсид. Вале ҳар гаҳ аз забони касе қиссаи дар оби Омў ғарқ шудани гурезагони иҷбориро шунавад, пеши назараш ҷасади заб-зардгаштаи Рўзӣ меояд, ки дар айни ба хок гузоштан кафан гулгун карда буд. Бале, ҳамватанони фирорӣ шоҳид буданд, ки аз лабони маит чӣ сон хуни сиёҳтоб метаровид…
          Шаҳиди аъло!- ҳукм кард оне, ки пешнамози ҷаноза гузашта буд.

                     ***        ***       ***

Ин дафъа Хиррӣ дари ҳуҷраи Таманноро кўфт. Ҷавонзан бо андаке ҳарос дарро кушод. Дар рў ба рўяш шахси ношиносе меистод.
Ассалому алайкум, Ҳатуба!
Таманно ҷавоб надод.
Аз афти кор, гуфтаи мардум рост аст, ки ба ҳуш омадаӣ. Гўш кун, Ҳатуба…
Бубахшед, ман Таманно ном дорам.
Таманно? Аҷаб… Ана гуфтаи ту шавад, Таманнохон.
Гуфтам, ки Таманно ном дорам.
Ҳазор сол боз мардум туро Ҳатуба ном мегирифтанд, ки ба худат ҳам зиёд маъқул буд. Дар миёни чанд рўзи охир якбора тағир ёфтани одам мумкин будааст,- мардак ҳир-ҳир хандид,- модом ки ба худ омадаӣ, дониста бош: ин ҳуҷра ба Ҳатубае, ки мо медонистем, муваққатӣ дода шуда буд.
Нафаҳмидам…
Яъне, хўҷаини калон дигар ҳўҷаин нест. Вай аз курсии мулоими мансаб парид. Акнун ў на ҷондори ғайриқонунӣ дораду на дарбон. Бинобар ин, марҳамат карда, туе, ки дигар Таманно шудаӣ, ҳуҷраро бо ду дасти адаб бояд супорӣ.
Ба кӣ?
Ба соҳибони аслиаш.
…?
Ба донишҷўён. Ҳа, тааҷҷуб накун, ба донишҷўён бозгардонида мешавад. Фаҳмидӣ?
Чаро ин тавр нигоҳ мекунӣ? Хонаи туро  ман бо ин хобгоҳи умумӣ «иваз» накардаам. Оне, ки ин пастиро ба ту раво дидааст, кайҳо манзили меросии туро обу лой карда, бо маблағи он шояд шоҳроҳи бизнеси калонро ба худ боз карда бошад. Дар миёни солҳои бесарусомонӣ садҳо хонавода бесарпаноҳ мондаанд. Яъне, ту аввалину охирин нестӣ. Ба бисёриҳо ҷабр шуд. Оилаҳоеро дидаам, ки даҳ-понздаҳ нафар аъзо доштанду дар кўча монда, ноилоҷ сар ба ғурбат заданд. Ту-ку як сари танҳо дорӣ.
Комендант лаҳзае чанд интизори  ҷавоби ҷавонзан шуд. Аз тарафи муқобил посухе набуд.
Ху-уш, чӣ кор кунем?- мардак боисрор ҷавоб талаб мекард,- Гап зан, охир?
Намедонам, ака…
Ман аз рўйи раҳму шафқат ба ту кўмак кардан мехоҳам. Агар розӣ бошӣ…
Чӣ мададе будааст?
Шиносе дорам, ки ба занҳои корҷўй ёрӣ мерасонад. Аз дасти ту чӣ кор меояд ба ғайр аз рақсидан?
Рақсидан?!
Чӣ чашмота нинаки гов барин ало мекунӣ? Гўё ту набудӣ, ки чанд муддат пеш дар чорбоғи марказӣ консерт медодӣ… Ху-уш, ки бошад, боз чӣ корҳо аз дастат меояд?
Корҳое, ки аз дасти ман меояд, имрўз, ба касе лозим нестанд. Яъне, шумо чунин шуморед, ки ман касби бозоргир надорам.
Ба ҳар ҳол то ба кўйи бекасӣ афтодан ба чӣ кор машғул будӣ?
Ҳанўз ба касбу коре даст назада будам. Таҳсил мекардам. Мехостам пажўҳанда бошам…
Намефаҳмам, оё бо номи пажў… чӣ гуфтӣ? Паж.. Хуллас, ин чӣ касбу корест, ки мо нашунидаем?- Хиррӣ, воқеан, тааҷҷуб мекард.
Хаёлам, ҳанўз дар осмони афсонаҳои худат болу пар мезанӣ.
Таманно тааҷҷубзада ба мусоҳибаш назар мекард: «Нохудогоҳ образнок сухан мегўяд ин мардаки берў, ё нақш мебозад?... »
Гўш кун, як шиноси ман зану духтарони ҷавони корҷўйро ба мамолики хориҷӣ мефиристад. Чанде пеш ҳамин ҳамсояи туро ёрӣ дода буд. Дар ин гирду атроф, ба назарам, аз вай хору зортар зане ёфт намешуд. Аз ўҳдаи додани иҷорапулии як ҳуҷра намебаромад. Шиками ду кўдакаш аз нони хушк сер набуд. Аз рўйи шафқат мадад карданӣ шудем, дар аввал нозу нуз кард. Сонитар зиндагӣ зўрӣ кард магар, ки худаш ба забон омад.
Ўро ба кадом кишвар гуселонидед?
Ба яке аз мамлакатҳои Араб.
Ҳамроҳи фарзандонаш?
Аҷаб гапҳое мегўйӣ, ки.. О, он ҷо барои кор мераванд, на ҳамроҳи аҳли оила баҳри саёҳат. Фарзандонашро ба дасти апааш монд. Ҳамагӣ ду сол кор мекунаду бо пулу пайсаи зиёд бармегардад. Дар шаҳр сарпаноҳдор мешавад. Ба умеди шавҳари беномусаш мегашт, гаштан мегирифт.
Ҷавонзан  ба чашмони комендант нигоҳи озмоишкорона дўхт. Мусоҳибаш ба ҷониби чапи роҳрав нигоҳ кард. «Гўё, ки ту номусу шараф дорӣ! Ҳайфи сиккаву сурати мардӣ... » аз дил гузаронд вай. Ва ба рўйи Хиррӣ дарро пўшид. Мардак аз ин муносибати Таманно ҳеҷ наранҷид. Охир, ҳамин чанд рўз пеш ҳамсояи Таманно ўро аз таги дари ҳуҷрааш пеш карда буд. Вале ҳатто як ҳафта нагузашта худаш ба рўй чарм кашида омад: «Хайр, ҳар чӣ бодо бод, ман розӣ.»
Таманноро то дили шаб хоб набурд. Гоҳ бо худ дар набард буду гоҳ бо он марди беномус дар талош. Вай худро даме зани садсола медиду лаҳзае ба тифли нокордида табдил меёфт. Ва аз чунин эҳсоси мағшуш дилтанг мешуд. Сарашро дард гирифт. Худоё, ин хоби кобусӣ кай ба охир мерасад? Кай ў дунёро бо ранги аслиаш мебинад? Ва ё ҳар он чӣ Таманно ба ёд меорад, дар асл вуҷуд доштанд? Воқеан, ў духтари Усмон-нонво буд? Модари оқилаву орифааш вудҷуд дошт магар? Дўстону дилбохтагоне чун Ҳамидулло, Нодира, Ҷаҳон, Надим… дошт ва ё не? Ҳаргиз аз Ҷумъазода дарсе гирифта буд? Умуман даргоҳи мактабу донишгоҳро дидааст ё не? Оё он лаҳзаҳои гуворои арўсиаш низ ҷуз маҳсули хобу хаёл нестанд? Ва ё дунё ҳамеша ба мисли имрўз буд? Марди тоҷик аз кай дайюс шуд? Домани зани тоҷик ягон вақт ин қадар нопок буд? Қиссаҳое, ки ҳафтаномаҳо интишор медиҳанд, асосе доранд? Чаро асос надошта бошанд, ки Таманно дар миёни чанд рўз шоҳиди ҳодисаҳои гушношунид шуд. Чиҳое диду чиҳое шунид!
          Ҷавонзан ба як кунҷи ҳуҷраи бепалос нишаст. Ва сари бесоҳибашро ба девори бетонӣ задан гирифт…


                               ДАФТАРИ СЕЮМ

                                   КУШОИШ

                   Бо муддаӣ магўед асрори ишқу мастӣ,
                   То бехабар бимирад дар дарди худпарастӣ.[9]

Дари ҳуҷра беовоз кушода шуд. Зане, ки сатили сирдор  дар даст дошт, оҳиста-оҳиста пеш омад. Сари зону нишаст. «Худоё, туро ба ин ҳоли забун кӣ афканд?»- зери лаб пижвок зад ў. Ба гирду атроф чашм андохту ягон латтапорае барои пок кардани хуни захми пешонии ҷавонзан наёфт. Аз сар қарси сап-сафедашро гирифта, як гўшаашро даронд ва сару рўйи хуншори  берўзиро поку тамиз кард. Сипас берун рафту пас аз лаҳзае бо пиёлаи оби хунук баргашт. Сари Таманноро сари зонуяш гирифта, ба лабонаш пиёларо наздик овард.
          Бинўш, ҷони хола, ҳалқатро нам кун.
          Таманно итоаткорона чанд қулт об нўшид.
          Ба хаёлам, шикамат ҳам гурусна аст, каме оши бурида мехўрӣ? Не нагўй, мебинам, ки аз гуруснагӣ чашмат сиёҳӣ мезанад. Ин оши ҷурғотнок ба танат дармон мебахшад. Хўрдани ин ош савоб ҳам ҳаст. Ман ҳар бегоҳии ҷумъа як сатил оши бурида пухта сари чорраҳа мебароям, ки ба мусофирони сари роҳ хўронам. Шунидам, ки дар ин ҳуҷра Ҳатуба ба як ҳоли зор аст. Гуфтам, аз оши худойӣ чашиву дар ҳаққи рўҳи ҳамсари раҳматиам дуое кунӣ.
          Таманно ба зани ношинос бо тааҷҷуб менигарист.
          Ҳайрон нашав. Маро дар ин гирду пеш бисёриҳо мешиносанд.  Мая-хола гуфта, ҳушашон меравад. Маро намешиносӣ? Ҳама мешиносанд-ку. Ма, ҷони хола, аз лаби коса ошом… ҳа, ана, боракаллоҳ.
          Ба вуҷуди Таманно гўиё ҷони тоза дамид. Ва беихтиёр ашк аз чашмонаш ҷорӣ шудан гирифт.
          Чаро гиря мекунӣ, Ҳатуба?
          Хоҳиш мекунам, холаҷон, маро чунин ном набаред.
          –  Ҳатуба нагўям? Пас чӣ ном гирам?
          Номеро, ки падару модарам бо сад орзуву умед гузоштаанд.
          …?
          Таманноям ном баред.
          Чӣ номи зебандаву арзандае!
          Таманно кулан инони ихтиёр аз даст дод ва ҳой-ҳой гирист.  Мая-хола низ беовоз мегирист. Вале худ намедонист, ки аз чӣ боис оби дида мерезад.
Духтарам, мегўянд, ки имрўз-фардо сокинони ин хобгоҳро берун мекардаанду биноро аз нав ба ихтиёри донишҷўён вомегузоштаанд. Ту куҷо рафтан мехоҳӣ?
Худованд ҳар ҷоеро, ки насибам дониста бошад…
Шояд ба кулбаяки ман гузарӣ. Ростӣ, рўзҳои охир аз танҳоӣ метарсам. Дами якдигар зиндагӣ мекунем. Қуввати дили якдигар мешавем.
 …
Чаро ҳарфе намезанӣ? Натарс, ман аз ту иҷорапулӣ намепурсам. Шукри Худо, ҳам нафақа мегираму ҳам маош. Дар мактаби махсус кор мекунам.
Чӣ гуфтед? Дар мактаб кор мекунам, гуфтед?
Дар мактаби бачаҳои душвортарбия мураббия ҳастам.
Бачаҳои он мактаб зиёд бетартибанд?
Чӣ гўям… на ҳамаашон тамоман вайроншудаанд. Ба ҳар ҳол, шогирдони дигар мактабҳо барин нестанд. Бисёрашон аз оилаҳои нокомиланд. Яъне, зиндаятиманд, волидонашон майпарасту айёшанд. Хуллас, бачагони аз тарбия дурмондаанд, андаке қонун вайрон карда, ҳукм гирифтаанд… Чӣ кор кунем, ҳамроҳам меравӣ ё худам рафтан гирам?
Майлаш, гуфти шумо шавад, хола.
Рафтем, духтарам.
Таманно итоаткорона аз ҷой хест ва бе ҳеҷ дудилагӣ аз ҳуҷра берун шуд. Аз паси ин кампири ношинос мерафту  ваҳму ҳаросе надошт. «Ҳарчӣ бодо бод» намегуфт. Дилаш эҳсос мекард, ки ин рафтораш дуруст аст.
          Мая-хола ўро аз чанд кўчаву тангкўча гузаронда ба кулбаяке овард, ки даричаи даромадгоҳаш ранги сабз дошту рақами 66. Ва зери ин рақам сурати саги зотии олмонӣ сабт ёфта буд. Таманно беихтиёр катибаи зери аксро хонд: «Осторожно, злая собака!» Кампир даст афшонда хандид. Дили Таманно ором гирифт. Онҳо пасу пеш ба ҳавлича даромаданд.
Духтарам, медонам, ки кулбаяки ман зиёд дилгиркунанда аст… - соҳибхона гўиё узр пеш меовард, вале Таманно аз дил мегузаронид, ки «Аз кулбаи он номард беҳтар аст.» Кампир баъзе асбоби рўзгорро, ки сари роҳ ғелида меистод, бероҳа гузошта, ҳамзамон суханашро идома медод,- одам, ки танҳо мемондааст, ба дилаш чизе намеғунҷидааст: на либосу на палос. Умуман дилмонда шудаам аз зиндагӣ. Ҳеҷ чиз диламро намекушояд. Кор мераваму гўё рўз кўр мекунам. Ҳамин, ки ба хона расидам, шом мехўраму ба ҷогаҳ медароям. Аз Худо илтиҷо мекунам, ки амонаташро осон гирад, то дигар аз болин сар набардорам. Вале бо овози муаззин боз субҳи дигар оғоз меёбад ва ман боз тани фартути хешро аз ҷогаҳ базўр меканам…
«Ба тоҷикӣ чӣ андоза фасеҳ гап мезанад ин хола, мегўйӣ, наттоқе бошад»,- аз дил мегузаронид Таманно.
Холаат ҳамеша ин хел кампири пажмурдаи дунёбезор набуд,- пиразан ҳамраҳашро ба дарун даъваткунон гап медод,- мана, ин суратро мебинӣ, ба кӣ монанд аст? Ҳар кас бинад, актрисаи ҳиндӣ Ваҷантимала мепиндорад, ҳамту не? Бале, худам ҳам баъзан шубҳа мекунам, ки ин акси ҷавониам бошад,- кампир ҳасратомез механдад. Таманно ба сурат бо ҳавас менигарад. Дар ҳақиқат ин тасвири духтари нозанин ба қаҳрамони кинофилми машҳури «Сангам» сахт шабоҳат дорад,- Ана ин бошад, Гопали ман аст!- чашмони  пиразан чунон медурахшанд, ки!.. Чӣ бахти бузургест дар дами пирӣ бо фахр аз ишқи ҷавонӣ ёд кардан. Мазмун, ин зан аз Гопали худ хиёнате чӣ, балки озоре надидааст, вагарна ин қадар бо фахр аз ў ёд намекард. Куҷои ин ҷавонмард ба Гопал монанд аст? На тарҳи рўву на тарзи нигоҳаш. Шояд болои баландаш? Таманно ҳеҷ шабоҳате миёни ҳунарпешаи ҳиндуву ҳамсари холаи Мая намеёфт. Вале барои дили кадбону гуфт:
Бале, шавҳаратон нусхаи дигари Гопал будаанд.
Гуфтию мондӣ, духтарҷон. Ту ҳам замоне ошиқ будаӣ, албатта. Росташро гўй, ошиқат ба Алибобо монанд буд ё ба бародари ҳасуди ў? Чаро дам мешинӣ? Лекин ту аз Ҳатуба дида зиёдтар ба Марҷина монанд ҳастӣ. Худат инро пай мебарӣ? Вақте дар хиёбонҳо ҳунар менамудӣ, ман ба дил мегуфтам: «Ин зебосанам Марҷинаи ҳақиқист!»
Чеҳраи Таманноро ғубори ғам гирифт. Кадбону ҳолати меҳмонашро пай бурда пушаймон ҳам шуд, ки боиси гирифтахотирии ў гардид. Аз ин рў зуд мавзўъро дигар кард:
Таманноҷон, дар дег каме оши бурида мондааст. Тарбуз ҳам дорам. Дилат чӣ мехоҳад? Ё ягон дами гарми дигар пазам?
Ташвиш накашед, холаҷон. Агар худатон гурусна бошед, гапи дигар. Ман серам.
Ақаллан як карч тарбуз хўр. Барои ҳазми таъом.
Майлаш,- Таманно сари миз гузашт. Кампир дар ҳуҷраи дигар барои ў ҷойи хоб ҳозир кард.
Марҳамат, ба ҷойгаҳат гузару роҳат кун, духтарам. Гуфтагӣ барин, оби бўчка аз офтоби тамуз қариб ба ҷўш амадааст. Агар ба сарат як об мегирифтӣ, хобат бароҳат мешуд. Дастору либоси тозаро рўйи ҷойгаҳат гузоштаам.
Ташаккур, холаҷон.

                   ***                    ***                      ***
          Таманно аз бистар вақте сар бардошт, ки кайҳо офтоб як қади найза баланд шуда буд. Дар аввал нафаҳмид, ки дар куҷост. Пас аз лаҳзае ҳамаро ба хотир оварду аз ҷой ҷаста хест. «Хуб нашуд.  Мая-хола чӣ мегўяд? Гўё дар бари модари хеш бошам, то чоштгаҳ хобидаам»,- Таманно бо ин фикрҳо хиҷолатманд рахти хобашро ба тартиб овард. Сипас берун баромад.  Соҳибхона наменамоид. Ҷойи хобаш батартиб. Маълум мегардад, ки кайҳо аз пайи кору бораш рафтааст. Дасту рўй шуст, мўйҳояшро шоназанон чанде ба оина назар афканду беихтиёр ашк рехт. Охир, аз рўйи фаросат медонад, ки ин акси худи ўст, вале ҳамзамон чунин менамояд, ки гўиё ин шабоҳати зоҳирӣ бошад. Таманно нест ин зан. Бояд ўро ҷуст, бояд ўро ёфт. Бояд ўро маҷбур кард, ки ба ҳаёти воқеӣ ворид гардад. Аммо чӣ сон?
Рўйи ҳавлӣ баромад. «Аз чӣ оғоз кунам?- ба гирду атрофи ҳавлие, ки кайҳо рўйи ҷорўбро надида буд, чашм партофт Таманно,- аввал чой мемонам, то ҷўшидани об ба ҳавлӣ як панҷа шакароб[10] мезанаму пас аз ношто ба рўбучин сар мекунам»,- аз дил гузаронид ў. Аз ин фикри хеш хандааш омад, ки гўё оғози худшиносиро аз рўфту рўби ҳавлии  Мая-хола сар мекарда бошад.
Вақте саҳфаи уфқ  ранги қирмизӣ  мегирифт, ҳавлича ба як боғчаяки дилкушо табдил ёфта буд. Кадбону дар дамгаҳи дар ба кору бори Таманно бо ҳавас менигарист.
- Ҳазор сол боз хонаи холаат чунинин тартибу озодагиро надида буд. Офарин! Боракаллоҳ!
Таманно сар бардошта  дид, ки холаяки меҳрубон ду халтаи пурбор дар даст рост меистод.
- Салом, холаҷон!
- Ваалайкум. Хуб монда шудӣ?
- Не-е. Шумо хаста нашудед? Халтаҳоро ба ман медиҳед, дастатон дард кардагист.
Кампир борхалтаҳоро ба дасти Таманно доду рўйи кати ҳавлӣ гузашт.
- Пас аз кор як қадам ба бозори Шоҳмансур даромадам,- овозашро як парда баландтар кард ў,- Гўр сари бекасӣ шавад, аз гулуи одами танҳо ҳеҷ чиз намегузарад. Ҳатто дар яхдон маҳсулот вайрон мешаваду ҳавсала карда ягон хўроки дилкаш намепазам. Ҳамин ёди раҳматии шавҳарам маҷбур мекунад, ки бегоҳиҳои ҷумъа оши садақа пухта сари чорраҳа барораму ба мусофирони роҳ тақсим кунам. Мана, Худоба шукр, акнун дар хона ду нафарем. Бинобар ин ба бозор гузаштаму ину он харида омадам. Халтаҳоро холӣ куну ҳама чизро, духтарам, ба яхдон ҷо ба ҷо гузор. Гуринҷро ба лаъли андохта пешам биёр, ки тоза кунам.
          - Чӣ гуфтед, холаҷон, гуринҷ?
          - Худоё, боз гуринҷ гуфтам? Аз барои ин калима чандҳо бор масхараам мекунанд. Мехоҳам, ба мисли дигарон биринҷ гӯям, аммо бехабар мемонам, ки боз мисли пештара гуринҷ гуфтаам.
- Ҳаргиз з баҳри ин калимаи ноби форсӣ набароед, холаҷон. Шумо гуринҷ гуфтеду ба ёдам ин байти Ҳакими Тусӣ омад:
Лавиде гуринҷаш алаф сохтӣ,
Бибурдиву Кирмон бипардохтӣ.
- Гуфтанӣ ҳастӣ, ки Мая-холаат клоссикӣ гап мезанад?
- Барои чӣ механдед? Бешӯхӣ чуни наст.
- Ин хел бошад, ман хурсандам. Рав, биринҷро нею гуринҷи девзираро биёр, ки тоза кунам. Ҳа, айнакамро ҳам биёр.
- Ин кафшу куртаву поҷомаро-чӣ? Ба хонаи хобатон монам?
- Барои худат овардам, Таманноҷон. Чизи кироӣ не. Об ба об мепўшӣ-дия.
- Ташвиш кашидаед, ташаккур.
- Ин гапҳоро мону аз пайи дегу табақат шав, духтарам.
- Чӣ дами гарме пазам?- аз ошхона истода пурсид Таманно.
- Чанд вақт ин ҷониб дар хона палав напухтаам. Беҳтараш, палав, э не-е, чӣ хеле ки мардуми зодгоҳи ман мегӯянд, як оши гуринҷ паз.
Таманно, ки аз гапҳои бонуи хона ба завқ меомад, бо ҳавсалаи том аз пайи пухту паз шуд. Кампир ба дасту панҷаи печони Таманно бо ҳавас менигарист. Аз гиру монаш маълум, ки тарбияи хуб дидааст. Кӣ мегўяд, ки ҳамин ҷавонзан Ҳатуба бошад… Тавба… Ба сари ин бечора чӣ сару савдое омада, ки?… Дар ҳаққаш ҳар гап мегўянд. Кадомаш росту кадомаш бофта? Худову худаш надонад…
- Холаҷон, хобатон бурд магар? Хезед, ош тайёр.
Пиразан дар ҷойи нишасташ кайҳо ба ғанаб рафта буд. «Ина бин, хобам бурдааст-а»,- гўён аз ҷой хеста дид, ки Таманно дар шафаташ дастшўву обдаста ба даст ҳозир аст. Кампир оби дидаашро дошта натавонист.

                          ***                      ***                    ***

- Ман ба русзанҳо монанд не? Албатта, монанд не, ҷони хола. Кистаму куҷоиям? Аз таърихи номам гўям? Гўш кун, ҷони хола, ки туро бо асли насабу ҳасабам, бо зодгоҳам шинос кунам. Дар замони шўравӣ Сироҷиддинро Сашаву Фарҳодро Федя гуфтан айб не, балки нишонаи соҳибмаданиятӣ ҳисоб меёфт, гўям, ҷавонони ҳозира механданд. Падару бобоёни маро солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон аз Чиченистон ба Ҳайдаркан ном шаҳраки водии Фарғона, ки ҳоло ба ҷумҳурии Қирғизистон тааллуқ дорад, муҳоҷир кардаанд. Мардуми аслии ин шаҳраки кўҳканҳо асосан тоҷикон буда, намояндаҳои дигар халқу миллатҳо, аз қабили русҳо, олмонитаборҳо, ўзбакҳо, уйғурҳо, тоторҳо, туркони месхетӣ, ингушу чиченҳо ҳама мардуми омада ҳисоб меёфтанд. Аз рўйи нақли сокинони маҳаллӣ, пештар хитоиҳо ҳам дар ин шаҳрак кору зиндагӣ мекардаанд. Онҳо нахустин кашшофони конҳои сурмаву симоби Ҳайдаркан будаанд. Баъди сард гаштани муносибатҳои Чину Шўравӣ пайи пойи хитоиҳоро аз Хайдаркан руфтаанд. Дунганҳои Қирғизистонро қавми мусулмоншудаи чиноӣ ҳам мегўянд.
          Гирди номи ин мавзеъ ҳар кӣ ҳар хел ақида дорад. Ҳайдаркан, Ҳайдаркон, Хайдаркент ва ҳатто Айдаркен шунидаам аз забони мардуми гуногунаслу гуногунқавме, ки сокини ин шаҳрак буданд. Ман, ки хатмкардаи факултаи таърих ҳастам, дар сари номҳои таърихиву топонимҳо муносибати сарсариро намеписандам. Ба андешаи ман, ин яке аз ҳамон ҳафт канди таърихии Сўхи бостон аст. Охир, дар Сўху атрофии он номи мавзеъҳое, ки дар таркибашон вожагони «кат»-у «канд»-у «канда»-ю «қан»-у  «қанд»-у «кон» доранд, зиёданд. Ба ҳар сурат, ман  Бодкон, Симкат, Сариканда, Ҳайдаркан, Хокканак, Ҳафқан барин исмҳои хоси маконро ҳамреша медонам. Шояд замоне миёни  Ҳайдаркану  Ҳафтканд ё Бодкону Ҳафтканд,  ки имрўз бо унвони Апкент ба як деҳаяки қирғизнишин табдил ёфтааст, ҳафт шаҳраки ободи сўхиён мавҷуд будааст. Дар гирду навоҳи ин ҳафт канд, чунон ки дар «Ҳудуд-ул-олам» зикраш рафта, шаст деҳи обод будааст. Воқеан, бесабаб нест, ки мардуми Сўх нисбат ба зодгоҳашон ҳеҷ гоҳ вожаи «қишлоқ»-ро истифода намебаранд. Барои онҳо мардуми қишлоқӣ онҳоеанд, ки поёнтар аз Риштон, дар заминҳои шўрхок зиндагӣ мекунанд. Онҳоро бо унвони «пойинӣ» низ ба забон меоваранд. Ман бар он боварам, ки исми зодгоҳи ман   хоҳ Ҳайдаркон бошаду хоҳ  Ҳайдаркан, яке аз ҳамон ҳафт канди Сўхи бостон аст.
Аз кашолгапии холаат зиқ нашудӣ, Таманноҷон? Ин тавр бошад, гўш кун. Аз рўйи шунидам, ин макони пур аз ганҷ дар гузашта, воқеан, як пораи паҳнозамини Сўх ҳисоб меёфтааст. Аз ин рў тоҷикони Ҳайдаркан бо номи сўхиён ҳам ёд мешаванд. То ба наздикӣ маҳаллаи Сўхиёни Ҳайдаркан аз дигар гузарҳо фарқ мекард. Ҳавлиҳояш  бо деворҳои баланди сархордор иҳота шуда буд. Падари ман ҳам дар таъсири тоҷикон гирди ҳавлиамонро девор кашида буд, аммо сонитар ҳукумати маҳаллӣ маҷбур кард, ки деворҳоро барҳам занем. Бурҷу бораи  гиландова ҳусни шаҳракро мекоҳад, мегуфтанд.  Солҳои шастум аз ҷониби шимоли шаҳрак хонаҳои дуошнаи хиштӣ сохтанд, ки дар навбати аввал ба ин хонаҳои замонавӣ мардуми русзабон сокин шуданд. Қирғизҳо, ки таърихан мардуми чорводоранд, асосан дар чарогоҳҳои водӣ ҳаёти кўчӣ ба сар мебурданд. Туркҳову тоторҳо ва олмонитаборҳоро ҳам, ки ба Ҳайдаркан мо, чиченҳо барин маҷбуран оварда шуда буданд, ба қатори русзабонҳо медаромаданд, зеро на танҳо ин қавму қабилаҳо байни якдигар бо русӣ муошират мекарданд, инчунин забони коргузории ҳукумати маҳалливу коргоҳҳо русӣ буд. Мепурсӣ, ки олмониҳо асирони ҷанг буданд? Не, онҳоро немисҳои аслии Урал мегуфтанд. Солҳои ҷанг қавму халқиятҳои саркашро аз хоки Русия дуртар, ба кишварҳои Осиёи миёнаву Қазоқистон мепартофтаанд.
Хуллас, ман дар ҳамин шаҳрак дар як оилаи муҳоҷири чичен ба дунё омадааму номам Марям аст. Падарам Болатмирза, модарам Таус[11] ном доштанд. Аз чӣ бошад, ки тоҷикон моро «чечанҳо» мегуфтанд. Ҳанўз ҳам онҳо духтареро, ки панҷ панҷааш ҳунар бошад, «чевару чечан аст» гуфта сифат мекунанд. Мо бо тоҷикон дар ҳамсоягӣ мезистем. Як ду ҳамсояи қирғиз ҳам доштем, ки онҳо ҳама ҳамкорони падарам буданд. Хонаҳои чиченӣ  аз рўйи сохт аз дигар манзилҳо фарқ мекард, ки тоҷикон онҳоро «заминкани чечанӣ» мегуфтанд. Падарам ҳам замини санглохро якуним метр канда, бо баландии як метр девор зада, ҳамин хел манзили гарму нарме сохта буд. Ў пас аз кори вазнини корхонаи маъдантозакунӣ ба касби бобоияш - дуредгарӣ машғул мешуд: гоҳвора, дару тиреза, тахтаву тирак месохт. Вай маҳсули дасташро ҳеҷ гоҳ ба бозор намебаровард, харидорон рост аз хонаамон мебурданд. Модарам хонашин бошад ҳам,  дасташ ҳамеша бо коре банд буд. Ҳамин ки аз нигоҳубини бузу гўспандон, аз пухту пазу шусту шў фориғ шавад, ба сари чархи ресандагӣ менишаст. Вай мошинаи дарздўзии «ЗИНГЕР» ҳам дошт, ки вақти кўчидан дугонааш Инга-холаи немка ба ёдгор дода буд. Ба назарам, ҷўробҳои бофтаву нимтанаҳои пахтагини дўхтаи модарам, назир надоштанд. Волидони ман дар Ҳайдаркан бо гулдастиашон ном бароварда буданд. Падарамро усто Пўлодмирзои чечан, модарамро Товуси чевар гуфта эҳтиром мекарданд. Дар ҳақиқат, волидони ман, ба гуфти мардуми таҳҷойӣ, чевару чечан буданду дигар ҳамқисматонашон ҳам аз ягон кор рўй намегардониданд. Аз назари ман, зиндагии мадуми шаҳрак бад набуд. Охир, маоши конканҳою коргарони заводи маъдантозакунӣ аз дигарон хеле баланд буду онҳоро бо гўшту шири ройгон ҳам таъмин мекарданд. Мегуфтанд, ки таъминоти ин шаҳрак бевосита ба Маскав тааллуқ дорад.
          Ман зодгоҳи зодмандонамро ҳеҷ надидаам. Аз рўйи нақли модарам, он хоки муққаддас ҷаннати рўйи заминро монад. Вале ҳамсояи дигари мо, ки зодаи Қрим буд, дар бораи диёре, ки хуни нофаш рехтааст, айнан ҳамин гапро мегуфт. Аз ин тоторзани гирифтачеҳраи ҷанҷолӣ, ки Пера ном дошт,  ҳатто сагони кўча метарсиданд. Модарам ўро Пирўз ном мебурд. Вай ба рағми феълу атвораш  бо модари ман хеле мулоимсухан буд. Онҳо муносибати хеле хубу самимӣ доштанд. Ҳайдаркан низ ба ранги  Қафқоз мулки кўҳист, замини корами кам дораду  баҳораш - деррас, зимистонаш - тўлонӣ. Қисса кўтоҳ, Ҳайдаркан шаҳраке буд, чӣ навъ ки он замон мегуфтанд, интернатсионалӣ. Ҳеҷ кас якдигарро ту киву куҷоӣ ҳастӣ намегуфт. Яъне, мо, сокинони ин шаҳрак, дўсту тифоқ зиндагӣ доштему эҳсоси бегонагиву мусофирӣ намекардем. Бо вуҷуди ин, шабонгаҳ гоҳо модарам сари гоҳвораи хоҳарчаам байтҳое мехонд, ки ҳама дар васфи зодгоҳи азизаш буданд. Ман бо чашмони худ дидаам, ки падарам рўйи бистар дароз кашида, бо чашмони пўшида суруди аллаи модарамро гўш мекарду аз оби дида болинаш тар мегашт. Уфф…  Ёдам меояд, ки боре  падар  аз модарам хоҳиш карда буд:
          - Зезаг[12], чӣ мешавад, ки суруди «Курачу цициган йиш»[13]-
 ро хонӣ.
- Кўдак барин аҷаб нозе дорӣ, Аьрзу[14].
- Модом ки гули ман як пора пўлоди[15] беҳисро Шаҳболи ман мегуфтааст, чаро аз худ наравам.  Хайр, нанаҷонаш[16], гапамро нагардон.
- Бигзор, гапи ту шавад, Болатмирза,- модар ба хондани суруде пардохт, ки шояд ба ёди падар айёми тифлиашро меандохт:

Ду со месал, ду со кура,
          Писулиг ду Бабин со.
          Бабас йоттахь молу шура,
          Бабас тохахь доьлху со.


Суна корехь бен ца гина,
Арахь дог1у шийла ло.(Мяу)
Нанас пешан уллохь дина,
Пешан уллохь кхиъна со.(Мяу)

Суна корахь бен ца гина,
Арахь дог1уш шийла ло,
Нанас пешан уллохь дина,
Пешан уллохь кхиъна со.

Суна корехь бен ца гина,
Арахь дог1у шийла ло.(Мяу)
Нанас пешан уллохь дина,
Пешан уллохь кхиъна со.(Мяу)

Сан дов дац-кха цкъа а цхьаьнца
Ж1аьлица йа дехкаца.
Маьнги т1е д1а парг1ат хаьрций,
Дижна 1уьллу дехха со.

Суна корехь бен ца гина,
Арахь дог1у шийла ло.(Мяу)
Нанас пешан уллохь дина,
Пешан уллохь кхиъна со.(Мяу)

Нанаи ман чӣ қадар овози нозуку махмалин дошт! Вақте ў дар тақлиди гурбаи серпашму барроқи пири аз худрафта, ки дар хонаи гарм рўйи ҷойхоби нарми соҳибаш, ба боридани барфи реза аз тиреза чашм дўхта нишастааст, дар байти нақарот бо кашиши хосе «мяв» мегуфт, ман аз ханда базўр худро медоштам, аммо дадаам[17] бо чашмони пўшида оби дида мерехту мерехт. Ниҳоят падарро хоб мебурд. Аммо додари хурдиам сарашро ба кўрпа печонида бо овози паст такрор ба такрор мехонд:

Суна корехь бен ца гина,
Арахь дог1у шийла ло.(Мяу)
Нанас пешан уллохь дина,
Пешан уллохь кхиъна со.(Мяу)

Модарам орзу дошт, ки ҷашни арўсии маро дар ватан бо риояи урфу одатҳои миллӣ барпо кунад. Ман, охир, аллакай духтари қадрас шуда будам. Вале дар бари хеш ҳеҷ гоҳ ҷавонмарди чиченро тасаввур карда наметавонистам. Шояд таъсири мактаби русӣ ё ҳамзистӣ бо қавмиятҳои гуногун буд, ки мо, ҷавонон, худро одами советӣ медонистему бас. Модар шояд тарс аз он дошт, ки ман аз асли худ дур гардам, бинобар ин ҳамеша таъкид мекард, ки ту мусулмон ҳастиву нохчо[18]. Падар маро маҷбур мекард, ки ақаллан дар муҳити хона либоси миллӣ  пўшам. Аз ҳама пинҳонӣ ояҳоро аз Каломи шариф ёдам медод… Аммо чӣ кунам, ки қаламкаши азал  дафтари қисмати маро дигаргуна рақам зада буд. Ман гирифтори Хусрав ном ҷавоне шуда будам, ки аслан аз Тоҷикистон буду дар яке аз донишгоҳҳои Русия таҳсилдида. Вай ба Ҳайдаркан аз корхонаи металлургии Анзоб якмоҳа командировка омада буд.
Чӣ хел шинос шудем? Хуб кунҷкови-куя, Таманноҷон. Агар ба ҳар пурсиши ту муфассал ҷавоб диҳам, тарсам, ки сухан рўдаи гов барин дароз шавад ва ту, шунавандаи азизи ман,  дар дарки ин ҳама саргум занӣ, шаб рўз шаваду қисса поён наёбад. Муфассал нақл кардан гирам? Агар дер хоб рафта, ба намози бомдод хеста натавонам, гуноҳ ба гардани кист? Модом ки аз субҳи дигар нияти намоз хонданат ҳаст, охир, хоб кун, духтар. Хобат намебарад? Ман туро мефаҳмам. Бист соли дароз чунон хоб рафтӣ, чунон хоб рафтӣ, ки…
Хайр, то сухани ту шикастана гардани шайтон шиканад. Набошад, гўш кун. Одатан, ҳар сол дар айни гармои тобистон ҳамкорони падарам бо аҳли байташон рўзҳои якшанбе ба сайри оғўши табиат мебаромаданд: ба Қадамҷо, ба Шоҳимардон, ба Водил, ба Чимён ва аксаран ба Ғовиён.  Ҳарчанд баъзеи ин ҷоҳои хушбоду ҳаво ба вилояти Фарғона дахл дошта бошанд ҳам, аз Ҳайдаркани мо дур набуданд. Аз ҷиҳати дигар, дар он солу замон ба мисли имрўза кай миёни ҳамсояҳо симхори ҷудоӣ мекашиданд? Озод мерафтему озод меомадем…
Ҳамон рўз қарор шуд, ки ба Ғовиён меравем. Автобус дар даромадгоҳи корхонаи маъдантозакунӣ интизор буд. Дар вақти муқаррарӣ коргарон бо зану бачаҳояшон ҷамъ шуданд. Дар як он салони мошин хумдон барин тасфид. Занҳо беқарорӣ мекарданд:
- Ҳама омаданд, шофер-ако, буғкабоб шудем-ку. Ҳай кунед, охир, мошина!
- Эҳ занако! Дарди сари мардако! Намедонам, шумо дар шиками очаатон нўҳ моҳ чӣ хел тоққат карда будед. Сўзан занед.[19] Хўҷаин биёянд…
- Сўзан занем? Бигиз занем-чӣ? Ба куҷоятон занем,  шофер-ако.
- Агар тезтар аробая ҳай накунӣ, тарсам, к ибо гулмех хала кунанд ин занҳои шӯх.
- Ноилоҷам, рафиқон-сайёҳони ҷанҷолӣ,- гўиё бо ҷиддияти том мегуфт ронандаи автобус. Ҳарчанд чамбараки фармони мошин дар дасти ман  аст, вале чӣ кунам, ки худ фармонбардор ҳастам.
- Пас фармонро иҷро кунед, охир.
- Чӣ қадар содаед, рафиқ занако. Охир, шумо ҳама дар муҳити оила фармонравои мардакои худатон ҳастед. Ман-ку мардаки шумо нестам.
- Шўхӣ аз ҳад гузашт, Раҳим-ако. Гўед, ки сабаби аз ҷой наҷунбиданамон чист?
- Сабабгори фалаҷи барҷомонда барин ноҷунбон гаштани мову шумо товарищ Андреев ҳастанд. Он кас аз ҷойи дури дур меҳмон доштаанд. Мехоҳанд, меҳмони азизро низ ба Ғовиёни ҷаннатосо баранд, то куфти роҳаш барояд.
Ҳамин лаҳза аз дари идораи корхона ду нафар пасу пеш баромаданд. Ҳамроҳи сарвари коргоҳ як ҷавони болобаланде буд, ки аз нигоҳи аввал ман ўро ба Гопал монанд кардам. Мошин ба роҳ даромад.
Эҳ, агар ту Ғовиёнро боре медидӣ, Таманноҷон, як умр аз пеши назар дур карда наметавонистӣ. Мегўйӣ, ин дараи бемисл макони шаҳнишине бошад. Аз миён чӣ андоза об ҷорӣ шуд, чӣ қадар вақт гузашт, вале аз лавҳи хотир он лаҳзаҳои умр зудуда намешаванд: пеши назар  теппаҳои Ғовиёну мавҷ-мавҷ лолаву ҳолмон, дар даҳон таъми гуворои чукриву торон, паси гўш хониши кабкҳои  дархиром, садои ҷўшиши чашмаҳои нуқрафом, он ҷавони хушсимою нигоҳи пурэҳтирос, синаи пуршарру шўр  орзуманди висолу розу ниёз…   Бовар дорам, ки он мавзеъ ҳанўз дар фасли гармо ҷойи сайру саёҳати мардуми коркуфтаи Ҳайдаркан аст.
Ману Хусрав он рўз бо ҳукми тасодуф дар автобус бар ба бар нишастем, аммо дар бозгашт як ҷо нишастанамон тасодуфӣ набуд. Дар аввал ў маро тоҷикдухтар пиндошт, аз ин рў на Марям, ё чунон ки ҳаммактабонам ном мебурданд, на Мая, балки  ба лаҳҷаи хеш Майрамҷон ном мегирифт, ки ислоҳаш кардам. Ёдам меояд, мактуби нахустине, ки аз вай расид, бо забони тоҷикӣ буд. Ҷавоби номаро ман бо забони русӣ баргардондам. Маълум гардид, ки хушкардаи ман дар забондонӣ низ беҳамто будааст. Аз навиштаи русиаш низ саҳву хатое намеёфтам. Охир, ў хатмкардаи яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Русия буд. Ҳамин тавр, мо мукотиба мекардем, орзуҳои зиёд дар дил мепарваридем. Ман бо талқини вай акнун китобҳои тоҷикӣ мехондам, бо духтаракони маҳаллӣ дўстӣ мекардам. Ниҳоят мактабро ба итмом расонидам. Ҳарчанд зора кардам, ки иҷозати таҳсил дар донишгоҳи омўзгории Душанбе диҳанд, волидонам розӣ нашуданд. Падарам мегуфт: «Кош тақозои хондан дар Грозный мекардӣ.» Ман ба маҳбуби дилам мактуб навишта маслиҳат пурсидам. Ӯ гуфт, ки ба наздикӣ Ҳайдаркан  меояду ин масъалаи муносибати мор обо ёрии сардори корхона мувофиқи мақсад ҳал мекунад. Ана, баъд ҷониби Душанбе бароям роҳ кушода мешавад.
Муддате пеш падарам ҳамроҳи чанд нафар ҳамшаҳриҳояш ба зиёрати хоки бобоӣ рафта омада буд. Пас аз ин сафар бегоҳии якшанбе дар хонаи мо ҷамъ меомаданд. Одатан пеш аз ҳама Баса-дедаи[20] асобадасту Масхат-девашаи[21] ингуш даромада меомаданд. Додаронам мўйсафедро мадад мекарданд, ки аз зинаҳо оҳиста-оҳиста ба заминкан фарояд. Мўйсафед онҳоро дуо мекард:
- Могуш хуьлда шун  гергара нах[22].
- Дар хонаанд на-дада[23]?- мепурсид Масхат-деваша.
- Беташвиш омадан гиред, ман ҳамин ҷоям,- ба пешвози меҳмон мехест падарам.
Одатан, дар сўҳбатҳои якшанбегӣ сухан дар боби ҳаёти сиёсии ҷаҳон, дар ҳаққи роҳҳои бозгашт ба зодбум мерафт. Дар яке аз чунин шабнишиниҳо падарам гуфт:
- Тарсам, ки аз нишастҳои мо хабардор шаванд. Шунидагистед, хонаи кампири Пераро кофтуков карда, баъзе чизҳо ёфтаанд.
- Дарди онҳо ҳам аз дарди мо кам не,- гуфт Алӣ-деваша,- худи кампир наменамояд, тинҷӣ бошад?
- Чӣ гап мешуд, як пурсуҷў карда ҷавоб додагистанд-дия,- бепарво мегуфт Масхат-деваша.
- Не, ҷўра, ҳамту «як пурсуҷў» намекунанд. Ту медонӣ, ки мо, муҳоҷирони иҷборӣ ҳамеша зери назоратем. Мегўянд,  тоторҳои Қрим дар шаҳри Фарғона ташкилоти пинҳонкоре доштаанд. Шиорашон «Қрими ҷаннатосо танҳо барои тоторҳост!» будааст. Ва ин Пера-холаи мо яке аз яъзои фаъоли ҳамон ташкилоти пинҳонкор будааст.
Ман, ки дар даҳлез гулдўзӣ карда менишастам, ҳамаи ин гуфтушунидро мешунидам. Ва ба дил мегуфтам, ки ин ҳамсоякампири ҷанҷолии моро ба ташкилоти пинҳонкор чӣ муносибатест. Гуфти модари дугонаам Наргис, мардум бо пой не, бо забон мегарданд. Тавба… Ва аз тарсу ҳаросе, ки ҳаммаҳфилони падарам доштанд, дар дил хандаам меомад. Охир, ман ҳанўз гармиву сардии ҳаётро надида будам. Бо вуҷуди он ки пас аз ҳар нишаст Баса-деда «Иман а, беркат а хуьлда шун доьзалехь!»[24] гуфта дуо мекард, омад ба сари падари ман рўзи сиёҳе, ки аз он дар ҳарос буд. Ўро бо ҷурми тамоман дигар ба маҳкама кашиданд. Гўё падарам ба қочоқи симоби сурх даст доштааст. Баъди чанде Алӣ-девашаро гўё аз беэҳтиётӣ дар завод  барқ зада кушт. Ман орзуи давом додани таҳсилро фаромўш кардам. Модарам ба идораи комбинат корковӣ рафт. Гуфтаанд, ки ҳоло ҷойи холӣ нест. Дубораву себора рафт. Оқибат як кори сердаромад пешниҳод кардаанд: ранг задани ҳавзи кўҳнаи симобрезии завод. Агар як ҳавзро дар давоми ҳафта ба сомон расонад, баробари маоши думоҳаи коргарон ҳақ медодаанд. Ин гуна ҳавзи таъмирталаб чорто будааст.
Модарам мегуфт:
- Ба ҳар ҳол раиси завод одами бад набудааст. Бин, Марямҷон, ин одами раҳмдил ба оилаи бесарпарасти мо бо ин роҳ дасти ёрӣ дароз мекунад.
Нанаам сидқан хурсандӣ мекард. Ману додараконам ҳам шод будем, ки дар набудани падар хору зор нашудем. Вале мо аз куҷо медонистем, ки ин ҳавзи симоб чоҳи аҷал асту дигар коргарон, аз сарашон тилло резанд, ки бе либоси махсус барои таъмири он розӣ намешудаанд. Модар дар рўзи сеюми кор андак-андак аз ҳол мерафт, сараш чарх мезад. Ба ҳар сурат бо сад азоб таъмири як ҳавзро дар вақти муқаррарӣ ба охир расониду бо ҳамин аз пой афтод. Ўро ба бемористон хобондем. Рўз то рўз чун шамъ об мешуд. Додараконам Дукхаваха ва Вахийта[25], ки аз ман шаш-ҳашт сол хурд буданд, парвои дунё надоштанд. Хобу хўру бозиро медонистанду бас. Онҳо порсол дар беҳтарин истироҳатгоҳи мактаббачагон фасли гарморо гузаронида буданд. Одатан, падарам ҳамчун коргари пешқадам роҳхатро барояшон аз иттифоқи касабаи завод дастрас мекард. Акнун онҳо дар бораи урдугоҳ ё чунон ки мегуфтанд, лагери пионерон орзу намекарданд.
Ман додараконамро маҷбур месохтам, ки бузу гўспандонро ба чаро баранд. Чун модарам таъкид мекард, ки вақти зоиданаш наздик омада, танҳо Якшохаро дар ҳавлӣ нигоҳ медоштам. Бузи мо аввал Ангорка ном дошт. Ин бузаки шохшикастаи сиёҳи ангорӣ як сол пеш дар чарогоҳ бо Чамбаршохи Наргисино шохҷанг карда, шикаст хўрду мо номашро ба Якшоха табдил додем. Бечора бузак намедонад, ки ин лақаб нишони мағлубии ўст. Якшохаро модарам сахт эҳтиёт мекард. Мехост насли ин бузро зиёд кунад. Охир, бузи ангории сиёҳ зотан кам аст. Модарам ба ивази ин буз ба холаи Батма[26] чор нимтанаи серпахта дўхта додаст, ки амаки Қудайбергену се писараш кайф карда мепўшанд. Модарам соле пеш аз пашми абрешимвор мулоиму ҷилодори Якшоха рўймоли пурнақше бофта буд. Холаи Батма ба он харидор шуда гуфт, ки ба ивазаш боз як бузғолачаи ангории сафед медиҳад. Ду ҳамсоя нав гапро як карда буданд, ки амаки Қудайберген корро вайрон кард. Вай ба падарам арз кардааст, ки ҳамсарат сари кампирамро гаранг карда, ба моли ман рахна задан дорад. Падарам модарамро сарзаниш кард. Ҳамин тавр, савдои ду ҳамсоязан напўхт. Мана, имсол насиб карда бошад, Якшоха мезояд. «Бузғолаи сафед мезоида бошад ё сиёҳ?»- мепурсид Ваха. «Албатта, сиёҳ-дия. Аз зангӣ зангӣ мерўяд»,- механдид Дукхаваха. «Ҳайвонот ҳамҷинси худро ба сафеду сиёҳ ҷудо намекунанд. Ин хислати пасти одамист. Агар Якшоха бузғолачаи сафед оварад, ҳеҷ аҷобат надорад. Охир,  такаҳои чарогоҳ ҳама сафеданд»,- мегуфт модарам. Акнун    додаронам ҳамроҳи писарони амаки Қудайбергену амаки Ҳоҷиқурбон рамабонӣ мекарданд.
Модарам аз иштиҳо тамоман монд. Рўзи дуюм буд, ки ба даҳон дами гарм намегирифт. Духтурон гуфтанд, ки ҷигараш дардманд аст. Боз гуфтанд, ки аз шаҳри Фрунзе[27] духтури калон ҷеғ занондаанду ҳамон нағзтар ташхис мекардааст. Дилам сип-сиёҳ шуд. Намехостам, аз пушти палатаи модарам дур равам. Аммо ў маҷбур мекард, ки дар хона бошам. «Бегоҳ шуда истодааст, додаронатро беназорат нагузор, Якшохаро хабар гирифта ист»,- мегуфт. Ноилоҷ хона рафтам. Ҳанўз ба хона нарасида, аз пешам хоҳараки дугонаам Наргис давида омад:
- Шодиёна диҳед, Якшоха дугоник зоид! 
Ман ба рўйи кулча барини ў бўса задаму аз панҷарадевор ба ҳавлӣ ҷаҳида гузаштам. Очаи Наргис ба Якшоха атола мехўронд.
- Холаҷон, бузғолачаҳо ку?!
- Ман дуздидам Алўли ту, ман дуздидам Булўли ту!- ин овози Хусрав буд, ки аз долони оғил меомад. Худойи ман, вай ин ҷост?! Ҳо, бале, ин Хусрав аст, ки дар ду даст ду бузғолачаро дошта меистод. Аз ғояти шодиву шарму ҳаё намедонистам, чӣ кор кунам. Даступо хўрдаву осемасар сўяш рафтам ва даст дароз кардам, ки яке аз бузғолаҳоро гирам. Аммо ў каме хам шуду дастамро дошт ва аз гунаам бўсид. Вуҷудам гўиё оташ гирифт. Даст ба рухсори лолагунам бурдаму бо ҳарос чашм ҷониби ҳамсоязан афкандам. Худоё, аз ҳар тараф моро назора мекарданд: модари Наргис, ки ба Якшоха ғизо медод, ҳолаи Батма, ки дар даст тўрхалта аз бозор меомад, ҳамсинфам Вася, ки дар истгоҳ ҷомадонашро харвор савор шуда, интизори автобус буд, боз чанд писару духтаракони маҳалла, ки лаптабозӣ[28] мекарданд. Дар дил ба ҳукуматдорон сад лаънат хондам, ки деворҳои баланди моро ба замин яксон карда, ба ҷояш панҷараҳои паст насб кунонида буданд…
- Марямҷон, чӣ шуд ба ту?
- Ин чӣ коре, ки шумо кардед?- бо овози паст изҳори ранҷиш кардам ман. Ва интизори ҷавобаш нашуда аз дасташ бузғолаяки сафедро гирифтам.
- Сиёҳаш ба сиёҳкорон,- итоб кардам ман.
- Аз дўст ҳар чӣ расад хуб аст,- хандид Хусрав,- аз беморхона меойӣ? Модар чӣ ҳол доранд?
Маълум ки ҳамсояи содафеъли мо тамоми гапро гуфтааст. Аздусар, дар бораи ҳабс гардидани падарам низ хабар додагист. Шармандаам. Марям – духтари контробандист… Беихтиёр оби дидагонам ҷорӣ шудан гирифтанд. Хусрав дилбардорӣ мекард, бароям бурдборӣ мехост. Ин замон додаронам бузу гуспандонро ҳаю бошгўён аз чарогоҳ баргаштанд ва бо меҳмон чун ҷавонмардони ростин бағал кушода ошноӣ карданд. Ман гармобаи сангинро тасфонидам. Се тан ҷавонмард пасу пеш ҳаммом карданд. То онҳо сару тан мешустанд, ки шомона омода сохтаму мизро аз ошхона ба таги олучае овардам, ки шохаҳояш аз меваҳои расида марҷон баста буданд. Ва чун кадбонуи ҳақиқӣ ҳамаро сари миз хондам. Дар миёни ин чанд рўз бори аввал дилам рўшан шуда буд. Додараконам ҳам ҳушҳолӣ доштанд.
- Боду ҳавои Ҳайдаркан хубам салқин-дия. Дар ҷойҳои мо зардолуро қариб афшонда хушк карда шуданду ин ҷо нав олуча мепазад,- гўён Хусрав аз ҷой хест ва аз хона як сабад зардолу баровард.
- Гиред, хўред, ин зардолуи муллоҳамдӣ ном дорад. Аслаш аз навъҳои зардолуи сергўшти Фарғона аст. Мегўянд, ки дар Исфараву Риштон хуб нашъунамо мекунад.
- Пас аз водии Зарафшон  неву аз  води Фарғона овардед ин дастовезро?
- Рости гап, Марямҷон, ман ҳоло аз Маскав омада истодаам. Имшаб тафсилоти сафари хидматиро қисса мекунам. Ҳозир, нағзаш, ба аёдати модар биравем.
- Ман ҳам меравам,- гуфт додари калониам.
- Ман бузичаҳоро пеши модарам мебарам!- сўйи оғил тохт   Ваха .
Аз зардолуҳо камтар ҷудо карда шустаму ба сабадаке андохтам. Якшоха беист «меъ-е-е» гуфта худро ба дару девор мезад. Аммо Ваха дар як гап меистод: «Ба нанаам бузичаҳоро нишон медиҳам!» Ба ў гап гузаронидан ғайриимкон буд. Ноилоҷ ҳама сўйи бемористон равон шудем.  Таҳи дилам сиёҳ мешуд, агарчи Хусрав андар барам буд. Вале баръакси нигарониҳои ман ҳоли бемори мо хубтар шуда буд. Вай аз дидори меҳмон хурсанд метофт, ҳатто аз дастовези Хусрав ком ширин кард. Додараконам аз паси тиреза, бо гуфти Хусрав, Алўлаку Булўлакро нишон доданд.
- Яке сафеду дигар сиёҳ! Чӣ қадар хушрўяканд!- чашмони модар медурахшиданд.
          - Аз падарат ягон хабар нест?- баъди каме таваққуф бо овози паст пурсид ў. Ман бо ишораи «не»  сар ҷунбонидам. Вай тарафи Хусрав рў оварда, ҳамчунон бо овози паст гуфт:
- Ба падари бачаҳои ман тўҳмат заданд… Ман баъди ба ин дард печидан…эҳ, ҷонаме…- ў бо азоб каме якпаҳлу зад,- тўҳмат будани ин қазияро амиқ дарк кардам. Моро бо ҳар роҳ нест мекунанд палидҳо!
Ҳарчанд аз чашмони модар оташи қаҳру ғазаб шарора мерехт, ҳамчунон бо овози паст сухан мегуфт. Ман ба пиёлача каме оби маъдани бегаз рехтаму  модарро такя бардошта нўшонидам.
- Шукри Оллоҳ … - ў бо рўймолча лабонашро пок карда, боз ба гап даромад,- духтурҳои калони гуфтаашон ҳамин рўз омада буданд…
- Чӣ гуфтанд? Сабаби бемориатон  чӣ будааст?- бетоққатона мепурсидам ман, модар бо ишораи «ҳеҷ чиз намедонам» сар ҷунбонид. Аз ғояти бемадорӣ, чанд лаҳза чашмонашро пўшид. Ҳамшираи шафқат ишора кард, ки беморро осуда гузорем. Оҳиста аз ҷой мехестем, ки модар чашм боз кард.
- Холаҷон, мо равем. Ман ҳанўз аз ёру ошноҳо касеро надидаам. Насиб бошад, пеш аз бозгашт боз меоям. Иҷозат медодед…
Модар бо ишорат Хусравро ба худ наздиктар хонд ва дасташро гирифта бо меҳр ба чашмонаш дида дўхт.
- Хусравҷон…
- Гап занед, холаҷон.
- Медонед-чӣ…
Пай бурдам, ки дар ҳузури ман намехоҳад, суханашро идома бахшад, бинобар ин аз рухсори заъфарониаш бўсидаму берун баромадам ва рўйи хараки назди гулзор  нишаста Хусравро интизор шудам. Баъди чанде вай ҳам берун омад. Абрувонаш дар ҳам кашидаву нигоҳаш қатъӣ буд. «Рафтем»,- ишора кард. Ман бесухан аз пасаш ба роҳ даромадам. Додараконам ҳам аз пайи мо равон шуданд.
          Хусрав моро ба хона оварда монду худаш куҷое баромада рафт. Хеле интизор шудам. Дидам, ки наомад, дари хонаи хобамро аз дарун бастаму ба бистар даромадам. Шаб аз ним гузашта буд, ки ў пайдо шуд. Зери олуча гузашт. Сигор дардод. Ҳар замон оташи сигораш рўшан мешуд. Оқибат сар рўйи миз гузошт. Хобаш бурд магар? Чаро пеши додаронам надаромад? Дар моҳи саратон ҳам  шабҳо ҳавои Ҳайдаркан серун мешавад. Аз ҷой хестам ва аз ҷевон рўймоли пашмиангориро гирифта берун баромадам. Хусрав ҳамчунон сар аз миз намебардошт. Рўймолро ба сари китфонаш партофта, мехостам ақиб гардам, ки номамро гирифт.
- Лаббай!
-  Тайёриатро бин…
- Чӣ гуфтан мехоҳед, наход ки модарам…
- Аз рўйи васияти модар амал бояд кард.
- Чӣ?!!!
          - Худатро ба даст гир. Ҳоло барвақт, овоз набарор. Бачаҳо бедор нашаванд…
          - Модарам ягон вақт аз дарди ҷигар шикоят намекард. Духтуроне, ки аз Фрунзе омадаанд, ба чӣ хулоса омада бошанд?
          - Аз афти кор, узвҳои даруниро симоб аз кор баровардааст. Хусусан, ҷигарро сўрох-сўрох кардааст, мегўянд.
          - Худи шумо бо онҳо вохўрдед?
          - Не, онҳо «Ҳолати бемор  вазнин, ҳоҷати ба марказ бурдан нест»,- гуфта баъди нисфирўзӣ баргашта будаанд. Ин гапҳоро аз забони ҳамшираи шафқат шунидам.
           Ман дарун-дарун мегиристам, Хусрав бе ҳеҷ таскиндиҳӣ мегуфт, ки то субҳ бояд ҳама ҷоро ба тартиб оварем. Дар давоми як соат  хонаву дар саришта ёфт. Ҳамин ки субҳ дамид, вай ҳамсояҳоро аз воқеа огоҳ кард.
Дар ҳавли ҷойи сўзанзанӣ набуд. Ман сахт бовар кардам, ки модари ман, бонуи дилёбу чевару чечан дур аз диёри хеш дар ин шаҳраки дурдасти кўҳканҳо миёни чандин қавму қабилаҳои бегона маҳбубияте доштааст! «Бубин, ин ҳама мардуми одиву омиёнапўш, чи марду чи зан оби дида мерезанд. Ҳамсоязанҳо яке ба мисли денананаву[29] дигаре ненанана[30], саввумӣ децаву[31] чаҳорумӣ неца[32] сари бекаси мо, хоҳару додаронро ба сина зер карда овоз меандохтанд. Пас модари ту зиндагии барҳадар надоштааст. Саратро бардор, Марям! Ба ҷойи падари тўҳматзадаат ин маъракаи ғамро обод кун! Бо забоне нола кун, ки раҳматӣ бо он лафз  нахустин бор  «НАНА» гуфтаасту аҷаб нест, ки бо гирифтани  ҳамин калима ба забон нафаси охиринро баровардааст!»- мегуфтам ба худ. Ва ман ҳой-ҳой гиря оғоз кардам. Аз чӣ бошад, аз забонам ба ҷойи марсия суруди ғамангези алла ҷорӣ мешуд, ки модар сари гоҳвораи додаракам месароиду падар аз шунидани он ашк марҷон мекард. Издиҳом дам ба дарун кашид. Хусрав беибо миёни издиҳом даромаду бо ду даст китфонамро дошта сари болини модар овард ва бо овози гирои хеш гўиё ба мардум расонида гуфт:
-Модар, аз фарзандонат дилпур бош, ки намемонам, ба пояшон хоре халад!
Нанаам, ба пиндор, дар бистари ноз хоби ширин медид, ки лабонаш моили табассум метофтанд. Бале, ў абадан оромиш ёфта буд,- Мая-хола таваққуф кард. Таманно тақозои идома қисса накард.
           - Хобат бурд, Таманноҷон? Хоб кун, ҷони хола. Баъди чанде субҳ медамад. Ман оби таҳорат мемонам.
          Кампир наҷвокунон аз хонаи хоб берун баромад. Килки субҳ бар лавҳи машриқ ангора мекард. Ситораи рўшане чашмак мезад.


               ***               ***                   ***

          Тамоми рўз аз пеши назарам зиндагии холаи Марям мегузашт. Бале, Холаи Марям. Ман дигар ин зани ҷафокашу сиддиқаро Мая-хола нахоҳам гуфт. Марям… Марям… Чӣ номи баландест! Ман ба ин номи бузург эҳтиром мегузорам.  Замоне ҳамроҳи модар «Қассас-ул-анбиё» мехондем. Вай  ҳар қиссаро шарҳу эзоҳ медод. Ёдам ҳаст, ки чун сари қиссаи модари барўманди Исои Масеҳ расид, бо оби дида гуфт: «Ҳар гаҳ қиссахонӣ мекунам, дар рўйи ин саҳфа беихтиёр ашк мерезам. Барҳақ, бо тамоми вуҷуд дарди ин бонуи покро эҳсос мекунам. Медонӣ, Таманноҷон, хулосаи ман дуруст аст ё не, ба ҳар ҳол аз мушоҳидаҳоям мегўям: ҳар занеро, ки  бо номи Марям мешиносам, саргузашташ басе сангин аст. Хаёлам,  тамоми Марямони олам дарду доғи беҳисоби ин бонуи биҳиштиро як умр кашанд, ки поён намеёбад.» «Шумо аз чӣ ҳукм мекунед, ки Бибӣ-Марям ҳатман биҳиштист?»- пурсида будам аз модар. «Астағфуруллоҳ гўй, духтарам. Ба зеҳнат ҷой кун: ба ҷаннатӣ будани чор зани баландмартабаи олам  ҷойи шакку шубҳа набошад, ки яке аз онҳо Бибӣ-Марями пок аст.» «Отунҷон намегўянд, ки се нафари дигар кистанд?»-шўхиомез суол карда будам ман.  «Нахуст, модари аҳли башар – Момо-Ҳавво, дувум, чӣ навъ ки зикраш рафт, Бибӣ-Марями пок, саввум, ҳамсари гиромии Расули акрам – Хадичаи Кубро ва ниҳоят, фарзанди боиффати эшон, ҳамсари Алӣ-шери Худо -  Бибӣ-Фотимаи Заҳро. Бале, ин чор зани бузург бо номи занҳои китобӣ ёд мешаванд. Бесабаб нест, ки мардум бонувони боиффату  кайвониро занҳои рисолангӣ гуфта сифат мекунанд. Ин ишоратест ба сифатҳои ҳамон чор бону, ки Ҳақтаолло мартабаи баланд додааст.»
          Шаб холаи Марям чунон бо завқи том бо тамоми ҷузъиёт  саргузашташро қисса кард, ки…  Худоё, вай чунон тарзабон аст! Монистаи Шаҳрзодест, ки бо нирўи заковату чарбзабонӣ ҳазору як шабро ба рўзҳои рўшан пайваставу бар марг пирўз гардида буд. Холаи қиссагўйи ман шабро рўз карду ба дидаам заррае хоб наомад. Вақте охирин бор пурсид, ки «Хобат бурд, Таманноҷон?» овоз набаровардам, то чанд лаҳза истироҳат кунад. Боз кай иштиёқи нақли саргузашташ бедор мешуда бошад? Давоми рўзгори Марями ҷафокаш чӣ сон сурат гирифт? Қисмати падараш бо чӣ анҷомид? Бародаронаш куҷо шуданд? Хусрави ў кай даргузашт? Муҳаббати онҳо бор наовард магар? Чаро  вай дар дами пирӣ танҳо монд? Ба ин саволҳо ҷавоб мехостам. Ман акнун ҷавонии ўро дар сурати актрисаи ҳиндие, ки зиёд  шабеҳаш буд, тасаввур намекардам. Балки пеши назар симои дўшизаи кўдакбадастеро меовардам, ки нигоҳаш  маҳзун буду сарафканда. Ва даври сари модару кўдак ҳалқаи нурест бемисол. Чашм аз тамошои он доираи пурнур  роҳат мекунад. Ин чӣ ҳолати аҷибест маро? Тасаввуротам чунон рўшан аст! «Бояд навишт!»,- аз дил гузаронидам. Ва коғазу қалам ҷустам.     

Абрўвони нози Марям
Абри гирён  аз алам,
Дидааш шуд чашмаи ҷўшандае аз дарду ғам.
Зери пояш ашк дона – дона рехт,
Канд тораш шаддаи дурдона рехт.
Чор сўяш саф кашида баддаҳонон,
Теғашон – неши забон.
Ў ба зери чархи гардун бесипар,
Ҷуз Худояш такягоҳе не дигар.
Шак набошад бар қувои Кирдгор,
Рафъ гардид сахт дарду саъб кор,
Шуд пароканда ба як лаҳза ғубор.
Амр аз Халлоқ шуд,
Шарҳи ҳолаш тифли нозаш менамуд,
Покдомонии момаш месутуд.
Чун шаҳодат дод кўдак ҳамзамон
Шуд мубаддал ҳам замину ҳам замон.
Ханда зад дўшизаи модаршуда,
Буд ҳарчанд лаҳзае пеш
Дилфигор, афсурдаву хунинҷигар,
З – он ки омад тифли нозаш бепадар.
Шодмонӣ ҷогузини ғам бишуд,
Хоки хушк аз ашки шодӣ нам бишуд.
Ваҳ! Чӣ ҳолат хуб гашту беҳ шуд,
Дона – дона ашки Марям
                                        шаддаи тасбеҳ шуд!

          Ҳамин ки ба навиштан анҷом бахшидам, худро сабук эҳсос кардам. Шеъргунаро бори дигар аз назар гузаронидам. Чанд мисраъро пасу пеш  мондам, баъзе ҳарфу  ҳиҷоҳоиҳои ноҷоро ҳам иваз кардам. «Чӣ ном гузорам?»- худ ба худ суол мекардам, ки …
- «Ашки Марям»[33] унвони беҳтарин аст ба ин шеъри хуб,- ин овози холаи Марям буд, ки дар тори сарам рост меистоду ашк мерехт. Ман хиҷолат кашидам.


    ***                ***              ***

Ман акнун девони Хоҷа Ҳофизро хаёлан варақ мезанам. Ҳамин тавр аз рўйи китобе, ки фаразан дар даст дорам, фол мегирам. Баъди гусели холаи Марям, дар ҳоле ки дастам ба тоза кардани ошхона банд буду фикрам ба ғазалиёти лисонулғайб, «китоб кушодам».

«Лутфи илоҳӣ бикунад кори хеш,
Муждаи раҳмат бирасонад сурўш.»
Яке тақ-тақи дарвоза ба гўш мерасад. Рўйи ҳавлӣ мебароям, аммо овоз намедиҳам. Кӣ буда метавонад? Дар муддати ду ҳафтае, ки ман ин ҷоям боре ҳам касе дари ҳавлии холаро накўфтааст. Нозирони идораи шабакаи барқи шаҳр бошанд? Тақ-тақи дар такрор меёбад.
          - Кист, ки дарро мекўбад?
          - Дарро мекушодед.
          Худоё, овози мардона аст. Кушоям?
          - Дар хона касе нест…
          - Чӣ ҷавоби соддалавҳонае, агар дар хона касе набошад, пас шумо кистед?
          - Гуфтан мехостам, ки соҳибхона ҳузур надоранд.
          - Шумо ба янгаи Марям кӣ мешавед? Натарсида дарро кушоед.
          - Не, наметавонам, маъзарат. Он кас баъди соати 17 аз кор мебароянд. Агар зудтар дидан хоҳед, ба мактаби бачаҳои душвортарбия равед.
          Мард ақиб гашт. Намедонам, ки ин рафторам дуруст буд ё не, аммо ман дигар аз рў ба рў шудан бо мардон меҳаросидам. Ба ошхона даромада, ба шуғли дўстдоштаам пардохтам, яъне боз хаёлан девони Хоҷаро варақ мезадам:
                   «Талқини дарси аҳли назар як киноят аст,
                   Гуфтам киноятеву мукаррар намекунам.»
          Ман дигар намехоҳам, ки Хоҷаро ба ҷон расонам. Хаёлам, такрор ба такрор фол гирифтанам хотири нозуки эшонро ранҷонидааст.

          Бегоҳӣ холаи Марям бо ду борхалтаи пурбор ба хона омада даромад. Аз ҳад зиёд хурсанд буд.
- Чаро ба меҳмон дарро накушодӣ, ҷони хола? Ягон бор нашудааст, ки ба рўйи ў дарро баста бошем. Вай мегўяд: «Янга, иҷоранишинатон ба чӣ фикрҳое рафт, ки дарро накушод.» Гуфтам: «Ман кай хонаамро иҷора дода будам, ў духтархондам аст.» Хурсанд шуд, ки танҳо нестам. Ба ҳар ҳол, ба Салимзода барин инсон дарро накушоданат кори хуб нашудааст.
- Ман аз куҷо донам, ки Салимзодааш кист?
          - Ҳо, рост мегўйӣ, ту аз куҷо медонистӣ… Вай додарзодаи Хусрави ман аст. Чанд сол инҷониб дар хориҷи кишвар дар хидмати давлатист. Одатан, вай ҳар тобистон рухсатии меҳнатӣ гирифта, аҳли байташро ба Тоҷикистон меорад. Бисёр қадрдон аст. Хотири амаки раҳматиашро пос медорад. Ин дафъа ҳам миқдоре пул дода рафт. Ба хона биё, бачаҳоятро ҳам биёр, гўям, вақт нест, янгаҷон, мегўяд. Бачаҳоро ба Исфара фиристодам, бибиашонро пазмон шудаанд. Ман аз пайи кори илмӣ дар Академия улум овораам. Ҳа, нагуфта, сафарамон ҳам пир мешавад, бозмегардем, мегўяд.
          Амакаш ўро соҳиби истеъдод аст, мегуфту талқин мекард, ки таҳсилро давом диҳад. Баъди хатми донишгоҳ ба аспирантура дохил шуд. Дар донишгоҳ дарс ҳам медод. Сипас, ҳамчун кадри комсомол боло бардошта шуд. Сонитар мактаби дипломатиро хонду ба Маскав даъват карданд. Ҳамон ҷо ба як донишҷўйдухтари исфарагӣ хонадор шуд. Ҳанўз аз ватан дур асту бо корҳои давлатӣ гоҳ дар ин кишвару гоҳ дар он кишвар банд. Мегўяд, ки ҳеҷ аз кори илмӣ дил канда наметавонад. Аз ин рў, дар баробари  хидмати давлатӣ канда-канда бошад ҳам, аз пайи пажўҳиш аст. Ҳоло кори докторӣ менависад.
          Ба хона омада будааст, ки ҳамроҳ сари манзили гузаштаҳо равем. Ҳарду ба мазори Сариосиё рафта, ба арвоҳи амакаш ва дигар гузаштагонаш дуою фотиҳа кардем.
          - Волидони вай куҷо хок шудаанд?
          - Куҷо мешуд, ҳама дар Сариосиё мадфунанд.
          - Гуфта будед, ки шавҳаратон дар Комбинати маъдантозакунии Анзоб кор мекарданд…
          - Аз рўйи нақли Хусрав, бобояш аслан аз мавзеи Тамошотеппаи шаҳри Кўлоб будаанд. Солҳои инқилоб мардҳои хонадон муваққатан аз урус гурехта ба он сўйи Омў гузашта рафтаанду дигар роҳи бозгашт наёфтаанд. Модаркалони Хусрав чанд сол бо хориву зорӣ дар Кўлоб умр ба сар бурда, оқибат бо ду писари шаш - ҳаштсола дар ҷустуҷўйи қути лоямут ба Душанбе омада, муқими ин шаҳр шудааст. Модари баору номус фарзандонро бо нони фаррошӣ калон карда, хононда соҳиби хонаву дар кардааст. Хусрави ман зодаи маҳаллаи Сариосиёи пойтахт аст. Ўро аз рўйи ихтисосаш ба  Комбинати маъдантозакунии Анзоб фиристода буданд. Сонитар дар мактаби олии ҳизбии Тошканд таҳсил кард. Баъди хатми ин мактаб рўзгори ҳарҷойии мо сар шуд. Агар ту ба дафтарчаи меҳнатии ман назар мекардӣ, эҳ-ҳе, қариб мўҳри тамоми шўъбаҳои маорифи навоҳии кишвар ҳаст.
          Холаи Марям баъди намози хуфтан зуд ба ҷойхобаш дароз мекашад. Аз афти ҳол, пойи пиёда то мазори Сариосиё баромадан лакоташ кардааст, ки тез хоб мебарадаш.  Ба дидагони ман ҳеҷ хоб намеомад. Аздусар, падару модари ман ҳам дар ҳамон мазор манзили охират ёфтаанд. Ба зиёрати онҳо кӣ меравад? Ҳеҷ кас. Дар кадом гўшаи мазор мадфунанд онҳо? Кӣ нишон медиҳад ба ман?
          Дилам бухс мекунад. Яке ба оинаи барқад мутаваҷҷеҳ мешавам. Худоё, дар ин чанд рўз чӣ қадар лоғару пажмурда гаштаам ман. Ин тораҳои мўйи сафед кай пайдо шуданд? Дирўз холаи Марям синну соламро пурсид. Гуфтам: «Ҳазорсолаам.»  Сахт хандида гуфт: «Шўхӣ накун, бачам.»
Худоё, минбаъд чӣ кор кунам? Аё, Хоҷаи бузург, агар ба ҷойи ман мебудед, чӣ роҳеро пеш мегирифтед?

            «Чарх барҳам занам, ар ғайри муродам гардад,
            Ман на онам, ки забунӣ кашам аз чархи фалак!»


                      ***               ***               ***


          Чандест, ки Ҷаҳон худро намешиносад. Чӣ мехоҳад вай? Магар ў набуд, ки аз таги дар Таманнои ҳайратзадаро маҷбуран ба хобгоҳ бурд, то ҳамсараш бедор шуда, аз воқеият огаҳ нагардад? Бале, худи ў буд. Аммо ҳоло гўё ба тамоми ҷустуҷўйи нобарораш Гуля гунаҳгор бошад, занашро заҳру зақум медиҳад.
          - Мардак, ба ту чӣ шуд? Аз ман чӣ кўтаҳӣ сар зад?
          - …
          - Охир, бисёр диққатам накун. Чанд рўз аст, ки ба даҳон талқон гирифтаӣ.
          - Дафъ шав!
          Занак қаҳр карду ба анбонаи кўҳнае чанд куртаву поҷомаашро ҷой кард. Ҷаҳонро парвое набуд.
          - Мана бин, мардак, вақте ки аз ҳамин остона берун пой мондам, дигар роҳи бозгаштро фаромўш мекунам, фаҳмидӣ?
          - Маро ором гузор!
          - Будон, ки Гуля як гап дорад!
          - …
          - Модом ки пинакатро вайрон намекунӣ, ана, ман бебозгашт рафтам!
          Занак рафт. Вале Ҷаҳон бовар дорад, ки ў бармегардад. Соате ҳамроҳи занакҳои лаби об чақчақ мекунаду баргашта меояд. Ин ҳол на як бору ду бор рух додааст. Ҷаҳон бепарво худро рўйи бистар гирифт.
Албатта, дили Ҷаҳон ба Гуля низ месўзад. Ҳамин ҳисси раҳму шафқат буд, ки ин зани аслу насабаш номаълумро ба хона овард ва никоҳ басту ҳамхонагӣ оғоз кард. Дуруст аст, ки Гуля пеш аз ин аз саргузашташ баъзе лаҳзаҳоро нақл карда буд, аммо кӣ кафолат медиҳад, ки рост мегуфт? Занак ба хонаву дар чандон дилбастагӣ пайдо накард. Ҳамин ки Ҷаҳон ба бозор мерафт, Гуля низ бадар мешуд ва соате пеш аз баргаштани шавҳар ба хона меомаду ягон хўроки саридастие омода месохт. Ҳамсояи девордармиёнаш холаи Гулзинат ҳар сари чанд Ҷаҳонро гўшрас мекунад, ки ҳамсарашро сахт гирад.
- Бачам, каму зиёд бисту панҷ сол мешавад, ки ман худата мешиносам. Падару модари раҳматиату Таманною Садбарга мешинохтам. То ҳоло паси гўшам шавқуну шағалони бачаҳоят шиштагӣ. Ҳарчӣ буду шуд, гузашт. Акнун худата ба даст гир. Заната беназорат намон. Нағзаш, ҳамроҳат ба бозор бар, ҳамроҳ тиҷорат кунед. Хонаатонро обод кунед. Замона андак-андак дигар шудан дорад. Акнун мардум ба хонаву дар эътибор медиҳанд. Вақти чор болорро болои чор девор монда зиндагӣ кардан  гузаштааст. Одам барин зистан даркор.
Аз як ҷиҳат кампир дуруст мегўяд. Гирду атроф иморатҳои нав ба нав қад меафрозанд. Дар ҳақиқат диду назари мардум дигар мешавад. Аммо ба кампир «Хола, бо чор панҷ тангае, ки мо майдафурўшу шиштафурўшон меёбем, сохтани чунин хонаҳои бодабдаба хаёли хом аст. Барои соҳиби чунин манзилу рўзгори обод шудан ё «гера»-фурўшу ё соҳибмансабе бошӣ, ки пишакатро касе пишт гуфта натавонад»,- гўю қандатро хўр. Ҳатман «Эҳ бачам-а, ин чӣ замоне шудааст, ки мардум бо пой нею бо забон мегарданд… Чаро оби шикаматонро ҷунбонидан намехоҳеду ҳамаро бо нашъафурўшию порахўрӣ муттаҳам мекунед? Дунё то ин андоза бедарвоза шудааст, ки фақат ҳаромхўрон иморат кардаанд? Мана, дар пушти масҷид хонаҳои хушсохти замонавиро мебинӣ-а, дар ҳамон  қатор муаллими донишгоҳ Каримӣ ҳам иморат андохтааст. Албатта, ў баробари бизнесменҳо дар давоми як-ду сол хона насозонд. Чанд баҳору тобистон кам-кам пўшонид манзили наваша. Офарини зану фарзандони Каримӣ. Ҳама якҷону яктананд, баробар мечаспанд ба кор. Занаш мисли ту дар бозор мешишт, писарони донишҷўяш баъди дарс дар компутерхона кор мекарданд, худаш бегоҳиҳо ба хонаи шогирдонаш рафта дарси иловагӣ медод. Пул ёфтан осон не, аз ёфтани маблағ дида, ҷо ба ҷо сарф кардани он боз  муҳимтар аст, ба фикри ман»,- талх мегўяд холаи Гулзинат. Ў борҳо ҳамон Каримии муаллимро ба Ҷаҳон намуна оварда, насиҳат кардааст. Хуллас, Ҷаҳон наметавонад ақаллан пеши як кампираке, ки кайҳо хонашин шудааст, худро сафед кунад. Чӣ хел худро сафед кунад, ки қисман гапҳои холаи Гулзинат дуруст ҳам ҳастанд. Масалан, дар мавриди ҳамон устоди донишгоҳ ҷаҳон бо кампир ҳамфикр аст. Воқеан, Каримиву аҳли байташ ҳама мурчавор иттифоқанду меҳнатдўст. Зану шавҳар ҳамфакултаҳои Ҷаҳонанд. Ба онҳо ҳам ҳанўз айёми донишҷўйӣ волидонашон як хоначаи заҳзадаро «Аз иҷорахона беҳтар-куя» гуфта харида дода буданд. То он кулбаяки заминканмонанд шакли хонаи чор кас медидигиро гирифт, ки аз миён бист сол гузашт. Ҳалолашон бод.
Ҷаҳон ҳам метавонист ҳамин хел хона обод кунад, агар ба сараш чанд бор хонавайронӣ намеомад. Қисмат ба ў ҳеҷ рўз нишон надод. Ҳама орзуҳояшро дар дилаш кушт. Вай ҳозир танҳо оромӣ мехоҳад. На ҳавсалаи ҷоҳу ҷалол дораду на дилхушӣ. Ба ҳеҷ кас бовар ҳам надорад. Бовар надорад, ки дар мактаб кор карда, бо гуфте, насли наврасро тарбия карда метавониста бошад. Вай аз камии маоши омўзгорӣ рў ба бозор наовардааст. Ба як сару гўши танҳояш ҳамон маош мерасид, дар ҳоле ки ба хона ҳанўз Гуяро наоварда буд. Ҷаҳон аз худ гурехтан мехост, аз хаёлоти мағшуш дур будан мехост. Хаёлаш, ки ҳаёти дар ҷўшу хурўши бозораш фурў мебарад, худро ба чунин муҳит зад. Холаи Гулзинат Ҷаҳонро бизнесмен мегўяд, ки хандаовар аст. Ў куҷову тоҷири ҳақиқӣ будан куҷо? Агар аз Аҷинабозор миқдоре ину он харида, дар бозорҳо рўйи сангу хок шишта фурўхтан бизнесменӣ бошад… Ҷаҳон ҳеҷ кўшиш накард, ки як тинаш ду тин шавад. Агар дар дил чунин ният медошт, дар ин чор-панҷ сол қадре дастмоя ҷамъ меоварду сари кореро мегирифт. Ба ин ақлаш ҳам мерасид. Вале намехост, зеро ў дигар ҷисми беҷон ё рўҳи беқолабро мемонд. Ҳар саҳар халтае дар даст беҳавсалаву ланҷ сўйи Аҷинабозор меравад, аз нахустин деҳқони ростомада маҳсулоте мехараду ба бозори Шоҳмансур меояд. Ба болои як даҳро зам намекунад, балки аз дигарон каме пасттар нарх мегузораду тезтарак борашро мефурўшад ва халтаашро афшонида, ба таги каш мезанад. Вай аллакай медонад, ки чанд сомонӣ даромад дорад. Мувофиқи ҳамон ғизои якрўза мехараду пойҳои бемадорашро кашолакунон ҷониби кулбааш роҳ пеш мегирад. Либоси танаш ҳам ба ҳоле. Вай одатан аз фурўшгоҳе, ки дар назди бозор бо номи «Second hand»[34] боз кардаанд, пўшоки нимдошт мехарад. Ба андешаи ў, ин кўҳнаколаҳо аз лашу луши наве, ки аз Чин оварда мефурўшанд, даҳҳо бор беҳтару пурдошттаранд. Ва аммо Гуля дар ин маврид фикри дигар дорад. Мегўяд, ки либосҳои харидаат бўйи мурда мекунанд.
Ҷаҳон аз он рўзе, ки Таманноро боақлу ҳуш дид, гўиё дар умқи торикистони дилаш чароғи мил-милаке нури хирае афканда бошад, ноаён як дирам-ду дирам ба таги киса маблағе партофта, баъди ҳафтае тавонист кўрпаву кўрпача ва болину рўйҷои тозае харад. Болину бистарро ба рўйҷо лўлавор печонида ба хобгоҳи Таманно рафт. Вале тарбузаш аз бағал афтод. Ў Таманноро дубора гум кард…
Аз Гуля дарак нашуд. Мана, бегоҳии дуюм аст, ки Ҷаҳон аз бозор омада, занакро дар хона намеёбад. Шўхӣ ба шўхӣ тамоман омаданӣ нест-чӣ? Ба сари пурсавдои Ҷаҳон ин зан ҳам ташвиши дигар меорад магар? Акнун дар ҷустуҷўйи Гуля куҷо тозад?  Шояд ба милиса хабар додан лозим бошад… Ба нозирони ҳуқуқу тартибот чӣ мегўяд? «Дафъ шав, гўям, баромада рафт?» Ҳмм… Дар дасти Ҷаҳон аз ин занак на расме мондаву на донад, ки дар қайди кадомин манзил аст. Умуман Гуля шиноснома дошт? Аз афти ҳол, не. Баҳар ҳол, Ҷаҳон надидааст.
Вақти никоҳ бастан мулло пурсида буд, ки агар тоҷик бошӣ, номи аслиат чист? Занак гуфт, ки дар ятимхона ҳам Гуля мегуфтандам. «Аз рўйи ҳуҷҷат чӣ ному насаб дорӣ? Ку, ҳуҷҷатата биёр.» Занакро сахтгапии мулло маъқул нашуд ё сабаб дигар буд, ки барошуфт ва рўймолакеро, ки ба эҳтироми домулло гуфта, холаи Гулзинат ба сараш партофта буд, як сў ҳаво доду «Гўё никоҳи қонунӣ мебаста бошад, ки пурсуков мекунад»,-гуён ҷониби мулло беэътиноёна нигаристу аз хона баромада рафтан хост. Вале холаи Гулзинат сад бор мураму зиям гуфта миёни муллову арўс муросову мадоро андохт. Мулло паст фаромада бошад ҳам, ба ҳар ҳол гуфт: «Дониста бошед, ки пеш аз ҳама, никоҳи шариатӣ қонунист, зеро шариат худ қонун гуфтанӣ гап аст. Модом ки шумо тоҷик бошеду худро мусалмон донед, бояд мувофиқи шариати Ислом амал кунед.» «Агар бисёр донистанатон шарт бошад, Гулсум духтари Исломуддинам»,- бо ҳамон оҳанги беэътиноӣ гуфт арўс. «Баҳ-баҳ, чӣ ному насаби баланде! Аз ин ном ифтихор бояд кард! Маълум мегардад, ки гузаштагонатон одамони аз фарҳанги Исломи азимушшаън бохабар будаанд. Ҳеҷ гап не, ин ҳам пеш аз ҳама аз қисмат аст ва дигар айби замона буд, ки шумо барин бархеҳо ба дарки шариати пок нарасидаанд. Ху-уш, ки бошад, бо умеди тавфиқу ҳидоят ёфтанатон, Гулсумбибӣ, аз он сар мекунем, ки бояд калимаи шаҳодат ба забон оваред.» Ҳамин тавр, холаи Гулзинат ба даҳони занак калима меандохту ў ба мулло бозгўйӣ мекард. Ва ниҳоят никоҳи Ҷаҳону Гулсум хонда шуд. Аммо, воқеан, он зан Гулсум духтари Исломуддин буд ва ё не? Ҷаҳон то ҳол намедонад. Пас ўро аз куҷо ҷўяду аз куҷо ёбад?


      ***                         ***                        ***

Ҳарчанд холаи Марям хастагиашро нишон намедиҳад, вале Таманно мебинад, ки ин зани чақчақӣ рўҳан монда шудааст. Бинобар ин, бо тамоми дилу ҷон мекўшад, ки хола бардам бошад. Охир, ин бонуи нексириштро дар ин дунё ягона такягоҳи худ меҳисобад, гумон дорад, ки аз ў монад, аз ин олам мемонад. Ягона холаи Марям аст, ки ба гапҳои Таманно бовар мекунад. Бовар дорад, ки ў Ҳатуба – як раққосаи ҳиндуваши хавоспарешон несту Таманност. Итминон дорад, ки Таманно духтари нозпарвардаи Усмон-нонвою Хосият-отуни Самарқандист. Бовар дорад, ки ў яке аз шогирдони аълохони Донишгоҳи омўзгорӣ буда, мебоист пас аз як сол онро хатм мекард. Агар Худо нокарда, холаи Марям аз сар равад, Таманно худро дубора гум хоҳад кард. Боз мардум ўро Ҳатуба хоҳанд пиндошт… Худоё, худат ин зани кони маърифатро, ки аз сад тоҷик тоҷиктар аст, дар паноҳат нигаҳ дор! 
Дирўз хола аз кор бо димоғи сўхта баргашт. Таманно сабаб пурсид, хола даст афшонда гуфт:
- Мон, бачам, ба хотирам набиёр. Беҳтараш як чойи кабуди талх дам кун, ки сарам ба кафидан наздик мерасад.
Таманно аз пайи иҷрои хоҳиши соҳибхона шуд. Пас аз хуроки шом холаи Марям худаш ба сухан даромад.
- Қариб ду сол пеш ба мактаби мо духтараки тахминан дувоздаҳ-сенздаҳдаҳсолаеро оварда буданд. Чунон хушрў, чунон дилкаш, ки мондан гир. Аз ҳама худро канор мегирад. Мегўйӣ, вуҷудашро  тарсу ҳарос пахш кардааст. Кўшишҳои равоншиносу омўзгорон беасар мемонд. Ҳамеша сархам буду ба саволи кас «ҳа»-ву «не» гуфта ҷавоб медоду бас.
- Шояд ягон мушкилоти равонӣ дошт?
- Албатта. Аз парвандае, ки додгоҳ фиристода буд, мушкилоти ин духтар аён буд. Лекин гап дар сари чизи дигар.  Ягон ду ҳафта шуд-дия, модари духтар ба мактаб омада буд. Чӣ мегўйӣ, ки қуфли забони духтарак кушода шуд. Чӣ таънаҳое зад модарро! Мушт бар сар зада чӣ нолаҳое кард он берўзӣ! Модар сарафканда буду ашк мерехт… Ҳатто духтароне ҳам, ки кайҳо аз одамият дур шудаанд, оби чашм мекарданд. Духтарак Зебогул ном дорад.
Духтар даъво мекард, ки агар воқеан ту модар мебудӣ, ба хотири мо ду тифли норасида ба ҳар заҳру зақуми падарамон тоққат мекардӣ. Бигзор, туро хушдоман бекас гуфта паст занад, бигзор хусур бедаступо гуфта таъна занад, тоб меовардӣ. Модом ки ҷойи рафтан надоштӣ, касе надоштӣ, ки дастатро гирад, чаро моро аз хонаи падар баровардӣ? Мегуфтӣ, ки ман ба падари латтаи шумо чӣ будани зиндагиро нишон медиҳам! Дар як сол соҳиби ҷоҳу ҷалол нашавам, номам Гулсум набошад. Соҳиби манзилу нону ош шудӣ? Маро бесавод монондӣ, ба мисли сагбачаҳо дар хонаи иҷора қулф карда монда, худат шаби дароз гум мешудӣ. Гумонат, ман намедонистам, ки ту куҷо мерафтӣ? Бигў, дар тарабхона кор мекардӣ? Хестӣ, ки хобат! Дугонаҳое, ки ёфта овардӣ, онҳо ҳамкоронат буданд? Дар куҷо кор мекардед шумо? Онҳо ҳам ба мисли ту шабкорони сабукрафтор буданд. Ёдат ҳаст, Кариму Умед ном ҷавонони аз худатон чанд сол хурдро ба хона овардед. Ҳамон шаб пас аз айшу нўши зиёд маро аз хонаи хобам зўран пеши меҳмононат бароварда гуфтӣ: «Шинос шав, ин - Умед, братишкаи ман, шавҳари дугонаам Сарвиноз, ана ин бошад, Карим – шавҳари ман, то есть падари туву Беҳрўзҷон. Яъне ту акнун падардор шудӣ, Зебо! Муборак бошад!»
Ҳама қарсакзанон моро табрик карданд ва барои ояндаи дурахшони мо қадаҳ бардоштанд. «Падар» Беҳрўзи хурдакро бо як даст бардошту бо дасти дигар аз китфони ман сахт фишўрд. Ту таъкид кардӣ, ки ба тарбияи мо минбаъд Карим машғул мешавад. Баъди ин ту моро рўзона гоҳ-гоҳ ба сайру гашт рухсат медодию худат ҳамроҳи Карим хилват мекардӣ. Шабона одатан аз пайи «кор»-ат мешудӣ. Шавҳарат бо мо мемонд. Гоҳо ҷўрааш Умедро бо худ меовард. Як бегоҳ дар кушода шуду братишкаат Умед пайдо шуд. Дарро аз дарун маҳкам карду ба ман дарафтод. Зўрам нарасид. Ба мақсад расиду баромада рафт. Тани афгорамро бардошта наметавонистам. Нимишабӣ шавҳарат ҳозир шуд.
- Корат тамом шуд? Умед бачаи зўр-а? Мо ҳам аз ў кам нестем. Модом, ки ба вай мумкин будааст, ба мо ҳам мумкин.
- Охир, ту шавҳари модарам мешавӣ! Ба ҷойи падарам ҳастӣ! Айб аст, дада…
- Синну соли модарат баробари апаи калонии ман аст. Орзу кардааст шавҳара, - Карим аз мўям кашида ба ҷойхобаш ҳаво дод.
Паси ҳам чанд рўзу шаб аз ту дарак набуд. Ин кор борҳо такрор ёфт. Ҳар дафъа аввал то мурданам мезаду сипас коми дил меситонд. Ниҳоят як бегоҳ телефон карда гуфтӣ, ки аз Маскав баъди як-ду рўз бармегардӣ. «То омаданама аз гапи дадаат набаро, ҳар чӣ хоҳад, иҷро кун!»- фармон додӣ ту. Ман аз хоҳишҳои ў безор шуда будам. Карим мегуфт: «Агар ба модарат як даҳон гап занӣ, сари ҳамаатонро як-як мегирам. Шумо ҳама бесоҳибед, ба касе даркор нестед, фаҳмидӣ!» Бале, вай шўхӣ намекард. Ман бо ишораи «фаҳмидам» сар ҷунбонидам. Шаб Карим шароби зиёде хўрду бехуд шуда дар дамгаҳи дар афтода монд. Бо азобе аз кисаи шимаш калидро баровардам. Ба хонаи хобамон даромадаму аз рухсораҳои додарам бўсидам ва оҳиста дарро кушода худро берун гирифтам. Ба хонаи падар рафтан маънӣ надошт. Бо домани олуда ба назди падаре, ки аллакай муносиби худашро ёфтааст, рафтан воқеан бемаънигист. Бинобар ин, аз Хонаи матбуот то лаби дарёи Душанбе пиёда тохтам. Аниқ худкушӣ кардан мехостам. Аммо… мошине дар назди бозори Баракат пеши роҳамро гирифт ва низомипўшоне маҷбур карданд, ки ба мошин нишинам.
- Ҷазояшонро кашида истодаанд он ду номард. Касе, ки бо ҷурми таҷовузи ноболиғон шишта бошад, ҳолаш он ҷо аз килла бадтар. Духтараки азизам, ман аз куҷо медонистам, ки ту ин қадар дар азоб будаӣ?  Агар ба ман мегуфтӣ…  Агар медонистам, ки…
- Магар ту намедонистӣ? Медонистӣ!!! Ақл надоштӣ?! Девона будӣ?! Намедонистӣ, ки духтари дувоздаҳсолаат аллакай ба чашм намоён гаштаасту ҳамнишинонат ҳама нашъакашу майпарастанд?!
- …
- Чаро хомўш ҳастӣ? Сухане надорӣ? Рав ба роҳат. Беҳрўзҷонро милиса ба сағирхона супорид? Хуб шудааст. Аз паси вай ҳам нарав.
Модар берун баромад. Ба ман илтиҷо кард, ки ба Зебогулаш нағз нигоҳ кунам. «Апаҷон,- мегуфт ў,- ҳар таънае, ки духтарам мекунад, ҳақ дорад. Аз ман бисёр гузашт. Лекин Худо яктост, намедонистам, ки Кариму Умед дар ҳаққи фарзанди норасидаи ман чунин корро раво дидаанд. Ман аз ин қазия баъди як соли аз маҳбас баромадан огаҳӣ ёфтам. Бале, Зебогул гуфт-ку, дар Маскав  будам. Борро беосеб расонидам. Ҳаққи хизматамро доданд. Ба тайёра чипта ҳам доштам. Гумон кардам, ки ҳамааш бо хубӣ анҷомид. Вале… 
Аз афти кор, аз пайи ман кайҳо афтода будаанд. Ҳашт сол доданд. Дунё дар назарам торик шуд. Дар маҳбас бо Анжелика ном духтари ҷавон шинос шудам. Ба ҳамдигар дарди дил мекардем. Вай ҳам аз Тоҷикистон, аз  тарафҳои Дарбанд будааст. Аслаш Фаришта ном доштаасту дар маҳбас Анжеликааш меномиданд. Баъди чанд моҳи ҳамкамерагӣ ўро аз назди ман дигар ҷо бурданд. Сонитар шунидам, ки ба иллати беморӣ озодаш кадаанд.
 Пас аз як сол дар асоси авфи умум озодӣ насибам шуд. Рост ба хонаи иҷораамон омадам. Он ҷо оилаи хориҷиеро ҷой дода будаанд. На онҳо саволи маро мефаҳмиданду на ман ҷавоби онҳоро фаҳм мекардам. Ҳамсояҳо гуфтанд, ки аз қисмати духтару писарат хабар надорем, аммо ҷавони ҳамхонаатро милисаҳо бурданд. Ноилоҷ ба мамемаҳаллаи Соҳили наҳраки пойтахт омадам, ки дар яке аз кулбаҳои он Анжелика бояд мезист. Лекин дарро баста дидам. Аз рӯйи гуфтаи ҳамсояҳо, ин ҷо марди танҳое зиндагӣ мекунаду ҳеҷ кас намедонад, ки Фаришта куҷост. Ҳамин вақт халтае дар даст марди сарсафеди лоғарандоме пайдо шуд. Вай бародари ҳамон сиёҳрўзии ҳамкамераам будааст.
Он шаб дар кулбаи ў мондам. То нисфи шаб аз хоҳараш Фаришта мепурсид. Ба гапҳои рости ман гоҳо бовар намекард. Мисли занак оби дида мерехт. Раҳмам омад. Субҳи дигар рафтан мехостам, ки намонд. Гуфт, ки то ҷойи муайяне ёфтан дар ҳамин ҷо зиндагӣ кардан гир. Мондам. Сонитар зиндагии якҷоя оғоз кардем. Рости гап, ин зиндагӣ нест. Дар як ҳелчаи саг нимсеру нимгурусна рўз гузаронидан… Кош кушодачеҳра бошад. Гўиё барои тамоми бадбахтиҳояш ман  сабабгор бошам, ҳамеша бо асабоният гап мезанад. Метарсам, ки аз фарзандонам гўям. Умуман вай намедонад, ки ман Зебогулу Беҳрўз дорам.
Холаҷон, ният дорам, ки ба дуриҳои дур равам. Ба ягон деҳаи дурдасте равам, ки касе маро нашиносад. Фарзандаконамро бо худ бараму ҳалол зиндагӣ кунам. То мўҳлати озод шудани Зебо мерасад, ки дар хонаи он марди берўҳу шумнигоҳ тоққат мекунаму баъд аз ин шаҳр баромада меравам.»
 Таманно ранг мебурду ранг меовард. Хушбахтона, холаи Марям ҳолати вайро пай набурда берун баромада рафт ва баъди чанд дақиқа ба хона даромада, қиссаашро чунин хотима дод:
- Медонӣ, бачам, имрўз директори нав гапи тоза ёфта омад, ки ҷасади ҳамон зан, яъне модари Зебогулро аз канали Ҳисор ёфтаанд. Дилам ба ҳоли ятимонаш сўхт. Директор мегўяд, ки ҳамсараш ба тафтиши ин қазия вобаста будааст.  Назар ба гапи зани директор марги модари Зебогул тафтиши кори як гурўҳи ҷиноятпешаро ба бумбаст бурдааст. Гўё ин зан ба пурокурори шаҳр аз болои Карими каттазан шикоят оварда будааст.
Ҳар ду чанд дақиқа сукут варзиданд. Ниҳоят хола «Канӣ, бинем-чӣ, дар дунё чӣ гап»,- гуфта, тукмаи телевизорро зер карду пас аз лаҳзае ба духтархондаш рў овард:
- Таманноҷон, ба ту гуфтам-а,  директории мактаби мо нав шуд. Директори аввала ба нафақа баромад. Медонӣ, киро ба мо сарвар таъин карданд? Номзади илми педагогика  Ҳабибуллоевро! Баъди Қўчқоров чанд даҳсола мактаб роҳбари дилсўзеро пайдо карда наметавонист. Марҳум Аҳмадбек Қўчқоровро, ки марги пурасроре насибаш гардид, Макаренкои тоҷик мегуфтанд. Инак, оҳи моро Худованд шунид. Худи Ҳамидулло Ҳабибуллоевро, ки мавзўи кори илмиаш мушкилоти бачаҳои хиёбонӣ будааст, сарвари мактаби махсус таъин карданд!
Аҷабо имрўз Таманно аз забони холаи Марям пайи ҳам номҳои шиносро мешунавад. Ҳамсинфу ҳампартаи Таманно низ Ҳамидулло Ҳабибуллоев ном дошт. Ҳо, ҳамоне, ки дафтари баёзи Таманноро пинҳонӣ гирифта мехонд… Дар воқеъ, хола пеш аз ин гуфт, ки зани директор тафтиши марги модари Зебогулро ба ўҳда доштааст. Исто, Таманно, зани Ҳабибуллоев дугонаи ҷамолакиат Нигора нест магар? Бале, бале, Нигора бояд бошад! Охирин бор ту онҳоро дар ҷашни арўсиат дида будӣ, ки дар зиёфат бар ба бари якдигар менишастанд. Он вақт Ҳамидулло нав аз хизмати ҳарбӣ баргаштаву аҷаб ҷавони тануманду зебо шуда буд…


              ***              ***              ***

Холаи Марям бо тамоми вуҷуд ғарқи тамошои телевизор аст. Вай одатан ҳангоми тамошои барномаҳои хабарӣ ба гўшу ҳуш табдил меёбад. Таманно ба соҳиби хона бо меҳр менигарист. Аҷаб занест ин холаи Марям. Дар баробари сухандону суханвар будан шунавандаи хуб ҳам ҳаст. Вай метавонад соатҳо ба ҳамсўҳбаташ гўшу ҳуш диҳаду бо калимае нақлашро набурад. Таманно чанд шаб пеш аз нўки сўзан то гиреҳи ришта тамоми саргузашташро ба ин зани пуртаҳаммулу бурдбор нақл кард. Холаи Марям дар анҷом гуфт:
- Акнун фаҳмидам, ки чаро «Ман ҳазорсолаам» мегуфтаӣ.
Ва  Таманно он шаб боз қалам ба даст гирифт, то алами дилро нишонад. Мурғи аввал бонг мезад, ки навиштаи хешро дубора хомаи таҳрир кашида шуд:

Ман дар ҳаваси диёри Ишқам,
Сарбозаму сар ба дори Ишқам.

Сад ҷўй сиришки ман равон шуд,
Аз Чашмаву чашмасори Ишқам.

Сад таън бизад хирад ба сўям,
К-андар раҳи беқарори Ишқам.

Бин дирҳами аҳди Доқёнус,
Ман чилланишини ғори Ишқам.

То парда биафтаду расам ман
Бар манзили шаҳсавори Ишқам!

         
Холаи меҳрубон пареррўз як дафтари муқовасабзи ғафсе дода гуфт: «Шеърҳоят дар варақҳои ҷудогона гум нашаванд, гуфта харидам.» Дафтар ҷилди чармӣ дошт. Таманно модари худро ба ёд овард, ки ҳамин гуна тўҳфае карда  буд. Таманно аз  ин шабоҳат мутаассир шуду ба гўшае чашм духта монд. Пеши назараш ҳавлии барҳавои падар омад.
Духтари хона дасту остин барзада тирезаҳои равоқро мешуст. Яке занги телефон садо дод. Таманно, ки дар пағонаи баланди нардбон буду қисмати болоии чашмакҳои равоқро мешуст, зуд ба даҳлез расида наметавонист. Ба дил гуфт: «Бийиҷонам мебардорнд.» Аммо  модар ба чашм намерасид. Шояд сари ҷойнамоз буд. Занг такрор ёфт. Модар аз хона садо кард: «Таманноҷон, телефона бардорӣ-чӣ.» Не, модар аз хона набаромад. Кош мебаромад, ки Таманнои сарсахту дарбадар як бори дигар ба дидори азизи модари сар то ба по ғарқи нураш мерасид. Занги телефон бори сеюм такрор шуд. Таманно барқасд аз тирезашўйӣ даст накашид. Хаёлан Хосият-отунро маҷбур мекард, ки ба чашми духтараш намоён шавад.
- Таманно, магар бардоштани гўшӣ бароят ҳамин қадар душвор буд…- ин овози модар нест. Таманно аз олами хаёлот берун омад ва дартоз ба даҳлез расид. Ку телефон? Садои зангўлаи нозук аз куҷо меояд?  Садо қатъ ёфт. Пас аз чанде холаи Марям аз душхона баромад.
- Кӣ телефон мекард?
- …
- Набардоштӣ телефона?
- Ҳеҷ ҷо телефон набуд.
Хола хандаи сахте кард. Таманно ҳеҷ чиз намефаҳмид.
- Мебахшӣ, духтарам, мебахшӣ… - хола аз анбонаи рангпаридааш қуттичаи сиёҳероро гирифта кушод ва чанд тукмачаро пахш карду ба гўш дошт.
        - Ало! Ваха, азизи ман! Чӣ ҳол дорӣ? Хуб? Худоро шукр! Аз аҳволи доьзал[35] гап зан. Зуда[36], бераш[37], марда[38], марнана[39]? Ҳама хубанд? Шукри оллоҳ! Бовар намекунам! Ина бин-а, Вахани нозпарварди мо аллакай чаҳор карат деда. Шукр! Ном ёбам? Не, азизам. Ин дафъа ихтиёрро ба падару модари ҷавон вогузор. Охир, хонаат пури номи мурдаҳо шуд: Таус, Болатмирза, Дукхаваха. Акнун Хусрав мемонӣ? Ин хоҳиши Ширин аст? Модом, ки Хусрав маъқулаш бошад, маҷбур мешавад, ки пас аз сари ман ба яке аз наберагонаш Марям ном гузорад. Вай намедонад магар, ки таърихан Маряму Ширин[40] дар як хонадон намеғунҷанд? Шўхӣ мекунам, албатта… Таърихашро гўям? Эҳ, ин қиссаи дуру дароз аст, азизам Ваха. Барои ин достони Низомии Ганҷавиро хондан даркор.
         Таманно беихтиёр вобаста ба рўҳияи Марям ин байтро бадоҳатан хонд:
          
Чун бинозам, нест бо ман Хусраве,
Кай бисозад Маряму Ширин, бигў?

         Хола ҷониби духтархондаш бо ифодаи миннатдорӣ сар ҷунбониду бо додараш гуфтугўйи телефониро давом дод:
          - Ҳамин тавр, зуд-зуд телефон карда ист. Не, Вахаҷон, наметавонам. Фарҷомгаҳи падар ин ҷост. Хоки поки Хусраву Дукхаваха ин ҷост. Чӣ? Ҳа, Надим чанд рўз пеш  омада буд. Ба Исфара рафт. Мегўяд, ҳатман аҳли байтро ба Ҳайдаркан мебарам. Сари мазори модаратонро гулпўш мекунам. Гуфтам, гумон аст, ки мазори ғарибон побарҷо бошад… Вай соҳиби қавлу қасам аст. Модом ки меравам гуфт, меравад. Шиносномаи дипломатӣ дошта бошад, кӣ ба вай монеъ шуда метавонад? Рост мегўйӣ. Илоҳо падару модараша раҳмат кунад. Занаш? Одами тилло. Бачаҳои хуб дорад. Дигар, Ватан тинҷӣ? Хабарҳои охирин дилғашкунандаанд-ку? Гўшу ҳушам ба Чеченистон. Аз «Новости» мебинам. Радиоҳои «Амрикои озод»-у «Би-Би-Си»-ро мешунавам. Ширин ёди Тоҷикистон намекунад? Падару модараш дар Маскаванд? Тоҷикистони ҷангзадаро ба мо монда  ҳама фирор карданд? Ширин бо падару модар вохўрд? Бахшидандаш? Тавба, ў чӣ гуноҳ карда буд, ки… Хайр, оқибаташ бахайр шудааст. Дер ояду шер ояд, гуфтаанд. Ман - хурсанд. Аз ман хавотир нашав. Танҳо нестам. Ту шарм намекунӣ… Магар ёди  Хусравамро ба ягон марди дигар иваз карда метавонам… Бо ин гуна масъалаҳо шўхӣ намекунанд. Дар дами пирӣ Худо маро танҳо нагузошт, духтаре ёфтам. Бале, Таманно ном дорад. Дилат пур бошад, фариштахў. Хайр, ба ҳама салом гўй. Хусрави маро азиз дор. Илоҳо, умраш дароз шавад! Хайр!
Таманнои ҳайратзада тамоми ин лаҳзаҳо гоҳ ба телефони дастии холаи Марям менигаристу гоҳ ба сўҳбати телефонии ў мутаваҷҷеҳ мешуд. Кампир ба ҳолати духтархондаш сарфаҳм мерафт, албатта. Бечораи Таманно. То ба воқеият мутобиқ мешавад, ки…
Он шаб то бонги мурғи аввал Таманно аз холаи Марям давоми қиссаи рўзгори ўро мешунид. Акнун вай медонист, ки пас аз чили модар Хусрав онҳоро аз Ҳайдаркан ба Душанбе овард. Марям ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи таъриху филология супориду донишҷўйи ғоибхон шуд. Дар аввал наздикони Хусрав ба заношўйии ду дилдода рўйхуш надода бошанд ҳам, сонитар феълу хўйи хуби арўс онҳоро дилгарм кард. Хусрав то ба Маскав нависонавис карду Болатмирзаи тўҳматзадаро аз маҳбас озод кунонид. Бечора мўйсафед то дами вопасин дуои ҷони домодашро мекард. Аммо аз чӣ бошад, ки бехи дуои падар сабз нагардид, яъне, аз Хусраву Марям фарзанд нашуд. Хусрави садоқатманд додарарўсонашро фарзанд хонд. Дукхаваха ба касбу кори шавҳари хоҳарбузургаш ҳавас карда, ба мисли ў мутахассиси соҳаи геология шуд. Пас аз хатми донишгоҳ ўро, ки Хусрав Воҳидҷон ном мегирифт, ҳамчун афсар ба Афғонистон бурданд. Ҳамагӣ пас аз шаш моҳи хизмат ҷасадашро оварданд. Хусрав барои Воҳидҷонаш ончунон сўхт, ки!... Болатмирза умри дароз дид. Дар сини ҳаштод даргузашт. Вахийта ба факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Ленинград дохил шуд. Ҳанўз аз курси чорум ба Кувайт сафар кард. Аз ў Хусрав умеди калон дошт. Соле, ки донишгоҳро хатм кард, духтари ҳамсоя - Ширини нозанин, ки ҳарду ҳамсинф буданд, дипломи духтурӣ гирифта буд. Ваха ўро «дуздида» бо худ ба Русия бурд. Онҳо чун мутахассисони варзида солҳо дар мамлакатҳои Араб кор карданд, ба Маряму Хусрав, ки солҳои ахир дардманд шуда буд, қариб ҳар моҳ мадад мерасонданд. Ҳамин телефони дастиро ҳам Ваха ба Хусрав-дадааш тўҳфа кардааст. Хусрав бо ин телефон фахр мекард! «Ин хелашро ҳатто мири шаҳр надорад»,- мегуфт раҳматӣ. Ваха аз рўйи васяти падар амал карда, сонитар бо аҳли оилааш муқими Чеченистон шуд. Чунон ки Ваха ба апааш аз тариқи телефон хабар дод, ҳоло онҳо соҳиби чаҳор набера ҳам шудаанд. Маълум мегардад, ки дар хонадони Вахаву Ширин эҳтиром ба забони тоҷикӣ дар баробари забони чиченист. Вагарна Вахаву Марям бо забони тоҷикӣ ҳарф намезаданд.
- Падару модари Ширин бахшидаанд, гуфтед?
- Аслан, ҷавонон кори баде накардаанд. Дили ошиқро ба дину миллат сару коре нест. Дўстии Вахаву Ширин, ки ҳар ду  мактаби 9-и пойтахтро хатм кардаанд, аз синфи ибтидоӣ оғоз гирифта буду оҳиста-оҳиста ба ишқ табдил ёфт. Ваха ба Русия хонданӣ рафта бошад ҳам, муносибати онҳо канда нашуд. Пайваста мукотиба доштанд. Баъди бозгашт ҷавон фаҳмид, ки падар Ширинро ба писари яке аз одамони маъруф доданист, ба пўстинаш кайк даромад. Ҳарчанд Вахаро фаҳмондем, ки падари Ширин як кўҳистонии базарда аст, донистаи худашро кард: як субҳ ҷевони  либосҳояшро холӣ ёфтем. Ҳамон рўз фиғони модари Ширин ҳам ба фалак дакка зад! Падараш якзайл қасам мехўрд, ки рўдаи ин чиченбачаи беандешаро ба гарданаш напечонам, ман Салами дарвозӣ набошам.
- Баъд чӣ шуд?!
- Оқибаташро шунидӣ-ку. Салами дарвозии базарда дар солҳои нооромиҳои сиёсии Тоҷикистон ба Русия паноҳ бурда буд. Бесабаб нагуфтаанд, ки «гаҳе пушти зину гаҳе зинбапушт.» Ҳар баландӣ рўзе пастӣ дорад ва ҳар пастӣ ҳам баландие. Мана, оқибат об ба лаби ҷўй баробар шудааст.
Агар падари одамшавандаи Ширин аз рўйи ақли солим кор мекард, ин ду дилдода солҳо аз ин шаҳр ба он шаҳр овора шуда намегаштанд. Падари ман ҳам ақаллан бо дастони худаш ба мардум оши никоҳи як фарзандашро дода орзу мешикаст. Умеди Хусрав ҳам ба Воҳидҷони ягонааш буд. Додари ман аз кӣ кам буд? Ҷавони чашму абрўсиёҳи болобаланд, соҳибмаълумоту боақлу ҳуш, ғайридин не. Бо гуфте, тоҷики таппа-тайёр. Мана, чанд соли ахир рўзномаҳо менависанд, ки тоҷикдухтарон дар орзуи зиндагонии серу пур шавҳари амрикоиву ҳиндиву чинӣ меҷўянд. Яъне, худашон эълон медиҳанд. Ба инаш чӣ мегўйӣ?
Холаи Марямро кайҳо хоб бурдааст. Таманно бедорхобӣ мекашад. Тавба, боре дар ҳашари пахтачинӣ донишҷўён латифагўйиву лофзании зиёде карданд. Латифае, ки як ҳамкурсашон нақл карда буд, ҳанўз ба хотири Таманност. Мазмуни латифа чунин буд: як ҷопониву як чукча, ки ҳамсабақ будаанд, бо ҳам сўҳбат мекардаанд. Ҷопонӣ нақл кардааст:
- Ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносӣ падари ман аз змини падарон ноқилеро ёфт, ки таърихи панҷу ним ҳазорсола доштааст. Аз рӯйи таҳқиқоти олимон, ин бозёфт сими телефоне будааст, ки ниёкони мо панҷу ним ҳазор сол муқаддам истифода мебурдаанд.
Чукча ҳамон замон ба гап даромадааст:
- Падари ман ҳам бостоншиноси маъруф аст. Вай ҳам бо умеди ба даст овардани нишонаи тамаддуни қадими миллат чанд сари сол ковишҳои илмӣ мекард. Вале ў, хушбахтона, ягон ноқил наёфтааст!
- Намефаҳмам, чаро хушбахтона мегўйӣ?- изҳори ҳайрат кардааст ҷопонӣ.
- Маълум мегардад, ки ҳанўз панҷу ним ҳазор сол пеш,- бо ҷиддияти том гуфтааст чукча,- мардуми мо бо телефони бесим муошират мекардаанд!
Сари Таманно гирд мегардад. Магар афсонаҳо ба ҳақиқат табдил меёбанд? Ин хел гапу корро дар асарҳои фантастикии Абдумалик Баҳорӣ хондан мумкин буд. Фарқи қаҳрамонони он нависанда аз ин зани солрафтаи ҳамадон дар он аст, ки онҳо нодарӣ гап мезаданд. Холаи Маряму додараш, ки аслан тоҷик нестанд, бо лафзи дарӣ сухан мекунанд. Таманно телефони дастии холаро гирифта ба таври худаш ҳарҷониба омўхт. Рост мегўяд холаи Марям, ин хелашро Таманно дар дасти ягон кас надидааст. Ин мўъҷизаро бин-а.
         Хола мегўяд, духтарон аз намояндагони ҳар дину ҳар миллат ҳамсар интихоб мекунанд. Рост бошад? Охирзамон шудааст, аз афти кор. Дирўз буд, ки Таманно барои ба муроди дил расидан пеши модар зорӣ мекард, ки падарро ба гап андозад, то садди роҳи бахти ду ҷавони ҳамзабону ҳамватан нагардад. Имрўз бошад, духтарон худ эълон медодаанд, ки…
Воқеан, аз оҳанги гапи холаи Марям пай бурдан душвор нест, ки додарзодаи шавҳараш ҳамон Надими патриот аст. Тавба, кўҳ ба кўҳ намерасад, одам ба одам мерасад, гуфтанӣ гап рост будааст. Хайрият ки Таманно он рўз дарро ба рўйи ў накушод. Вагарна Надим Таманноро ба ин ҳоли зор, ба ҳайси қарории даргоҳи мардум медид, ки хуб намешуд. Таманно як оҳи ҳасратомезе кашиду ба даст хома гирифт. Боз як шаби сиёҳмилаи обистан  тифли ширбўйи субҳ ба дунё овард, то ин ғазалгуна комилан рўйи коғаз рехт.

Ба худ қатъи даво кардам, надонам,
Чӣ пиндори хато кардам, надонам.

Чӣ шабҳое, ки оби дидаам рехт,
Ба номарде вафо кардам, надонам.

Дуторе шуд ду тора ашки чашмам,
Чаро дардам наво кардам, надонам.

Ба даст овардани мақсад чӣ мушкил,
Ба осонӣ раҳо кардам, надонам.

Зи пеш омад умеди растагорӣ,
Чаро рўям қафо кардам, надонам.

Бигуфтандам, ки шоҳӣ шодӣ орад,
Матои ғам қабо кардам, надонам.

Ҳазорон монеа дар роҳи фарҳанг,
Ба худ мушкил чаро кардам, надонам.

Нагуфтан беҳ аз он бошад, ки гуфтан,
Хато андар хато кардам, надонам.


                                  ***                   ***  

Холаи   Марям лаб дар баногўш аз дари кўча даромада омад. Таманно, аз анборча мошинкаи чопии кўҳнаеро ёфта буду онро боҳавсалаи том тоза мекард, аз омадани соҳибхона бехабар монд.
- Ба металлом месупорӣ магар?
Таманно якқад парид.
- Мебахшед, холаҷон, саргарми кор шуда нафаҳмидаам, ки …  Дар анборчаатон ба ғайр аз ҷони одам дигар ҳама чиз ёфт мешавад. Мана, «ЗИНГЕР»-и модаратонро ҳам коршоям карда мондам. Мошинкаи чопӣ ҳам наппа-нав шуд.
- Бовар кун, ҳамин шаб модарро хоб дидам, ки дар Ҳайдаркан рўйи сўфаи ҳавлӣ дарз медўзаду чеҳрааш кушода. Дар бараш Якшоха зону задаву Алўлаку Булўлак бозӣ доранд. Чунон хоби рўшан буд, ки … Мехостам саҳарӣ бароят хоб гузорам, ки ширин мехуфтӣ. Дилам нашуд, ки бедор кунам. Хаёлам имшаб ҳам парии илҳом меҳмонат буд. Шеъратро хондам. Мошинаи дарздўзиро дарун медарорем, аммо ба ин дардисар чӣ кор мекунем?
- Шуморо намефаҳмам, холаҷон, магар мошинкаи наппа-нав дигар ба дарде нахўрад? Ман солҳои мактабӣ курси махсуси мошиннависиро хатм кардаам. Бо гуфте, қориёна чоп мекунам. Аз чанг зер карда истоданаша, хуб нест, ки ман истифода барам?
- Хуб аст, ки чунин ҳунар доштаӣ. Аммо, духтарҷон, ҳоло аз ин мошинка қариб ҳеҷ кас истифода намебарад. Ҷойи инро кайҳо компютер гирифтааст.
- Ком… компутараш чист?
- Эҳ, ҷони хола-е, ба ту чӣ хел фаҳмонам… Компютер   як василаи замонавии чопкунӣ. Барои касе, ки бо мошинка озод кор карда тавонад, омўхтани компютер кори душвор нест. Исто, Таманно, ба сарам як фикр омад. Биё,  туро ба ягон курси компютеромўзӣ барам.
- Магар ин мумкин аст?
- Чаро не? Як духтари хушсаводу бофаҳму фаросат чаро аз замона қафо монда, дар миёни чор девори холаи Марямаш мешиштааст?
- Ман-ку бо ҷону дил мехоҳам, лекин дар даст на шиноснома дораму на шаҳодатномаи хатми мактаб.
- Барқарор кардани ҳуҷҷатҳои гумшуда аз имкон берун аст магар? Ман бо маслиҳати як шахси боэътимод ба бюрои маълумотдиҳӣ рафта, ҳуҷҷате ба даст овардам, ки мувофиқи он, Имронхоҷаева Таманно Усмонҷоновна, тоҷикдухтар, таърихи таваллудаш – 17 ноябри соли 1969 то имрўз дар қайди хонаи падари хеш аст! Ба ин чӣ мегўйӣ?
Таманно моту мабҳуд буд! Дар даст маълумотнома намедонист, чӣ рафторе кунад. Бихандад? Ё бигиряд? Ҳарчанд лабонаш моили табассум буданд, вале чашмонаш пур-пури об гардиданд ва бо як мижа афшонидан қатраҳои бешумори ашк сарозер рехтанд. Кадбону сари духтархондашро ба сина зер карда мегуфт:
- Гиря кун, ҷони хола. Шарм накуну ашк рез, ки ғубори дилат шуста шавад.
Дар паси гўши Таманно овози малакутие мерасид:

      «Чарх барҳам занам, ар ғайри муродам гардад,
      Ман на онам, ки забунӣ кашам аз чархи фалак!»

                                         Анҷоми қисса
          
                                                               15 августи соли 210







[1] Њаппак-тўб
[2] Мушўд-мешавад (лањљаи Самарќанду Ургут)
[3] Биндї – бинї, димоѓ (лањљаи гуфтугўйии Самарќанду Ургут).
[4] Мардуми омии кўњистон маънои бузурги «Миллату Мињан»-ро чї тангу сода корбаст мекунанд.
[5] Ин байт аз Абдурањмони Љомист
[6] Усул – ин љо ба маънои раќсу бозї, арѓушт.
[7] Бонӣ - меъмор
[8] Сарзада – девона, осемасар, аќлбохта
[9] Ин байт аз Хоҷа Ҳофиз
[10] Њавлиро шакароб задан - ба хотири нахестани гарду чанг пеш аз рўфтан бо панља сабук об пошиданро гўянд.
[11] Болатмирза ва Таус – номњои чиченї ба маънои Пўлодмирзо ва Товус
[12] «Зезаг» (чиченї) муродифи вожаи «гул»-и тољикист.
[13] Курачу цициган йиш - суруди гурбаи нозпарвард.
[14] Аьрзу –шоњин, шањбол, уќоб.
[15] Ишорат ба ќисмати якуми номи Болатмирза аст, ки аз калимаи «пўлод» бошад.
[16] Нана (чиченї) - модар
[17] Дада (чиченї) – падар.
[18] Яъне  чичен њастї.
[19] Сўзан задан – ибораи рехта дар лањљаи тољикони Фарѓона, ба маънои сабр кардан , тањаммул варзидан.
[20] Деда – бобо.
[21] Деваша - амак
[22] Падару модаратон саломат бошанд!
[23] На-дада – зодмандон, падару модар, волидайн
[24]  Ба хонадонатон  имону баракат дињад.
[25] Номњои мардонаи чичениву ингушист, ки одатан бачамурон бо нияти дарозумрии фарзандон мемонанд, яъне тањтуллафз Дукхаваха  «Умри дароз бин» ва Вахийта «Умр бидењ» тарљума мешавад; исми хоси Вахийтаро бо навозиш Ваха низ мегўянд.
[26] Батма - исми занонаи ќирѓизї, ки аслаш Фотима аст.
[27] Шањри Фрунзе – Маркази собиќ Љумњурии Шўравии Сотсиалистии Ќирѓизистон, ки баъди ба истиќлол расидан номи Бишкекро гирифт.
[28] Лапта – як навъ бозии тўпи дастї (вожаи русї)
[29] Денанана - модаркалони падарї
[30] Ненанана - модаркалони модарї
[31] Деца - амма
[32] Неца - хола
[33]  Ашки Марям – гиёњест, ки аз њастаи он тасбењ дуруст кунанд. Шояд ибораи «гули марям» низ аз њамин љо манша гирифта бошад.
[34] «Second hand»- аз ингилисї дар тарљумаи тањтуллафз «Дасти дуюм», фурўшгоњи либосњо истифодашуда.

[35] Доьзал – оила
[36] Зуда – зан, њамсар
[37] Бераш - кўдакон
[38] Марда – хусур, падарарўс
[39] Марнана – хушдоман, модарарўс
[40] Ишорат ба ду зани Хусрави Парвиз; Марям духтари ќайсари Рум (њамсари нахустини Хусрави Парвиз) аз шавњар хиёнат дидааст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий